БАРНОМАИ ПЕШРАФТ. ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ПАЁМ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2024) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки барои боз ҳам рушд ёфтани тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём бори дигар таъкид сохтанд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, тайи сию се соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд ёфт, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Илова бар ин, танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёд ва таҷдиду навсозӣ шуданд.
Сарвари кишвар тазаккур доданд, ки мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбияи онҳо вазифаи мову шумост. Дар робита ба ин, Ҷаноби Олӣ аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва суди онҳо ёдовар шуда, гуфтанд, ки дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан наврасону ҷавонон, ширкат варзида, қариб 1000 каси онҳо соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат оид ба мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа изҳори андеша намуда, қайд карданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон, иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мақоми онҳо маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони мо ояндаи дурахшон дорад, зеро сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат моро ба шоҳроҳи ормон раҳнамун сохтааст ва самараашро мо бо чашмони хеш мебинем. Дар пайравӣ ба ин сиёсати созанда мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Ба ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зикр намуданд, ки ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам, зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам. Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем.
Наимзода Дилором НАИМ,
муовини директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон