РӮШОН. ЗАМИНАҲОИ ВОҚЕИИ РУШД МУҲАЙЁ МЕГАРДАНД
Соли 2024 барои ноҳияи Рӯшон соли бобарор буда, таҳти ҳидояту роҳнамоии оқилона ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ривоҷу равнақи тоза пайдо намуданд. Ин нуктаро Аҳмадзода Илҳом, раиси ноҳияи Рӯшон, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” таъкид кард. Раиси ноҳия аз пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ изҳори қаноатмандӣ намуда, ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳия, ки моҳи сентябри соли гузашта ба вуқуъ пайваст, рӯйдоди муҳим ва фаромӯшнашавандаи сол маънидод намуд. Ба гуфтаи раис, сокинони ноҳия Роҳбари давлатро бо суннатҳои меҳмондории барояшон хос, бо руҳи болида истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин сафар, бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳия корхонаи коркарди меваю сабзавот, ду бинои замонавии муассисаҳои томактабӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшон ба истифода дода шуд ва Ҷаноби Олӣ хишти аввали чанд иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиро низ гузоштанд.
Таъкид гардид, ки кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, сол ба сол рушд меёбад. Дар заминаи истифодаи имкониятҳои мавҷуда соли рафта кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ба даст оварданд. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 80 миллиону 933 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи боғдорӣ, махсусан парвариши себу зардолу ва чормағзи аълосифат, ки дар шароити ноҳия ҳосили хуб дода метавонанд, таваҷҷуҳи бештар равона гардида, имсол майдони боғҳо дар ноҳия аз ҳисоби заминҳои кӯҳдоман, санглох ва зери алафи бисёрсола боз ҳам васеъ карда мешавад.
Аҳмадзода Илҳом гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин, таъмини истиқлолияти энергетикиро аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон намуд. Солҳои аввали истиқлол ноҳия дар робита ба таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ мушкилоти зиёд дошт. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд ва ширкати “Помир Энерҷи” ин мушкилот ҳалли худро пайдо намуда истодааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 12 неругоҳи хурди барқӣ фаъолият дошта, соли гузашта ноҳия пурра ба шабакаи ягонаи электрикии вилоят пайваст гардид. Ин имкон дод, ки аҳолии ноҳия дар тамоми фаслҳои сол бо барқи хушсифат бештар таъмин карда шавад.
Айни ҳол дар водии Бартанг сохтмони неругоҳҳои “Равмед”, “Басид”, “Даржомч”, “Ачирш” ва “Разуч” оғоз ёфта, бо ин мақсад то ба ҳол 2251,5 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Бо амалисозии лоиҳаҳои бузург – сохтмони НБО “Бадурд” бо иқтидори 600 кВт, “Санобод” 500 мВт, дар панҷ соли оянда ба иқтидори энергетикии ноҳия боз 560 МВт илова мешавад. Дар доираи амалисозии саноатикунонии босуръати ноҳия пешбинӣ шудааст, ки то солҳои 2028-2030 ҳиссаи саноат, аз ҷумла энергетика, дар ҳаҷми истеҳсоли молу хизматрасониҳо ба 40-45 фоиз расонда мешавад ва дар баробари ин, амалишавии васеи “иқтисоди сабз” дар соҳаи энергетика муҳим арзёбӣ мегардад.
Раиси ноҳия зикр кард, боиси қаноатмандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳангу варзиш низ сол ба сол рушд мекунанд. Дар ҳудуди ноҳия 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ, се кӯдакистон, интернати давлатии ҷумҳуриявӣ ва интернати наздимактабӣ фаъолият намуда, аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд. Ширкати шогирдон дар олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ, шомили муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шудани теъдоди зиёди хатмкунандагони муассисаҳо шаҳодати пешравии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Ҳифзи сиҳатии аҳолӣ вазифаи муҳими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб рафта, баҳри беҳтар гардондани заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ биноҳои бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Бағу, Барзуд, Нурвум, Эмс, Чизев ва Пасор ба маблағи умумии 680 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ноҳия айни ҳол табобатхонаи марказӣ, се табобатхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, нуҳ маркази саломатӣ ва сӣ бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамоянд.
Ноҳияи Рӯшонро гаҳвораи санъати Бадахшон мегӯянд. Бисёре аз овозхонону мутрибони маъруфи кишвар дар деҳоти ҳамин ноҳия таълиму тарбия гирифта, ба олами санъат қадамҳои нахустини худро гузоштаанд ва ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Имрӯз дар ноҳия 71 муассисаи фарҳангӣ фаъолият дорад. Аҳли санъати ноҳия дар чорабиниҳои ҳунарии вилоят ва кишвар фаъолона ширкат меварзанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия боз як қасри фарҳанги тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар он пайваста чорабиниҳо баргузор мегарданд. Ният аст, ки дар солҳои минбаъда чунин муассисаҳои замонавии фарҳангӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия низ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Илҳом Аҳмадзода афзуд, ки соли нав пешорӯи ҳамаи мо вазифаҳои нав мегузорад, ки иҷрои онҳо аз азму ирода, ҷасорати касбӣ, саъю талош, ҳамдигарфаҳмии мо сахт вобаста аст. Мусаллам аст, ки бе меҳнати софдилона ва заҳмати ҳаррӯза ба комёбӣ ноил гаштан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки имсол корҳои созандагиву ободониро густариш бахшида, бо арҷгузорӣ ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат, дар тарбияи насли солиму ватандӯст, содиқу маърифатпарвар, ҷавонони қалбашон саршор аз ифтихори миллӣ кӯшишу талоши бештар ба харҷ диҳем, диёрамонро обод созем, тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон иброз доштанд: “Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати худ бошем”.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”