ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИБНИ СИНО ВА АБУБАКРИ РОЗӢ САРОМАДОНИ ИЛМИ ФИЗИКА

ИБНИ СИНО ВА АБУБАКРИ РОЗӢ САРОМАДОНИ ИЛМИ ФИЗИКА

16 январ 2025, Панҷшанбе
23
0


Абдулҳай Комилӣ. Ба шарофати ҷустуҷӯҳои пайваста ва пажӯҳишҳои тозаи ин олими номдори кишвар, акнун ҷанбаи дигари фаъолияти ду нобиғаи илми тоҷик: Абуалӣ ибни Сино ва Абубакри Розӣ ба ҷаҳониён пешкаш гардид. Профессор Абдулҳай Комилӣ бо далелҳои муътамад собит сохт, ки онҳо дар баробари файласуфу табибу химик (Ибни Сино табъи шоирӣ низ дошт) будан, аз саромадони илми физика низ ба шумор мераванд.

«ФИЗИКАИ ИБНИ СИНО» БА ИМА РАСИД 
Асари арзишманди ин олими барҷаста «Физикаи Ибни Сино», ки соли 1999 аввалин маротиба дар Россия нашр гардида, баъдан, се маротиба дар Тоҷикистон рӯйи чоп омада буду соли 2013 дар шаҳри Бишкек низ қирғизҳо онро нашр карданд, акнун дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чопи англисиаш дастраси ҷомеаи илмӣ шуд. Ин падидаи фараҳбахш дар илми тоҷик аст, ки ба шарофати заҳматҳои  бурдборонаву пуртаҳаммули донишманде чун устод Комилӣ ҷаҳонӣ мешавад. 
«Ҷанбаҳои тиббӣ, фалсафӣ, шоирӣ ва адабиётшиносии Ибни Сино то андозае омӯхта шудаанд, ҳарчанд ҳанӯз пурра набошад ҳам. Лекин физикаи олим аввалин маротиба дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯхта шуд ва далелҳо ҳам ҳастанд, ки Ибни Сино ҳамчун физик қабл аз аврупоиён, 600 сол пеш, суръати нурро бо суръати садо муқоиса карда, дар соҳаи акустика исбот намуда буд, ки шахси дар боло буда, садои нафари дар поён истодаро хубтар мешунавад. Ё чаро ҷисм паси булӯри мудаввар чаппа намудор мешавад. Ва чандин масъалаҳои дигар, ки то ҳол касе наомӯхта буд. Ҳарчанд дар бораи Ибни Сино мақолаҳо буданд, фаъолияти ӯ ҳамчун физик омӯхта нашуда буд», - иброз медорад олим. 

«АБУБАКРИ РОЗӢ БОЯД АСОСГУЗОРИ ФИЗИКАИ КЛАССИКИИ ТОҶИК  БОШАД»
Тавре аз суҳбат бо пажӯҳишгар бармеояд, Абубакри Розӣ аз физикҳои машҳур аст, ҳарчанд ин ҷанбаи фаъолияташ паси парда мондаву ӯро ҳамчун «падари химия» мешиносанд.  Устод Абдулҳай Комилӣ аз натиҷаи ҷустуҷӯҳояш дар бораи Розӣ чунин мегӯяд: 
– Агар мо осори Абубакри Розиро аз назар гузаронем, ҳамагӣ 22 асар дар бораи химия дорад. Бо 22 асараш тавонист лақаби «падари илми химия»-ро сазовор шавад. Аммо омӯзиш нишон дода, ки олими фарҳехта 33 асар дар бораи физика дорад, вале касе ин паҳлуи таҳқиқоти илмии Абубакри Розиро наомӯхтааст. Ман шахсан фикр мекунам, ки агар Муҳаммади Хоразмӣ асосгузори алгебра, Ибни Сино, дар баробари Буқрот, дар олам ҳамчун “падари илми тиб” шинохта шавад, пас Абубакри Розӣ бояд асосгузори физикаи классикии тоҷик эътироф гардад. Ҳамзамон, бояд таъкид сохт, ки Абубакри Розӣ рисолаи махсусе бо номи  «Тарозуи физикӣ» («Мизон-ут-табиийа») дорад.

ПАҲЛУИ НАВИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ  ХАЙЁМ ОШКОР МЕШАВАД
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро то ҳанӯз ин паҳлуҳои муҳими илмии Ибни Сино ва Розӣ наомӯхта монданд? Профессор Абдулҳай Комилӣ инро ба норасоии мутахассисон рабт медиҳад. Масалан, олимоне бояд ба чунин корҳо машғул шаванд, ки ҳам аз илмҳои шарқшиносӣ огоҳӣ дошта бошанду ҳам аз илмҳои табиатшиносӣ. Аммо чунин ашхос на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дунё ангуштшуморанд. 
Қобили зикр аст, ки китобҳои  профессор Абдулҳай Комилӣ «Физикаи Ибни Сино» ва «Физикаи Абубакри Розӣ» дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ талабгорони зиёд доранд. Асарҳои ӯ дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар Франкфурту Пекин, Москваю Минск ва Истанбул ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Айни замон қаринаи илмӣ-оммавии китоби «Физикаи Ибни Сино» омода мешавад. Ҳамзамон, олим ба пажӯҳиши физикаи Умари Хайём машғул аст ва ба андешаи ӯ, аввалин маротиба масъалаҳои физикаро ба воситаи математика маҳз Умари Хайём баён намуда буд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив