ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАРАКАТ ДАР РОҲ.  ДАР ПЕШГИРИИ САДАМАҲОИ МАРГОВАР БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

ҲАРАКАТ ДАР РОҲ.  ДАР ПЕШГИРИИ САДАМАҲОИ МАРГОВАР БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

20 январ 2025, Душанбе
13
0


Боиси ифтихор ва шукргузорӣ аст, ки рӯз ба рӯз бо устувор гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолӣ меафзояд, шароити зиндагӣ беҳтар мегардад. Мардум дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд. Дар канори дигар пешрафтҳо афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт низ дар ҷумҳурӣ ба назар мерасад, ки як далели дигари рушди бонизоми иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти оморӣ, то моҳи марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ 667 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 (зиёда аз 389 ҳазор воситаҳои нақлиёт) қариб ду баробар зиёд мебошад. Яъне ҳар сол дар кишвари мо то 70 ҳазор воситаи нақлиёт зиёд шуда истодааст, ки дар умум беш аз 90 дарсади он моликияти хусусии шаҳрвандон мебошад. Вале, соҳиби воситаҳои гуногуни нақлиёт будан риояи фарҳанги ҳаракат дар роҳро тақозо мекунад ва ҳар қадар зиёд шудани шумораи мошинҳо талаб менамояд, ки ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бештар диққат дода шавад. 
Мутаассифона, баъзан ба мушоҳида мерасад, ки аксари ронандагон бо рафтору гуфтори дағал, худнамоӣ, ба эътибор нагирифтани ҳуқуқҳои дигарон, аз ҷумла роҳ надодан ба воситаҳои махсуси хизматӣ, поймол кардани ҳуқуқҳои пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз ҷойҳои муайяншуда сабабгори халалдор кардани ҳаракат дар роҳ мегарданд.
Амалан, тамоми аҳли ҷомеа: ронандагони воситаҳои нақлиёт, пиёдагардону мусофирон, ҳама иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб мераванд. Ҳаракат дар роҳ низ мисли дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ фарҳангу этикаи хосаро тақозо карда, бархӯрди воситаҳои нақлиёт, муқобили самти ҳаракати роҳ баромадан, насбу овезон кардани ашё ва навиштаҷоти ғайристандартии худсоз дар воситаҳои нақлиёт, аз ҷойҳои номуайян ва аз болои панҷараҳои эҳтиётии роҳҳои серҳаракати нақлиётӣ гузаштани пиёдагардон баёнгари дар чи сатҳ қарор доштани фарҳанги иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аст. Аксаран, чунин беэътиноиҳо воқеан ҳам сабабу омилҳои ба вуҷудоии садамаҳои роҳу нақлиёт ва фоҷеа мегарданд. 
Зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт тақозо  менамояд, ки ба ҳолати роҳҳо ва интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  бештар  диққат дода, ба вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо роҳи муҷозот, омӯзиш ва тавассути тарғиби фарҳанги ҳаракат дар роҳ корҳои тарғиботӣ зиёд ба роҳ монда шавад, зеро раванди ҳаракат дар роҳ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як инсон мебошад. 
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар заминаи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ду дастури муҳимро таҳти унвони: “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ – ҷузъи маърифати ҳуқуқӣ” ва “Талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба истифодабарии нақлиёт” бо теъдоди зиёд нашр намуда, ба ронандагон, роҳбарони корхонаҳои ба мусофиркашонӣ машғул ва дигарон ройгон тақсим намуд. Ин тадбир дар заминаи таъкиди Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 амалӣ гардид. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуда буданд: “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.” 
Беҳтар шудани шароиту ҳолати роҳҳо ба раванди ҳаракат ва бехатарӣ таъсири мусбӣ расонда истодааст. Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) зикр шуд: “Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда, аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.”
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шароити муосири дастрасии технологияҳои нави коммуникатсионӣ Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки бо насби маҷмуи таҷҳизоти барномавӣ барои ба таври автоматӣ сабт кардани қонунвайронкуниҳо дар самти ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро ба роҳ монад. 
Дар  соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе расман ба кор дароварда шудани лоиҳаи инноватсионии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар”  як қадами муҳим  барои ворид намудани технологияи пешрафтаи инновиатсионӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ буд ва имрӯзҳо бо шарофати ин лоиҳа дар аксар  чорроҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тартиботи ҷамъиятӣ тавассути камераҳои наворбардорӣ ба таври автоматӣ назорат ва ба қайд гирифта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ низоми ҳаракат дар дилхоҳ чорроҳаҳо ва ё кӯчаҳои алоҳида ба таври фосилавӣ тағйир дода мешавад. 
Ҳамчунин, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нави инноватсионии низоми худкори идоракунии “Шаҳри ҳушманд” дар шаҳри Душанбе амалӣ карда шудааст, ки тавуссути он ҳамаи чорроҳаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии мавзеъҳои канори шаҳр таҳти назорати доимии камераҳои назоратӣ ва бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гирифта шудаанд. 
Амалисозии чунин лоиҳаҳо солҳои наздик дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосӣ аз татбиқи чунин лоиҳаҳо ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ водор намудани шаҳрвандон, пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳаракат дар роҳҳо мебошад.
Бо таассуф, дар мамлакат ҳамасола аз 400 то 500 нафар бар асари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба ҳалокат мерасанд.  Тибқи таҳлилҳо зиёда аз 90 дарсади ҳодисаҳои мазкур, бинобар дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз он ҷумла, зиёд кардани суръати ҳаракат, сабқат, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати сархушӣ, риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, вайрон намудани қоидаи бо навбат гузаштани чорроҳа ва риоя накардани фосила аз тарафи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва махсусан ронандагону пиёдагардон ба амал омадаанд.
Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳдошти сифати роҳҳо, бо маблағҳои калон ворид намудани технологияи муосири муоинаи роҳ ва воситаҳои нақлиёт, заҳмати шабонарӯзии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳама ба он нигаронда шудааст, ки фарҳанги ҳаракат дар роҳ риоя шуда, ҳодисаҳои нохуш ва омори ҳузновари ба он вобаста ҳар чи камтар гардад. Дар тамоми олам, аз ҷумла дар кишвари мо низ ягона роҳи кам намудани ин омор риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст. 
Бинобар ин, агар ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ қоидаҳои одии фарҳанги ҳаракат дар роҳро риоя намояд, бовар дорам, ки  ҳаракат дар роҳҳо бехатар ва шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиётии марговар ба маротиб кам мешавад. 

Рустам МИРЗОМУРОДЗОДА
сардори РБДА ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори милитсия

Санаи нашр: 20.01.2025 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив