МУОВИНИ САРМУҲАРРИР
Карим Давлат соли 2001 муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин шуд. Ин таъинотро аҳли эҷоди рӯзнома хуш пазируфтанд, зеро чун эҷодкори асил ӯро мешинохтанд ва ба навиштаҳояш ошно буданд.
Дар кадом соҳае, ки матлаб менавишт, он таҳлиливу хонданӣ ва ҳам ҷолиб буд. Дар баробари он ки дар соҳаи рӯзноманигорӣ таҷрибаи зиёди корӣ дошт, мавзуи интихобкардаашро меомӯхт, бо мутахассисон дар он хусус машварат менамуд. Мехост матлабаш ҳаматарафа фарогир бошад ва ҳамзамон, дар бораи масъалаи бамиёнгузоштааш тадбирҳои заруриро биандешанд. Усули роҳбарӣ ва услуби навиштааш барои ман бегонаву ноошно набуд.
Наметавонам фаромӯш намоям, ки аввали солҳои 80-уми асри гузашта, он замон, ки сармуҳаррири рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ буд, маро ба омӯхтану навиштани мавзуи духтарони бешавҳармонда талқин кард. Ҳанӯз ҳам ба хотир меораму меандешам, ки чи гуна маро, мисли ин ки афсун карда бошад, ба таҳқиқу навиштан водор сохт. Ҳол он ки, ман чанд шеърамро ба идораи рӯзнома бурда будаму мехостам, ки ба нашр бирасанд. Иқрор мешавам, ки таҳқиқу навиштан, бароям бисёр мушкил афтод. Мани донишҷӯи дар таътил буда ба худ мегуфтам: “Ин чӣ коре буд, ки иҷрояшро ба зимма гирифтам? Охир ту донишҷӯӣ, бояд бихонӣ, таътилро хуб бигузаронӣ, албатта, на ба маънии истироҳат кардан. Не, ин бор ҳеҷ як супоришу навиштани мақоларо ба уҳда намегирам”.
Падараму бародаронам ба навъе сарзанишам намуданд, ки вақтро беҳуда мегузаронам. Як замон чун мушкилиро зиёд эҳсос кардам, тасмим гирифтам, ки мераваму мегӯям: “Аз уҳдаи ҳалли масъала, навиштани мақола набаромадам”, аммо самимияту меҳрубониву роҳнамоии сармуҳаррир пеши рӯ омаду аз ниятам баргаштам. Ин ҳақиқатро бояд иброз бидорам, ки, аслан, ба идораҳои ҷамоат рафтан бароям мушкил эҷод менамуд. Автобус ва дигар навъи нақлиёт мисли имрӯз зиёд набуд.
Мавзуъ раисони идораҳои ҷамоат ва мусоҳибонамро ба тааҷҷуб меовард. Дарку таҳлилу таҳқиқи он ба мани донишҷӯи муҷарради 20-сола ва аз зиндагӣ ноогоҳ ҳаргиз осон набуд.
Бо вуҷуди ин супоришҳо иҷро кардану идораи рӯзномае онро бо андак таҳрир ва иловаи чанд факт ба табъ расонд. Нашраш, албатта, маро шод кард, аммо эроди баъзе аз одамон ин шодиро барҳам мезад. Мегуфтанд: “Дигар кор надоштӣ, ки ба мавзуи бешавҳар мондани духтарон рӯ овардӣ?”. Ҳамсабақонам низ ин навиштаро хуш напазируфтанд: “Ин мавзуъ дар адабиёти Аврупо аз мавзуъҳои меҳварӣ аст. Шукр, ин мавзуъ ва масъала миллати моро то ба ҳанӯз ба ташвиш наовардааст, яъне мо то ба сатҳи онҳо нарасидаем”.
Мани аз навиштану нашри мақолаам акнун пушаймон, ба худ гуфтам, ки дигар ҳаргиз қадамамро ба идораи рӯзнома намегузорам. Ба гуфтаам устувор мондам, аммо на зиёд, балки 5 сол. Ин бор, яъне 16-уми сентябри соли 1987 барои корҷӯӣ ба идораи рӯзномаи “Мубориз” рафтам. Намедонистам, ки Карим Давлат то ба ҳанӯз сармуҳаррири он аст. Чун шунид, ки ба чи мақсад омадаам, гуфт: “Аризаатро бинавис. Аз фардо коргари моӣ. Ҳоло бираву барои кор омода шав”.
Бамаврид аст ин нуктаро ҳам ёдовар шавам, ки дар ин муддат намунаи тарҷумаҳои ӯро аз осори А. Платонов, Н. Распутин ва чанд ҳикояашро дар рӯзнома ва маҷаллаҳо мутолаа карда будам. Махсусан, “Юшка”-и А. Платонов дар тарҷумаи ӯ мо – донишҷӯёнро ба ваҷд оварда буд. Тарҷумон дар инъикоси ҳолати ботиниву руҳии қаҳрамон муваффақ шуда буд, ки ин дар тарҷумаи осори бадеӣ бисёр муҳим ба шумор меравад. Магар метавон “Рудолфио”-и Н. Распутинро дар тарҷумаи ӯ аз ёд бурд?
Не, Карим Давлат солҳои 1982-1993 вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи “Мубориз”-ро ба уҳда дошт. Се сол, на як рӯз кам ва на як рӯз зиёд, ҳамроҳаш дар идораи ин рӯзнома фаъолият доштам. Бароям беҳтарин сарвари рӯзномаи ноҳиявӣ ба шумор мерафт. Ҳамеша ҷонибдори пешниҳодҳои хуби кормандони эҷодӣ буд. Мавзуъҳоро барои омӯзишу таҳқиқ ва навиштани мақолаҳои хубу таҳлилӣ вобаста ба қобилияташон ба аҳли эҷод медод. Инчунин, бо ҳар кадом дар ин маврид машварат менамуду онҳоро раҳнамоӣ мекард. Бо коргарон чун падару бародар ва каси ғамхори онҳо муносибат менамуд. Сарзаниш, танбеҳ, дилозории аҳли эҷод барояш бегона буд. Аз аҳволашон, тарзи зиндагиашон, мушкилашон бохабар буд ва дар аксар маврид дасти ёрӣ дароз мекард.
Аслан, дар як ноҳияе, ки қариб ҳама якдигарро мешинохтанд, танқиди камбудиҳои ҷойдошта ҳаргиз осон набуд. Бо вуҷуди ин, дар ҳар як шумораи рӯзнома маводи таҳлиливу танқидӣ ба табъ мерасид. Монеи таҳқиқоти журналистии коргарон ва нашри мақолаҳояшон дар ин самт намешуд. Мардуми ноҳия нахуст “Мубориз”-ро мехонданд, баъд ба мутолааи дигар рӯзномаҳову маҷаллаҳо рӯ меоварданд.
Рӯзнома дар ҳалли мушкилоти мардум саҳми зиёд мегирифт. Ҳанӯз ҳам насли калонсол он рӯзҳо ва хидмати шоёни “Мубориз”-у сарварии Карим Давлатро бо ҷасораташ ба хотир меоранд.
То ба вазифаи сармуҳаррирӣ расидан, ӯ ходими адабиёт ва баъдтар мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ” буд. Пас аз сармуҳарририи “Мубориз”, фаъолияташро ба ҳайси хабарнигори махсуси “Садои мардум” дар вилояти Хатлон (солҳои 1995-2000) ва хабарнигори махсуси “Ҷумҳурият” дар ин вилоят идома дод.
Ҳамчун муовини аввали сармуҳаррири ин Нашрияи расмӣ низ фаъолияти чашмрас дошт. Саъй ба харҷ медод, то аҳли эҷод ба муҳимтарин мавзуъҳои дархури замон рӯ биёранд ва дар бештару беҳтар хонданӣ шудани рӯзнома саҳм бигиранд. Дар ин маврид худаш намунаи ибрат мешуд. Баъдҳо низ фаъолияти рӯзноманигориашро қатъ накард, идома дод.
Карим Давлат чун нависанда ва тарҷумони хуб низ шуҳрат дорад. Намунаи осори нависандагони машҳури адабиёт А. Чехов, Н. Думбадзе, А. Аверченко, В. Ворфоломеев ва дигаронро низ тарҷума кардааст.
Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Китобҳояш бо номҳои “Шоми деҳа”, “Дандони ақл”, “Як лаҳза нахандед”, “Ҷонфидо”, “Чашмаи фариштаҳо”, “Фарзанди Душанбе”, “Меҳр”, “Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор”, “Сутуни дил”, “Гулдаста”, “Шикастанафс”, “Хандаи чашм”, “Чашмаоби ноаёне дар дили кӯҳ” ба нашр ва дасти хонандаи хушзавқ расидаанд. Хидматҳояш бо медали Хизмати шоиста ва унвони Корманди шоиста қадр гардидаанд.
Карим Давлат аз соли 2020 дар идораи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият дорад. Бо вуҷуди ин, бо рӯзномаи дӯстдоштааш “Ҷумҳурият” ҳамеша дар иртибот аст ва барои он мақолаҳои хубу хонданӣ менависад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”