ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДРИДДИН АЙНӢ: “ДОИМО ДИДА ИСТОДАНИ ИН ГАЗЕТА БА МАН ДАРКОР БУД”

САДРИДДИН АЙНӢ: “ДОИМО ДИДА ИСТОДАНИ ИН ГАЗЕТА БА МАН ДАРКОР БУД”

21 январ 2025, Сешанбе
6
0


Устод Садриддин Айнӣ дар баробари асосгузори адабиёти навини мо будан, ҳамзамон дар саргаҳи матбуоти тоҷик меистад. Фаъолият ва қалами чун машъал тобони ин бузургмард дар ҷаридаҳои “Бухорои шариф”, “Роҳбари дониш”, “Овози тоҷик” ва  “Тоҷикистони сурх” рӯшан аст. Бавижа, пайгирии масъалаҳои калидии он айём аз тарафи устод дар матбуоти тоҷик дар мисоли нахустин рӯзномаи Тоҷикистон “Иди тоҷик” басе ҷолибу омӯзанда аст. Назар кардан ба силсилаи номаҳои устод Садриддин Айнӣ кофист, то бибинем, ки чопи ин ҷарида барои рӯшанфикрони тоҷик то кадом ҳад муҳим будааст.

МИНБАРИ АСОСИИ АДИБ
Аз хондани номаҳои устод дар китоби нави “Мактубҳо” дар таҳияи Анзурати Маликзод (2024) пайдост, ки “Тоҷикистони сурх” дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ҳам аҳли обуна дошт. Яке аз онҳо худи устод Садриддин Айнӣ буд. Обунаро муассисае бо номи “Союзпечати Самарқанд” ташкил мекард. Инчунин, рӯзнома бо дастрас кардани китобҳои даркорӣ ба минтақаҳои кӯҳистон низ масъул будааст, зеро соли 1936 устод ба Шароф Юсуфӣ ном масъули давлатӣ нома навишта, хоҳиш мекунад, ки китобҳои “Ғуломон”, “Одина”, “Мактаби куҳна” ва “Ёдгорӣ”-ро ба кӯҳистони Бадахшон расонанд, зеро аз он ҷо хонандаҳо талаб доранд.
Минбари асосии навиштаҳои устод будани рӯзнома аз як мактуби Ҷалол Икромӣ ба суроғаи нависанда бештар рӯшан мешавад. Мувофиқи он, оғози соли 1940 устод Садриддин Айнӣ мақолаи калони “Обёрӣ дар Осиёи Миёна”-ро ба суроғаи “Тоҷикистони сурх” мефиристанд. Он замон сармуҳаррир Почоҷонов бо Икромӣ як ҷо нишаста, шакли аслии мақола ва ба лотинӣ баргардондашударо муқоиса карда, пайи чоп шудаанд. 

“РӮЗНОМАИ ҲАР ҚАВМ ЗАБОНИ ОН ҚАВМ АСТ”
Дар соли 1942, дувуми апрел ба сармуҳаррири рӯзнома Раҳматзода нома навишта, хурсандии худро дар мавриди як мақолаи танқидӣ доир ба забони тарҷума изҳор медорад: “Ман пештар қариб ба дараҷаи маъюсӣ ва ноумедӣ расида будам ва дар дили худ мегуфтам, ки бо ин тарҷумонҳо на танҳо забони тарҷумаҳо вайрон мешавад, балки забони нависандагони ҷавон ҳам вайрон хоҳад шуд. Дар ҳақиқат ҳам, нависандагони ҷавон забони адабиро аз матбуот меомӯзанд”.
Аз муаллиф хостааст, ки танқиди тарҷумаҳоро идома дода, дар ислоҳ ҳамчунин кӯшо бошад.
Масъалаи муҳиме, ки дар бештари номаҳо таъкид мешавад, бо вуҷуди обуна будан, нарасидани рӯзнома аст. Бо вуҷуди он ки шеър, мақола ва “Чингизи асри ХХ” ном чакомаи зидди фашистон навиштаи устод Айнӣ дар “Тоҷикистони сурх” чоп шуд, аммо нусхаҳо намерасидааст. Ин аст, ки 16-уми августи соли 1941 ба Абдусалом Деҳотӣ бо шиква менависанд: “Бо вуҷуди он ки яксола обунаам, “Тоҷикистони сурх” аз аввали июл наомадааст. Ва ҳол он ки дида истодани ин газета барои ман даркор буд”.
Аз посухи ин нома аз тарафи  Абдусалом Деҳотӣ хонанда дарк мекунад, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои фиристодани нусхаҳои ҳатмии обунавӣ ҳам иҷозати ҳукумати давр лозим будааст: “Ба қатори дигарон ба Шумо ҳам фиристодани газетаро Союзпечат манъ карда будааст. Гуфтугӯ кардам. Аз Сека (Комитети марказӣ) ягон амр гирифтан даркор будааст. Чанд вақт боз рафиқ Ғафуровро дида наметавонам...”.
Ба ҳар ҳол, Деҳотӣ ваъда медиҳад, ки то ба таври расмӣ ҳал шудани масъала, аз худи идораи рӯзнома якнусхагӣ мефристанд.
Устод Садриддин Айнӣ ҷо-ҷо ба камбудиҳои забони рӯзнома, сохтори он ҳам назар додаанд. Аз ҷумла, дар номаи аз 24-уми августи соли 1941 ба унвони редаксия фиристода ин ҳарфҳоро мехонем: 
а) газета дар бораи ҷамъ кардани фикрҳои оммаи хонандагон бар масъалаҳои муҳими ҳаррӯза кам кор мекунад;
б) чаро мо иштироки Тоҷикистонро дар виставкаи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ аз “Қизил Ӯзбекистон” мехонем, на аз “Тоҷикистони сурх”? Рафти сохтмони зарбдори канали Фарғона ҳам кам инъикос мешавад;
в) чаро “Қизил Ӯзбекистон” дар Масква мухбири махсуси пурқувват дораду мо не? 
г) чаро то ҳол баъзе кормандони газета (шояд тарҷумонҳо) то ҳол фарқ намекунанд, ки дар забони тоҷикӣ ва умуман дар забони форсӣ баъд аз шумора, чизи шумурдашуданӣ (маъдуд) ҷамъ намеояд. ...Ва ҳол он ки дар газета “даҳта мурғҳо”, “се говҳо” ва ҳоказо навишта мешавад.
Бо ин навиштаҳо ин гуфтаи таърихии устод собит мешавад: “Забони ҳар қавм рӯзномаи он қавм аст!”.

ҚАДРШИНОСИИ “ТОҶИКИСТОНИ СУРХ” АЗ УСТОД АЙНӢ
Варақ задани шумораҳои солҳои 1940-1950 барои мо ошкор кард, ки “Тоҷикистони сурх” ба Садриддин Айнӣ эҳтироми зиёд дошт ва ҳамеша ҷашнномаҳо, табрикномаҳо, ба ин ё он унвон шарафёб шудани муаллифи арҷманди хешро пайваста инъикос намудааст. 
Ҳамчунин, як силсилаи рисолаҳои машҳури худро устод нахуст дар ин ҷаридаи рақами яки Тоҷикистон интишор додаву баъдтар дар шакли китоб пешниҳод кардааст. Масалан, рӯзнома дар шумораи 67-уми соли 1946 як пораи калони рисолаи Садриддин Айнӣ “Восифӣ ва асари ӯ – “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-ро бори нахуст нашр мекунад.
Шумораи 81-уми соли 1948 паём дорад, ки Садриддин Айнӣ бо ордени Ленин сарфароз шуд. Шумораи 246-уми соли 1948 бо хуштарин паём оғоз меёбад. Университети давлатии ба номи Жданови Ленинград устод Садриддин Айниро бо унвони доктори илмҳои филология шарафёб мегардонад.
Бештари шумораҳои соли 1951 бо номи устод Айнӣ робита дорад, зеро дар ин сол бори нахуст Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) таъсис ёфт ва нахустин президенти он устод Садриддин Айнӣ таъин гардид.
Саҳифаи махсус бо номи “Ҷашни таърихии Садриддин Айнӣ” чоп мешавад (№ 73). Он ҳам ҷашнномаи устод Айнӣ ва ҳам табрики ҳайати кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»-ро ба ифтихори нахустпрезиденти АИТ таъин шудани нависанда фаро гирифтааст.
Дар якчанд шумораҳои соли 1953 рӯзнома барои муаллифи беҳтарини худ – устод Айнӣ саҳифа ва мақолаҳои махсус бахшида, паёмҳои 75-солагии ӯро бо шукӯҳ ба хонандагонаш мерасонад (№№ 98, 99, 100). Дар ин сол рӯзнома повести “Марги судхӯр”-ро бо таҳриру такмили нави муаллиф, ки он солҳо бемор буд, чоп кардааст. Шогирдону пайравони мактаби адабии устод Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода бо мақолаҳои ҷашнӣ баромад кардаанд.
Ҳамин тавр, «Тоҷикистони сурх» дар вафоти устод, яке аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик, дар сӯг нишаста, 16-уми июл, шумораи 167-уми худро қариб пурра ба ин мавзуъ бахшидааст. Саҳифаҳо бо чунин унвон чоп шудаанд: “Садриддин Сайидмуродович Айнӣ вафот кард”. Ҳамдардии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, Совети Вазирон, Комитети Марказии ПК Тоҷикистон доир ба даргузашти Садриддин Айнӣ интишор меёбад. Дар шумораи 170-ум низ С. Липкин, В. Державин, Ф. Ниёзӣ, М. Наҷмиддинов, С. Табаров, С. Ҷавҳаризода ва Пӯлод Толис марсия ва хотираҳои худро чоп кардаанд.
Давоми солҳои минбаъда ҳам ин рӯзнома бо номҳои гуногун нашр мешуд ва ҳамасола ёду ёдгори муаллифи арҷмандашро гиромӣ медошт. Танҳо дар даҳсолаи охир борҳо аз устод Айнӣ ва корномаи ӯ барои миллат садҳо мақолаву матлаб чоп шуд. Аз ҷумла, Озмун бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ аз 5-уми июн то 15-уми сентябри соли 2017 баргузор гардида, маросими ҷамъбасти он дар ноҳияи Айнӣ гузашт. Мақолаҳои гулчиншудаи озмунӣ дар шакли китоб бо номи “Забон ва ҳувияти миллӣ” рӯи чоп омад. Ин ҳама далели он аст, ки “Ҷумҳурият” номи бузургони миллат, бавижа муаллифони дилбохтаи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Бузургмеҳр САЛИМОВ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.01.2025 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив