МАСЪУДИ ПИЗИШКИЁН ДАР ТОҶИКИСТОН
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
16-уми январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ
Пас аз маросими истиқбол, баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи сарварони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри миллат идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”. Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”. Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ гашт.
Зимни музокирот маҷмуи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.
Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз зарфиятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос, ба нафъи ҳар ду ҷониб номида шуд. Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон 160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2 баробар афзуд.
Фаъолгардонии бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, кори мунтазами Шуро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 ва нақшаи роҳи иҷрои он муҳим дониста шуд.
Ба зарурати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, мусоҳибон тавсеаи минбаъдаи равобити байнипарлумониро ангезаи муҳими қаробату наздикии бештари ду ҷониб арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмиву фарҳангиро муҳим дониста, алоқамандии худро ба роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи арзишҳо ва мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ баён доштанд.
Табодули андешаҳо, ҳамчунин, атрофи мавзуъҳои гуногуни ҳамкорӣ доир ба масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯст ҷараён гирифт. Дар ин робита, зарурати ҳамкории ҳамоҳанг дар минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберӣ таъкид гардид.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ
16-уми январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии ду мамлакати ба ҳам дӯст бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарварони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён имзо гузоштанд.
Дигар санадҳои имзошуда инҳоянд:
– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;
– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;
– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;
– Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;
– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фановарии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;
– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.
Изҳороти матбуотии сарварони давлатҳо
16-уми январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён, пас аз мулоқоту музокирот ва маросими имзои санадҳо, барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва раванди таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи ҷанбаҳои мавриди назар изҳори қаноат карданд. Аз ҷумла, аз лағви низоми раводид миёни ду кишвар истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом барои густариши робитаҳо дар ҳамаи самтҳо судбахш хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён, дар навбати худ, аз фазои гарми истиқболу меҳмоннавозии ҷониби мо ва ҷараёни нахустин боздидашон аз Тоҷикистон, ки ба унвони сафари давлатӣ сурат мегирад, баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳар ду ҷониб пурсамар хоҳад буд.
Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ,
сармоягузорӣ ва гардишгарӣ
Нимаи дуюми рӯзи 16-уми январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бинои Маркази оши шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки дар он сарварони ҳар ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштироки сарварони ду давлат дар ҳамоиш худ бозгӯй аз аҳамияти бориз ва авлавият доштани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ дар маҷмуи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён, ҳайати ҳамроҳони ӯ ва ҷамъи тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорони эрониро ба Тоҷикистон ва ба ин ҳамоиши басо муҳим хайрамақдам гуфта, муҳимтарин имкону афзалиятҳои гардишгарӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кишвари моро муаррифӣ намуданд. Тавре зикр гардид, соли 2024 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад нисбат ба соли 2023 афзуд, ки “аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли "энергияи сабз" ва рушди "иқтисоди сабз", роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, ҳозиронро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмуъ, беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқӣ, муқаррар кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён, дар навбати худ, омодагӣ ва алоқамандии Ҳукумат ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эронро ба таҳким ва густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид сохта, ҳар ду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон 15-уми январ бо муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16-уми январ бо ҳузури сарварони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт.
Аз рӯйи натиҷаҳои чорабиниҳои мазкур, 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
ДАР ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ФАЗОИ МУНОСИБИ ИҚТИСОДӢ БАРОИ САРМОЯГУЗОРОН ФАРОҲАМ ОВАРДА ШУДААСТ
Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон, шаҳри Душанбе, 16-уми январи соли 2025
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон!
Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён, бародари азиз!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳузури шуморо дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон хайрамақдам мегӯям. Мусаллам аст, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони кишварҳои мо нақши хеле муҳим доранд. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад дар соли гузаштаи милодӣ дар муқоиса бо соли 2023 аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад.
Музокироту суҳбатҳои имрӯзаи мо бо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Масъуди Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори ризоят менамояд. Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем.
Татбиқи тарҳҳои Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, нақби “Истиқлол” ва чанде аз лоиҳаҳои дигари хурду миёна аз дастовардҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Эрон ҳастанд. Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат миёни ду кишвар ва ду миллат мусоидат мекунанд. Итминон дорем, ки татбиқи амалии Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030 натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин, дигар абзорҳои муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шурои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ, метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Рӯзи гузашта дар ҳошияи сафари давлатии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе муколамаи намояндагони бахши хусусии ду кишвар доир гардид. Дар чорчӯби ин ҳамоиш ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллари ИМА ба имзо расонданд, ки худ боз як гувоҳи мавҷудияти имкониятҳои фарох барои ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои мо мебошад.
Дӯстони гиромӣ!
Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об, бо имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ, дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст. Ҳамзамон, дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти хоса дода шудааст.
Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба "иқтисоди сабз" мебошад. Вобаста ба ин, зарфиятҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли "энергияи сабз" ба шумор мераванд, имконоти фаровонро пешниҳод мекунад.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Имрӯз ҳамагӣ 5 дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифтааст ва 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.
Тоҷикистон нақша дорад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли энергияро, тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитзистӣ, то ду баробар афзоиш диҳад. Итминон дорем, ки иқтидори бузурги "энергияи сабз"-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон, истифода шавад.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) интихоб намудем. Кишварҳои ҳавасманд метавонанд дар бахшҳои гуногуни саноат ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин радиф, саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва бофандагӣ, кимиё ва дорусозӣ, инчунин, истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ҷумлаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар ин соҳаҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Дар баробари ин, бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо назардошти иқлими мусоид ва захираҳои фаровони об, яке аз самтҳои ояндадор ба шумор меравад. Ҳамкорӣ дар самтҳои парвариш, коркард ва содироти меваю сабзавот, пунба (пахта) ва пиллаи абрешим, соҳаҳои боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ аз лиҳози иқтисодӣ судовар хоҳад буд. Дар ин замина, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва марказҳои логистикӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Мо, инчунин, барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони эронӣ дар рушди бахшҳои молиявӣ ва бонкдорӣ манфиатдор ҳастем.
Соҳаи гардишгарӣ низ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад. Мо барои рушди инфрасохтори гардишгарӣ ва истифодаи иқтидори бузурги он, бахусус гардишгарии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва солимгардонӣ, ҳавасмандем. Ҷорӣ намудани низоми лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар дар муддати 30 рӯз заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ин соҳа фароҳам овардааст.
Дӯстони гиромӣ!
Дар баробари имконоту зарфиятҳои мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмуъ, беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқиро муқаррар намудааст. Ҳамчунин, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст. Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд.
Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат, ҳамаи шуморо барои ҳамкориҳои созанда ва роҳандозии тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям. Ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи кишварҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихиву фарҳангӣ бархӯрдоранд.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳад кард. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи шумо – меҳмонони арҷманд, муколамаи созанда ва иқомати бофароғатро дар Тоҷикистон орзу дорам.