ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 32 СОЛ БО “ҶУМҲУРИЯТ”

32 СОЛ БО “ҶУМҲУРИЯТ”

20 январ 2025, Душанбе
18
0

 
Дар гӯшаи хаёлам набуд ва ба зеҳнам ҳам роҳ намеёфт, ки як рӯз маро ба рӯзномаи рақами 1-и кишвар, яъне “Ҷумҳурият” ба кор даъват мекунанд. Ин аввали соли 1993 ва сармуҳаррири наш-рия шодравон Мазҳабшо Муҳаббатшоев буд.

– Мо маслиҳат кардем ва ба ин хулоса омадем, ки шуморо барои идомаи фаъолият дар “Ҷумҳурият” даъват намоем, – гуфт бо хоксорӣ Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва афзуд, – ҳар шарте мегузорӣ, мепазирем. Ба тариқи гузариш ба кор қабул ва маошатро нисбат ба ҷойи кори ҳозираат баланд мекунем. Ба андешаи мо, ин ба манфиати худат ва миллат мебошад. Бо матлабҳои навиштаат ошноем ва бовар дорем, аз уҳдаи кор ба хубӣ мебароӣ. 
Бо чунин шакли даъват ва меҳрубониву гузоштани масъулият ҳар каси дигар ҳам, ки мебуд, “не” гуфта наметавонист.
Фурсат барои андешидану тасмим гирифтанам надод, балки набуд, аммо мусаллам буд, ки дар он шароити тақдирсози миллат чун рӯзноманигор бояд хидмат мекардам. Ҳамон лаҳза аризаамро гирифтанд. Ҳуҷҷатҳои заруриро баъд омода ва пешниҳод кардам.
Сармуҳаррир пас аз чанд рӯзи фаъолиятам гуфт: “Озод ҳастӣ. Муҳим нест, аз оғози соати корӣ то ба анҷоми он дар ҳуҷраи корӣ биншинӣ. Маҳсули корро мо хоҳонем”. Дигар саҳифаҳои рӯзномаро ҳамчун коргари он мехондам, то дарёбам, ки ба кадом мавзуъҳо ҳамкоронам бештар таваҷҷуҳ доранд ва чӣ хел менависанд. Пас аз мутолиа, муносибат ба кору навиштаҳо дарёфтам, ки “Ҷумҳурият” мактаб будааст, мактаби бузург. Коргарон ҳама дар он обутоб ёфтаанд ва медонанд, ки мавзуъҳоро чӣ гуна барои хонанда пажӯҳиш кунанду масъалаҳои мураккабро ҳал намоянд. 
Ба андешаи ман, нахустин дарси ин мактаби бузург садоқат доштан ба миллат буд, яъне барои корманди “Ҷумҳурият” дар баробари хуб навиштан, сайқали маҳорати эҷодӣ, садоқат ба миллат муҳим арзёбӣ мешуд. Доштани ин гуна садоқат кормандро водор месозад, ки аз худ бипурсад, имрӯз чӣ хидмате ба мардум ва барои пешрафти кишвар намудааст.
Дар ин 32 сол муҳаррирон иваз шуданд, аммо мақсади олии рӯзнома дигар нашуд. Ҳамчунон барои пойдории миллат, инъикоси дастовардҳои он, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ хидмат кард. 
Ҳар рӯзи кишвари мутамаддинамон таърих буд ва ин таърих дар саҳифаҳои “Ҷумҳурият” сабт мегардид.
Чеҳраи сармуҳаррирон, ки номашон бо корҳои мондагорашон ҳамеша вирди забонҳост, ба тадриҷ пеши назар меоянд: Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов (руҳашон шод бод!), Камоли Қурбонийон, Муҳаммад Ғоиб. Дар ин вазифаи пурмасъулият ҳамаи онҳо арзанда буданд, ҳар кадом сатҳи рӯзномаро бо матлабҳои муҳиму хонданӣ болотар мебурданд ва мактаби “Ҷумҳурият”-ро пурқувваттар менамуданд. Масъулият дар рӯзномаи рақами 1-и кишвар ҳамеша зиёд буд ва зиёд мемонад, балки бештар мешавад.
Пас аз сипарӣ гардидани солҳо беҳтар дарёфтам, ки дар ин мактаб бисёр чизҳоро, ки барои як рӯзноманигори асил ва шаҳрванди содиқи кишвар зарур буд, омӯхтам. Барои суҳбат оростан ва онро дар ин рӯзнома нашр кардан бояд мисли мусоҳибонамон фарҳанг, тиб, адабиёт, забон, мусиқӣ, театр, таърих, сохтмон, маорифро медонистам. Барои донистан ба қонунҳову низомномаҳо, адабиёту маълумот бояд ошно мешудам. Аз хотирам намеравад, ки барои суҳбат кардан бо мутахассиси  шашмақом 9 рӯз ин навъи санъатро омӯхтам. Суҳбат кардам, аммо ба ҳангоми рӯйи қоғаз овардани он эҳсос намудам, ки ҳанӯз ниёз ба омӯзиши бештару беҳтар дорам. Ба ин хотир боз 3 рӯзи дигар омӯхтам. 
Барои омӯхтани мусиқии касбии ҷаҳонӣ вақти зиёд сарф намудам, бо мутахассисон машварат кардам, то ба асрору талаботи он сарфаҳм биравам.
Панҷ сол бо мутахассисони таҷдиду бунёди шоҳроҳи Душанбе – Суғд – Чанак дар иртибот будам. Ҳамроҳи онҳо зимни сафари хидматӣ ба рафти таҷдиду бунёди ин шоҳроҳ бо тамоми иншоотҳояш, аз ҷумла долонҳои зиддитармавӣ, нақбҳо, пулҳо шинос мешудам ва барои рӯзнома матолиб менавиштам. Соли 2011 дар бораи шоҳроҳи мазкур китоберо бо номи “Пайвандгари марзҳо ва дилҳо” ба табъ расондам.
Мутахассисони варзидаи ҳамаи соҳаҳо, агар дарёбанд, ки мусоҳибашон маълумоти кофии соҳаро надорад, ҳаргиз ба суҳбат кардан розӣ намешаванд. Инчунин, ба идораи ин рӯзномаи бонуфуз онҳо матолиб мефиристанд ва мепурсанд, ки навиштаашонро кӣ мехонад. Нодуруст таҳрир кардан на танҳо обрӯи корманд, балки рӯзномаро низ мерезад. 
Дар ин мактаб мо – насли нисбатан калонсол аз пешиниён сабақи бисёр гирифтем. Зарур буд, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ ба наслҳои баъдӣ донишу таҷрибаамонро меомӯзондем. Талабот ҳамин гуна буду мемонад: гирифтӣ, бояд бидиҳӣ.
Ин рӯзномаи бонуфуз барои ҳар коргари содиқаш ҳам нон медиҳад ва ҳам ном.
Дар 32 соли фаъолиятам дар ин рӯзнома се бор: 70-солагӣ, 80-солагӣ ва 85-солагии “Ҷумҳурият” таҷлил гардид.
Худо моро, агар ба он рӯзи муборак, яъне 15-уми марти соли равон бирасонад, шоҳиди тантанаи 100-солагии рӯзнома хоҳем шуд. Бешак, ин ифтихор аст, ифтихори бузург. Албатта, шукргузорем, ки дар ин сол истиқлолияти комили давлатӣ, ваҳдати миллӣ, кишвари ободу зебо, мардуми бофарҳангу содиқ  ба Ватан ва Пешвои ғамхор дорем. Сад сол пеш нахуст бо “Иди тоҷик” ид карданд ва баъд бо “Бедории тоҷик” барои бедории миллат саъю кӯшиш ба харҷ доданд.
Умри садсолаи рӯзнома як бори дигар моро ба хотир меорад, ки наслҳои пешин дар он бо чи заҳматҳо миллатро пойдор сохтанд, давлатро нигоҳ доштанд ва барои бедорӣ, асолати миллат талошу ҷонфидоӣ карданд. Бузургтарин шахсиятҳо, аз қабили Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Алӣ Хуш, Мирзо Турсунзода матлаби дархури замонро навиштаанд ва дар ин рӯзнома ба табъ расондаанд. Инчунин, ҳамеша бо ин нашрия робитаи судманд доштанд.
Замоне ки кас, коргари ин нашрияи бонуфуз, ба фаъолияти ин шахсиятҳо ва дигар сармуҳаррирони рӯзнома дақиқтар ошноӣ пайдо мекунад, дар баробари масъулиятшиносӣ ифтихор ҳам менамояд, ки идомадиҳандаи кори наслҳои бузургу бошараф аст.
Ифтихори ман ҳам аз он аст, ки 32 сол дар “Ҷумҳурият” фаъолият доштам ва анъанаву суннатҳои неки онро ҳифз кардаву идома додам.   

Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.01.2025 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив