ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ ҚОИДАҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ, КИ РӮЙХАТИ НОМЗАДҲОРО ПЕШНИҲОД НАМУДААНД
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор барои дастрасии умум расман интишор карда шуда, ҳамзамон дар сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонБ. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонН. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 13 январи соли 2025, № 50
Бо қарори
Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 январи соли 2025, № 50
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ
ГУЗАРОНИДАНИ ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ, КИ РӮЙХАТИ НОМЗАДҲОРО ПЕШНИҲОД НАМУДААНД
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд (минбаъд – ҳамин Қоидаҳо) тартиби ташкил ва гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, иштироки комиссияҳои интихобот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандонро дар ташкил ва гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, муайян менамояд.
2. Ҳамин Қоидаҳо бо мақсади ташкили шароити мусоид ва баробар барои тарафҳои раванди интихобот дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ, истифодаи дурусти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои интихоботии байналмилалӣ дар ин самт таҳия карда шудаанд.
3. Давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмин менамояд.
4. Комиссияҳои интихобот тибқи тартиби муқарраршуда ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ назорат мекунанд.
2. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ
ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ
5. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
6. Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии онҳо, ҳамчунин барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба тарафдорӣ ё зидди ин, ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.
7. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
- аз тариқи воситаҳои ахбори омма;
- гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон, ташкили баҳсу мунозираҳо);
- нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ;
- дигар шаклҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст.
8. Воситаҳои ахбори омма мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд. Матбуоти даврӣ, мувофиқи Қонуни мазкур рӯзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, солнома ва маҷмуаву бюллетенҳое мебошанд, ки номи доимӣ, рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба табъ мерасанд.
9. Ба номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ барои истифодаи воситаҳои ахбори омма шароитҳои баробар кафолат дода мешаванд.
10. Ҳар як номзад, ҳизбҳои сиёсӣ барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ ба вақти эфири ройгон ҳуқуқ доранд.
11. Ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандатӣ барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 20 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа ба истифодаи вақти эфири ройгон ҳуқуқ дорад.
12. Ҳар як номзад ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд, ҳамчунин аз рӯйи шартнома аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар асосҳои баробар ташвиқоти пешазинтихоботӣ баранд. Пардохти вақти эфирӣ дар радио ва телевизион барои ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд ягона бошад
13. Хабарнигорон, дигар кормандони эҷодӣ, ҳамчунин шахсони мансабдори идораҳои воситаҳои ахбори омма, ки онҳо номзад ва ё шахсони боэътимод мебошанд, наметавонанд дар инъикоси ҷараёни интихобот аз тариқи ин воситаҳои ахбори омма иштирок намоянд. Ин қоида ба баромадҳои ташвиқотии шахсони мазкур дар мавриди ройгон истифода намудани шабакаҳои радиотелевизионии давлатӣ ва маҳаллӣ аз тарафи номзад дахл надорад.
14. Номзадҳои бақайдгирифташуда дар матбуоти даврии давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ метавонанд маводи чопии ташвиқотиро дар ҳаҷми то 8 саҳифаи чопи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 ройгон чоп кунанд.
15. Дар ҳолати аз меъёри дар банди 14 ҳамин Қоидаҳо пешбинишуда зиёд чоп намудани маводи чопии ташвиқотӣ, номзадҳои бақайдгирифташуда метавонанд маводи чопии мазкурро дар матбуоти даврии давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин дар дигар матбуоти даврӣ дар асоси шартнома чоп кунанд. Нархнома ва ҳаҷми чопи чунин мавод бояд барои ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда як бошад ва ба ягон номзад бартарият пешниҳод нашавад.
16. Номзад ва ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд мустақилона шаклҳо ва хусусияти ташвиқоти худро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоянд. Дар ташвиқоти пеш аз интихобот аъзои комиссияҳои интихобот, иттиҳодияҳои динӣ, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, мушоҳидони байналмилалӣ иштирок карда наметавонанд.
17. Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ иштироки намояндагони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд манъ аст.
18. Комиссияҳои ҳавзавии интихобот, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, бояд дар ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон, ташкили баҳсу мунозираҳо мусоидат намоянд.
19. Комиссияи ҳавзавии интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузаронидани ин вохӯриҳо мусоидат мекунанд, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳали вохӯриҳо пешакӣ хабар медиҳанд ва дигар чорабиниҳои заруриро амалӣ мекунанд.
20. Кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд дар вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон раисӣ кунанд.
21. Дархости комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи ройгон ҷудо намудани биноҳое, ки дар идоракунии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ қарор дошта, барои гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон мувофиқат мекунанд, бояд дар муддати се рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
22. Дар ҳама ҳолат комиссияҳои ҳавзавии интихобот уҳдадоранд барои ҳамаи номзадҳо ҳангоми гузаронидани маъракаҳои оммавӣ шароити баробар муҳайё намоянд.
23. Номзадҳои бақайдгирифташуда ҳуқуқ доранд маводи чопии ташвиқотиро нашр ва паҳн намоянд.
24. Ба маводи чопии ташвиқотӣ варақаҳо, брошюраҳо, плакатҳо, календарҳо, чопи тарҷимаи ҳол бо барномаи фишурдаи пешазинтихоботии номзад, буклет дохил мешаванд.
25. Тамоми маводи чопии ташвиқотии дар банди 24 ҳамин Қоидаҳо пешбинишуда бояд ном ва суроғаи ташкилоте (насаб, ном, номи падар, ва суроғаи зисти шахсоне), ки маводи чопиро омода намудаанд, номгӯйи ташкилоте (насаб, ном ва номи падари шахсе), ки таҳияи маводҳои чопии мазкурро супориш додааст, инчунин маълумот дар бораи шумора ва рӯзи чопи ин маводҳоро дошта бошанд.
26. Намунаи маводҳои чопии ташвиқотӣ ва ё нусхаҳои онҳо, ки дар банди 24 ҳамин Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд, то оғози паҳн намудани онҳо бояд ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои ҳавзавии интихоботии дахлдор, ки номзадҳоро ба қайд гирифтаанд, пешниҳод карда шаванд. Ҳамроҳи маводи мазкур ба комиссияҳои интихоботии номбурда маълумот дар бораи маҳали ҷойгиршавии ташкилоте (насаб, ном, номи падар ва суроғаи зисти шахсоне), ки маводи мазкурро омода ва чоп кардааст, бояд пешниҳод гарданд.
27. Таҳия ва паҳн кардани маводи чопии таблиғотӣ бе риояи талаботи бандҳои 25 ва 26 ҳамин Қоидаҳо манъ аст.
28. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди комиссияҳои интихобот уҳдадоранд ҷойҳои махсусро барои овезаҳои маводи чопии ташвиқотӣ пешбинӣ намоянд. Ба номзадҳои бақайдгирифташуда барои насб кардани маводи болозикр бояд шароити баробар муҳайё карда шавад.
29. Маводҳои чопии ташвиқотӣ, ки иловатан ба маводҳои дар банди 28 ҳамин Қоидаҳо пешбинишуда паҳн карда мешаванд, дар дохили бино, девори биноҳо ва дигар иморатҳо танҳо бо розигии соҳибмулкон насб карда мешаванд.
30. Маводҳои чопии ташвиқотиро дар биноҳои муассисаҳои динӣ, ҳайкалҳо, навиштаҷот ва иморатҳое, ки аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ доранд, дар биноҳои ҷойгиршавии комиссияҳои интихоботӣ, даромадгоҳи онҳо ва дар биноҳои овоздиҳӣ насб кардан мумкин нест.
31.Пардохти хизматрасониҳо ҳангоми ташвиқоти пешазинтихоботӣ (ҷудо намудани вақти эфирӣ, таҳия ва нашри маводи чопии ташвиқотӣ), ки дар асоси шартномаҳо амалӣ мегарданд, танҳо ба воситаи фонди пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва ҳизбҳои сиёсӣ амалӣ карда шуда, аз дигар ҳисобҳо маблағгузорӣ манъ аст.
32. Ба инобат бояд гирифт, ки бо риояи қонунгузории интихобот интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир ба сифати василаи фаъоли ташвиқотӣ истифода мешаванд.
33. Ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ бояд одоби муошират ва эҳтироми номзадҳо (ҳизбҳои сиёсӣ)-и дигар ва талаботи қонунгузорӣ дар ин бора ҳатман риоя карда шаванд.
3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
34. Воситаҳои ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд ба нашри ахбороте, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори кории номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд.
35. Ҳангоми нашри натиҷаи пурсиши афкори умум вобаста ба интихобот воситаҳои ахбори омма вазифадор ҳастанд ташкилотеро, ки пурсиш гузаронидааст, вақт ва ҷой, шумораи пурсидашудагон, тарзу усули ҷамъоварии маълумот, баёни дақиқи савол, арзёбии омории саҳву хатоҳои эҳтимолиро нишон диҳанд.
36. Дар давоми панҷ рӯзи пеш аз овоздиҳӣ, ҳамчунин дар рӯзи овоздиҳӣ дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани натиҷаи пурсиши афкори умум, пешгӯиҳои натиҷаи интихобот ва дигар тадқиқотҳои вобаста ба интихобот мумкин нест.
37. Дар вақти бурдани ташвиқот истифодаи усулҳои маҷбуркунии руҳӣ, ҷисмонӣ, динӣ, суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ташвиқоте, ки ҳисси бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллиро бедор мекунанд, ба ғасби ҳокимият, зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ, вайронкунии тамомияти кишвар даъват менамоянд, ташвиқоти ҷанг ва дигар шаклҳои суиистифодаи озодии воситаи ахбори омма, ки қонунҳои Тоҷикистон манъ кардаанд, иҷозат дода намешавад.
38. Вайрон намудани талаботи моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамин Қоидаҳо барои бекор кардани қарор оид ба бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) асос мешавад.
Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)