ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. МО ВА ОЯНДАИ МО

ПАЁМ. МО ВА ОЯНДАИ МО

16 январ 2025, Панҷшанбе
13
0


Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2024 дар ҷаласаи якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  мамлакатро дар давраи имрӯзу оянда ба таври мукаммалу возеҳ муайян намуд. Зикр гардид, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар соли 2024 ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонда шуд. 

Дар Паём тамоми паҳлуҳо, самтҳо, вазифаҳо, ташаббусҳо, иқдомҳо, роҳнамоиҳо, уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳою мушкилоти давлату Ҳукумат, ҷомеа, ҷаҳони муосир ва шаҳрвандон, хусусан ҳадафҳои стратегии мамлакат ба таври ҳақиқӣ инъикос гардиданд.
Ҳадафи якуми стратегӣ ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад. Новобаста ба он ки ду соли охир дар мамлакат пайиҳам хушксоливу камобӣ ба вуҷуд омад, вале имрӯз зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маҳз бо шарофати заҳмати кишоварзон таъмин гашт ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд.
Пешвои миллат зикр карданд, ки нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 сол аз соли 2019 то соли 2024-ум 1,9 баробар афзуд. Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, ки таъсири худро ба болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон мерасонад, пешниҳод гардид, ки Барномаи амнияти озуқавории мамлакат барои 5 соли оянда қабул ва амалӣ карда шавад. 
Ҷойи шубҳа нест, ки мо солҳои пеш миқдори ниҳоят зиёди гӯшти парандаи пастсифатро аз дигар давлатҳо ворид менамудем. Имрӯз бошад, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати  мамлакат, гӯшту тухми парандаи истеҳсоли худӣ аз нигоҳи экологӣ тоза ва серғизо буда, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ҳадафи дуюми стратегии мамлакат расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, ки бо мақсади расидан ба ин ҳадаф дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, зеристгоҳҳои баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид, дар маъмуъ 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ шуд. Иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат бо таҷдиду навсозии неругоҳҳои Норак ва Қайроққум дар соли ҷорӣ 180 мВт зиёд мегардад. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонии НБО Роғун ба анҷом расонда шудааст. 
- Аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад, - зикр гардид дар Паём.
Мо бояд ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ масъулияти ҷиддӣ дошта бошем ва ба талафоти он роҳ надиҳем. 
Ҳадафи дигари стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ  мебошад. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ гуфтанд: “Соли 2024-ум 155 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба истифода дода шуданд, аз ҷумла роҳҳои мошингарди Роғун – Оби Гарм – Нуробод, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара бунёд гардида, навсозии роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор оғоз гардид”.  
Дар ҳақиқат, амалӣ гардидани ҳадафи муҳими стратегии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ имкон дод, ки мо бо кишварҳои минтақа, Осиё, Аврупо ва дигар минтақаҳо рафту омад дошта бошем ва ба ин васила ҳамлу нақли маҳсулоту масолеҳи заруриро ба роҳ монем. 
Натиҷаи ҳамин аст, ки тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ аз рӯи сифати роҳҳо дар байни 166 давлат аз зинаи 50 ба зинаи 44-ум баромад. 
Дар баробари таҳлилу баррасии дастовардҳои соҳаҳои гуногун, Сарвари давлат барои рушди бештари соҳаҳои хоҷагии халқ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи сокинони кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд. Агар дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат иҷро шаванд, мардум ба ҳунар ё шуғле фаро гирифта шаванд, сатҳи камбизоатӣ аз 21%-е, ки дар Паём ишора гардид, боз ҳам паст мегардад. Дар робита ба ин, пешниҳод шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун ба андозаи 20-30 фоиз зиёд карда шавад. 
Мо – шаҳрвандони кишвар, вазифадорем, ки ҷавобан ба пуштибониҳо, ғамхориҳо ва таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои шоён истиқбол гирем.  
 
Асомуддин АЗИЗОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Данғара

Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив