РУШДИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
Дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, баробари баррасии вазъи кунунии соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ба соҳаи маориф, ҳамчун самти калидии таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш ва ҳомии фарҳангу маънавиёт, ба дурнамои рушди устувори соҳаи маориф, бахусус тавсеаи шабакаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки заминаҳои бунёдии ташаккули донишу маърифати насли наврасро ташкил медиҳанд, диққати махсус медиҳанд. Дар ин замина, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин ибрози ақида намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бо муассисаҳои томактабӣ, бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».
Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо муассисаҳои томактабӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар маҷмуъ, рушди устувори низоми миллии маориф нақши калидӣ хоҳад бозид.
Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба тавсеаи шабакаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ на танҳо ифодаи дастгирии соҳаи маориф, балки ҷузъи таркибии стратегияи дурандешона ва ҳадафмандест, ки ба тарбияи насли навраси донишманду соҳибмаърифат, дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ нигаронда шудааст. Дар татбиқи ин ҳадафи созанда, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд, ҳар як фарди ҷомеа ва тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд ва манфиатҳои олии миллат ва давлати тамаддунсолори тоҷикро маҳак ва меъёри аслии фаъолияти худ қарор диҳанд.
Таъмини дастрасии баробари тамоми қишрҳои ҷомеа, қатъи назар аз маҳали зист, ба хизматрасониҳои босифати таълимӣ вазифаи муқаддаси давлат дар назди шаҳрвандон мебошад. Дар ин робита, Сарвари давлат таъкид намуданд: «Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши табиии аҳолӣ ҷиҳати дар ҳар маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд намудани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои амалӣ ва муассир андешанд».
Ин дастури мушаххас дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити баробари зиндагӣ дар шаҳру деҳот ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муассир хоҳад дошт.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчун санади барномавии таҳлилӣ ва дурнамои стратегии рушди кишвар, барои пешрафти босуръати тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид ва уфуқҳои тозаи таҳқиқотиро фароҳам меоварад. Паёми Сарвари давлат, ки бар пояи таҳлили амиқи илмӣ ва бо назардошти воқеиятҳои ҷомеа таҳия мегарданд, барои муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф манбаи муътамад ва илҳомбахш дар пешбурди пажӯҳишҳои бунёдӣ ва амалӣ маҳсуб меёбанд.
Саидумрон САИДОВ,
дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров