СОКИНШАВИИ АҲОЛӢ ВА ЧАНД МУШКИЛИ ДЕҲОТ
Имрӯзҳо дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди мамлакат бисёр деҳаҳо ободу зебо шудаанд. Дастрасии аҳолӣ ба тамоми хизматрасониҳо беҳтар гардида, баъзе деҳаҳо қариб ки аз шаҳрак камӣ надоранд. Вале, бо вуҷуди ин, теъдоди зиёди одамон аз деҳа ба шаҳрҳо мекӯчанд ва шаҳрро муваққатан ё доимӣ макони зисти худ қарор медиҳанд. Баъзеҳо, баръакс, дар бораи тамоман аз шаҳр ба деҳа кӯчидан фикр мекунанд, зеро дар он афзалиятҳои зиёде, ба монанди боду ҳавои тоза, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва амсоли инҳо мавҷуданд. Вазъи демографии баамаломада, пеш аз ҳама, ба мушкили сарборӣ ба шаҳрҳо ва истифода нашудани иқтидори рушди деҳот оварда мерасонад, ки аз масъалаи мубрам боқӣ мемонад.
Чун қоида, баъзе одамон деҳаро тарк мекунанд, ба шаҳрҳо барои таҳсил ва ё кор мераванд. Ва ин интихоб аз бисёр ҷиҳат дуруст аст, зеро дар деҳот баъзан кори пурдаромад ёфтан номумкин буда, ин ҳолат барои инкишоф ва пешрафти ҳамаҷонибаи шахс монеа эҷод мекунад.
Аз ҷониби дигар, вазъи баамаломада ба тараққиёти деҳот ва иқтисодиёти он таъсири манфӣ мерасонад. Агар соҳаи кишоварзиро гирем, дар ин ҷо аз фаъолияти чорводорӣ ва дигар самтҳои он даромади хуб гирифтан мумкин аст. Аз як истеҳсоли шир дар маҳалҳо метавон чанд намуди маҳсулот тайёр карда, манфиат овард, Вале, ба иттилои Агентии омор, дар ҳудуди мамлакат аз як сар гов соле ба ҷойи 5-6 тонна ҳамагӣ 1,6 тонна шир дӯшида мешавад, ки боиси нигаронист.
Ё ин ки бо истифодаи дуруст ва оқилонаи захираҳои табиии кишвар, ки аксар дар минтақаҳои кӯҳистон ҷойгиранд, вазъи деҳотро боз ҳам беҳтар кардан мумкин аст. Вале…
Хушбахт Самиев, яке аз хоҷагидорон дар вилояти Хатлон, изҳор намуд: «Деҳаҳо ҳам мисли одамон сарнавишти гуногун доранд. Гуфта метавонам, ки деҳаҳои мо имрӯз хеле обод шудаанд. Мактабҳои замонавӣ, хонаҳои хушсифати ду-сеошёна бунёд шуда истодаанд. Ин маънои онро дорад, ки сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст. Вале, бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам иқтидори рушди деҳот ба таври зарурӣ истифода нашуда, фаъолияти хоҷагидорӣ қонеъкунанда нест ва ҳайвоноти хонагӣ, ба монанди мурғу чорвои калону майда, кам парвариш мешаванд. Дар хотир дорам, ки як вақтҳо дар деҳаамон қариб ҳама чорвои калон дошт. Рамаҳои ҳайвонот бисёр буданд ва сокинон бо навбат вазифаи чӯпониро иҷро мекарданд. Имрӯз дар деҳа ду рамаи хурд боқӣ мондааст. Шарҳаш одӣ: нигоҳубини чорво ва паранда душвор ва гарон шуда, як сокини деҳоти имрӯза аз мағоза ба осонӣ харидани маҳсулотро афзалтар медонад, аз он ки барои парвариши гову гӯсфанд заҳмат кашида, вақт сарф кунад».
АЗ АФЗОИШИ АҲОЛӢ ТО НОБАРОБАР ТАРАҚҚӢ КАРДАНИ МИНТАҚАҲО
Албатта, дар ҳудуди ҷумҳурӣ новобаста аз кӯчиши аҳолӣ аз як ҷо ба ҷойи дигар шумораи аҳолии деҳот рӯ ба афзоиш дорад. Махсусан, аҳолии қобили меҳнат дар деҳот кам нашуда, баръакс меафзояд.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2023 шумораи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот 4019754 нафарро ташкил додааст. Дар давраи солҳои 2000-2023 шумораи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот 1743876 нафар афзудааст. Дар давраи солҳои 2000-2022 шумораи аҳолии қобили меҳнат дар шаҳрҳо 93,4 дарсад афзудааст.
Таҳлили ин маълумоти расмӣ нишон медиҳад, ки новобаста ба суръати бештар гирифтани шаҳрнишинӣ ва афзоиши шумораи аҳолии шаҳрҳо, аҳолии қобили меҳнат дар деҳот босуръат меафзояд (ба ҳисоби миёна 75800 нафар ҳамасола). Ин вазъият тақозо менамояд, ки дар деҳот ҷойҳои нави кории зиёд ташкил карда шавад. Хусусан, дар доираи ташаббусҳои саноатикунонии босуръат сохтмони корхонаҳои саноатӣ бештар дар деҳоти дорои аҳолии бештар ба нақша гирифта шаванд. Афзоиши бекорӣ дар деҳот имкон намедиҳад, ки иқтидори рушди деҳаҳо пурра истифода шавад. Агар рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот баробар роҳандозӣ нагардад, дар он сурат тараққиёти нобаробари минтақаҳо суръат меёбад.
МУШКИЛОТИ АСОСӢ
Мутахассисони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ иброз доштанд, ки афзоиши аҳолӣ дар деҳот барои равнақ ёфтани баъзе бахшҳои хоҷагии қишлоқ, хусусан чорводорӣ, монеа шуда метавонад. Аз тарафи дигар, як гурӯҳи аҳолӣ ба деҳаҳое кӯчидан намехоҳанд, ки дар он ҷой имконияти зиёди кишоварзию чорводорӣ фаровонтар мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар масъалаи ҷомеасозии имрӯза муҳимтарин масъала ин сокиншавии аҳолӣ мебошад. Мушоҳида мегардад, ки кӯчиши аҳолӣ ба шаҳрҳо ва баръакс аз шаҳрҳо ба деҳоти кӯҳистон ва деҳаҳои калон афзуда, дар натиҷа шумораи деҳаҳои хурд дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон зиёд мешаванд. Ин ҳолати печида сарбории иҷтимоӣ ва молиявии давлатро зиёд менамояд, чунки барои аҳолии нав сохтани роҳ, муассисаи таълимӣ, беморхона ва дигар инфрасохтор ба миён меояд.
Инчунин, омилҳои дигари таъсиррасон ба ҳаёти деҳот монеаи пешрафт гардидаанд. Пеш аз ҳама, таназзули замин омили муҳими кӯчиши аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ҳарчанд таъсири он бавосита мебошад. Деградатсияи замин якҷо бо фишори афзояндаи антропогенӣ, ки дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва зичии аҳолӣ ба вуҷуд меояд, боиси коҳиши мавҷудияти захираҳои ҳосилхези замин ва об, паст шудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво мегардад. Илова бар ин, аз ҷониби шахсони алоҳида гирифтани заминҳои калони киштшаванда ва чарогоҳ ба сокинони деҳот чандин мушкилот ба миён овардааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ дастрасӣ ба чарогоҳҳо мушкил шуда, аз ин ҳисоб ҳавасмандии онҳо дар парвариши чорво кам гардидааст.
Дар маҷмуъ, фаъолияти ҳаётии деҳот на танҳо аз ҳисоби фаъолияти бахши аграрӣ, балки бо роҳи фароҳам овардани шароит ва кор карда баромадани механизмҳои самарабахши тараққиёти иқтисодиёти деҳот таъмин карда мешавад. Иқтисодиёти деҳот ҳамчун системаи соҳаҳо ва намудҳои фаъолияти иқтисодие, ки бо истифода аз захираҳои табиӣ амал мекунад, асоси баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва рушди устувори он мебошад. Аз ин рӯ, дар ин самт андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи деҳот хеле муҳим аст. Ҳоло аҳолии деҳот низ метавонад дар баробари фаъолияти хоҷагидорӣ бо истифодаи самаранок ва оқилона аз технологияҳои муосир фаъолияти онлайнӣ дошта бошад ва маблағи иловагӣ дарёфт кунад. Муҳим он аст, ки дастрасӣ ба Интернет дар деҳаҳо беҳтар ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад, аҳолии деҳотро зарур аст ба донишандӯзӣ ва малакаи касбӣ бештар фаро гирифта шавад.
Интихоби ҷойи зист, албатта, ба хоҳиш ва тарзи ҳаёти ҳар як шахс бастагӣ дорад. Вале деҳаҳо бояд ҳифз карда шаванд, то аз байн нараванд, зеро маҳз деҳаҳо дар рушди маънавии мо, аҳли ҷомеа ва давлат нақши бузург мебозанд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12