ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА РИСОЛАТИ ВАТАНДОРИРО ҚАВӢ МЕСОЗАД
Ифтихорманд ҳастем, ки мо, донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо камоли муҳаббат ва садоқат шунида, аз он сабақҳои ҳидоятбор гирифтем, зеро Сарвари давлат ин навбат ҳам ба масъалаи муҳимтарини замони муосир – илм ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баробари таъкид ба нақши меҳварӣ ва калидии соҳа ба мавзуи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ руҷуъ намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки феълан 42 ҳазору 400 донишҷӯи тоҷик дар 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон таҳсил карда истодаанд. Ин ҳарфҳо барои ман ҳамчун як тан аз донишҷӯёне, ки тавассути барномаи байналмилалии “Дурахшандагон” дар кишвари Британияи Кабир таҳсил мекунам, аҳамияти хоса доранд. Дар навбати аввал, ифтихор аз он мекунам, ки ман низ ҷузъи ин шумора – яке аз онҳое ҳастам, ки аз марҳамати Пешвои миллат баҳраманд гардида, дар хориҷи кишвар таҳсил дорам. Таҳсили мо донишҷӯён дар хориҷа ин на танҳо имкони гирифтани таҳсилоти босифат ва баҳраманд гаштан аз тахнология ва усулҳои навини омӯзишии замон, балки масъулияти бузург ҳам аст. Мо, донишҷӯён, на танҳо таҳсил мекунем, балки чуноне Пешвои миллат борҳо таъкид мекунанд: симои кишварамон ҳастем ва фарҳангу анъанаҳои миллиро муаррифӣ менамоем.
Дар суханронии Сарвари давлат аҳамияти маориф ҳамчун омили асосии рушди кишвар таъкид гардид: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад... Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.”
Иқболи баланди мо дар он аст, ки Пешвои миллат рушди маориф ва касби камолоти насли наврасро дар сиёсати худ нақши меҳварӣ бахшидаанд. Дар канори ин, ҳамеша дар фикри имрӯзу фардои мо, ҷавонони мамлакат, ҳастанд. Маҳз фароҳам омадани имконияти таҳсил дар кишварҳои пешрафта барои омӯхтани технологияҳои муосир ва гирифтани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дарҳоро боз мекунад. Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, барои мо имтиёзи шоистае ҳаст, ки бояд ба қадри он расида, барои таҳсили пурвусъат ва омӯзиши ҳамаҷонибаи донишҳои муосир талош варзем, то чун мутахассисони варзида баргашта, ба Ватан хидмат намоем.
Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат ва имкониятҳои фароҳамомада ҳазорон ҷавонони тоҷик метавонанд орзуҳои худро дар бораи таҳсилот дар хориҷи кишвар амалӣ кунанд. Тавре таъкид гардид, танҳо дар даврони соҳибистиқтилолии кишвар беш аз 110 ҳазор ҷавонони тоҷик аз чунин имкониятҳо баҳраманд гардиданд. Чунин сармоягузорӣ ба ҷавонон ба хотири фардоофаринӣ воқеан, пеш аз ҳама, гарави ояндаи дурахшони худи онҳо ва, дар умум, кишвари азизи мост. Муваффақияти мо на танҳо дастоварди шахсӣ, балки нишондиҳандаи сатҳи матлуби кишвари мо дар самти тарбияи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ аст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бар асоси барномаҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат имтиёзҳоеро ҷорӣ кардаанд, ки на дар ҳар кишваре дида мешавад. Ин амр воқеан рамзи саодат ва хушбахтии мост ва бояд ба қадри он бирасему шукргузор бошем, ки аз чунин меҳрубониҳои сатҳи баланди давлатӣ баҳраманд ҳастем.
Суханони Пешвои муаззами миллат ба мо илҳом бахшида, хотиррасон мекунанд, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар рушди Тоҷикистон то чи андоза муҳим аст. Гузашта аз ин, Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Рисолати аслӣ ва вазифаи муқаддаси мо сазовор будан ба ин боварии бузург аст.
Анушервон НУРЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи Солфорди шаҳри
Манчестери Британияи Кабир аз
ҳисоби стипендияи байналмилалии
президентӣ “Дурахшандагон”