ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба фардои дурахшон» 

«Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба фардои дурахшон» 

20 январ 2025, Душанбе
16
0


Таҳти ҳамин унвон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов ҳамоиши илмӣ доир гардид. 
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ба хотири ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ва муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ, ба вазорату идораҳои мухталиф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Намояндаи Тоҷикистон брифинги Хазинаи нуфуси СММ-ро раисӣ намуд
Брифинги ғайрирасмии Хазинаи нуфуси СММ оид ба ташаббуси самаранокии фаъолияти қароргоҳи Хазинаи нуфусро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмон Ҷонибек Ҳикмат раисӣ намуд.
Дар он роҳбарияти Хазина дар бораи талошҳо оид ба татбиқи ташаббуси мазкур гузоришҳо манзур намуда, пас аз он муколамаи  интерактивӣ бо давлатҳои аъзои Шурои иҷроия анҷом доданд.


Муаррифии иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон 
«Тибқи таҳлилҳо, иқтидори аз лиҳози иқтисодӣ асосноки неруи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон 369 600 мВт ва неруи барқи бодӣ 4 485 мВт-ро ташкил медиҳад». Ин нуктаро  вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар  Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон иброз дошт.
Аз Вазорат иттилоъ доданд, ки Далер Ҷумъа  аз захираи бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки мамлакати мо дорои захираҳои бузурги энергияи офтобӣ ва бодӣ низ мебошад, ки то кунун истифода нашудаанд.


Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбари бахши ҳамкории иқтисод ва рушди Котиботи давлатии корҳои иқтисодии Швейтсария 
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Швейтсария  Шараф Шерализода бо роҳбари бахши ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии корҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) Д. Паравачини вохӯрд. 
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба комёбиҳои иқтисодии муштарак, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилаи самараноки ҳар ду  давлат ба даст омадаанд,  ёдовар шуданд. 
Мусоҳибон  вобаста ба иқдомҳои минбаъда дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кумаки башардӯстона, обу иқлим ва саноату рақамикунонӣ,  мубодилаи афкор  намуданд.


Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон 
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Н. Атагулиев мулоқот намуд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардида, оид ба имконияти ифтитоҳи иншооти саноатии муштарак табодули афкор анҷом дода шуд.


Таъсиси Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард» 
15-уми январ қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  оид ба таъсиси Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»-и МИМҲД шаҳр ба имзо расид.
Мақсад аз таъсиси Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард»,  амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди роҳҳои мошингарди ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ  мебошад.

Санаи нашр: 20.01.2025 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив