ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА ҶАШНИ НИЁИШИ ОФТОБ АСТ…

САДА ҶАШНИ НИЁИШИ ОФТОБ АСТ…

22 январ 2025, Чоршанбе
5
0


Сада маҳз дар замони истиқлолият бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар қатори  ҷашнҳои миллии  тоҷикон Наврӯз ва Меҳргон, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёфтанд, аз нав эҳё шуд.
Сарвари давлат ба нишонаҳои суннатии Сада, арзиш ва қимати он чун иди миллӣ-аҷдодӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр намудаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии  тамаддуни умумибашарӣ  барои инсоният хизмат  менамояд».                   
Перомуни ҷашнгирии Сада дар адабиёти ниёгонамон боварҳо ва қиссаву ҳикояти зиёде хотирнишон шудаанд. Аз ҷумла, дар китоби «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ»-и муҳаққиқ ва донишманд Муҳаммадҷаъфари  Ёҳақӣ  атрофи пайдоиши вожаи «Сада» ва маҳбубияти ин Ҷашни миллӣ таҳқиқоти арзишманде анҷом ёфтааст. Атрофи Ҷашни Сада то ҳанӯз фикру ақидаҳои гуногун ҷой дорад.
Сада, аслан, аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ асос гирифта, дар арабӣ сазак ва садак шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо афрӯхтани оташ оғоз ёфта, бо маросими хосае анҷом мегирад. Аз Сада  то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони ҷамъоварии  ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил, ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва ҷав  бардошт кард. Дар таъкиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе аз рустоҳо ва шаҳри ҷанубии Хуросон, ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи Баҳман ва ҳангоми баргузории Ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «Сада, Сада, Сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз».                                                                                                                  
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки дар ин рӯз  ҷаҳаннам аз  зимистон ба  дунё меояд ва аз ин  рӯ  оташ  меафрӯзанд, то шарри он бартараф гардад. Ин Ҷашн, ки назди ҳамаи  мардум  муқаддас будааст, робитае махсус бо оташ дорад ва маншаи  он  бармегардад  ба достони пайдоиши оташ, ки бинобар «Шоҳнома» ба  Ҳушанги пешдодӣ нисбат додаанд. Зоҳиран то замони Ҳушанг  оташ шинохта набуд ва рӯзе, ки ӯ барои шикор ба саҳро рафта буд, море сари роҳ пайдо шуд ва Ҳушанг  санге ба тарафи ӯ партоб кард. Аммо  ба ривояти Абулқосим  Фирдавсӣ:                                              
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг  боз. 

Аз ин устура ду омили мутазодди зиндагӣ муқобили ҳам қарор мегирад. Аҳриман морро, ки мазҳару ҳамрешаи марг аст, падид овард ва  Аҳурамаздо дар баробари он барои муқобила бо он оташро офарид ва ба ин тартиб оташ  муқаддас шуд ва Ҳушангшоҳ ба маҳзи дидани он Аҳурамаздоро  сипос  гуфт:
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин  оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Ва ба шодии ин нур оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро  Сада  гузоштанд:
Зи Ҳушанг монд ин Сада  ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр!

Лозим ба ёдоварист, ки  Ҷашни Сада ба ягон дину мазҳаб пайвастагӣ надорад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми тоҷик рӯзи Ҷашни Сада болои теппаву кӯҳҳо ва ё  бомҳо баромада, оташ  меафрӯхтанд ва  дар ҳалқаи ёру дӯстон назди оташи муқаддас суруду таронаҳо хонда, аз ба поён расидани фасли сармо хушнудӣ мекарданд. Албатта, Сада мисли Меҳргон бештар ба шароити иқлимӣ ва кишоварзӣ алоқамандии  бештаре дорад. 
Моҳияти Ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург гиромӣ медоштанд. 

Муйсафеди  96-сола бобои Ҳикмат аз деҳаи Саричашмаи ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин ҳикоят мекунад, ки  Ҷашни Садаро ба пуррагӣ  ёд дорад. Ба қавли ӯ, солҳои 30-юми қарни гузашта дар кӯҳистони дурдаст  Сада таҷлил мегардид. Чанд ҳафта пеш аз оғози иди Наврӯз  мардум аз кӯҳ ҳезум ҷамъоварӣ намуда, дар майдони кушод гулхан меафрӯхтанд. Сипас, ҷавонон мусобиқакунон аз болои оташ мепариданд. Ин аловпарак ба хотири он буд, ки  хунукӣ барояду гармӣ расад. Боз аз болои оташ паридан барояшон гӯё тандурустӣ  меовард. Ҳатто,  беморон (занони бемории  зача) дар замини аз чашми дигарон дуртар се оташи хурд равшан намуда, аз болои он се  маротиба ҷаста, ин суханонро ба забон меоварданд: «зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Баъд ба пушти сар нигоҳ накарда мерафтанд. Пирон бачаҳоро таъкид мекарданд, ки агар хокистарҳои дар се ҷой пайи ҳам қарордоштаро бубинанд, аз  болояшон қадам нагузоранд. Ба андешаи онҳо, гӯё  бемории   он касон сироят менамудааст.  Кишоварзон дар он замон хокистари оташи шаби Ҷашни Сада афрӯхтаро ба замини  кишт мепошиданд, ки он  фоли неку босамарии заминро  дошт.
Бобои Садриддини 95-сола, сокини  мавзеи Сарихосор, айёми  наврасии худро ба хотир оварда, ҳикоят намуд, ки мардуми ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон аз қадимулайём ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯзро таҷлил мекардаанд. Дар ин радиф, Сада низ чун як иди  миллӣ бо шукӯҳи тозае ҷашн гирифта мешуд. Мардум ба сардии чиллаи хурдак нигоҳ накарда,  ҳатто дар рӯзҳои сарди зимистон, ки саросари кӯҳистон барфпӯш мегашт, хона ба хона рафта, ҳамдигаро аз омадани Сада хабар мекарданд.  Ба ин хотир, либосҳои нав ба бар намуда, суруду таронаҳои мардумӣ аз ёд мекарданд. Аз меваҷоте, ки барои Сада захира менамуданд, ба мисли себу тарбуз ё ангур,  дастархони худро  оро медоданд.
Бобои Садриддин он рӯзҳоро ба  ёд оварда, мегӯяд, ки маросими аловпарак бо ширкати аҳли деҳа доир мегашт ва мардум атрофи оташи муқаддас давр зада, сурудхонӣ менамуданд. Ба ин тариқ, бо сардиҳо хайрбод гуфта, ҳарчи тезтар расидани гармиҳо ва Наврӯзро орзу мекарданд. Дар он рӯзҳо табиати сахти кӯҳистон хаёле ҷомаи рангин ба бар менамуд ва оташи  муқаддас қалби барфу яхпораҳоро гӯё мешикаст ва аз дуриҳои дур нафаси гулу буттаҳои тозарӯй ба машом  мерасид.  Мардуми ҳунарманд фалакхонӣ мекард ва бо таронаҳои  худ  Садаро  месуруд…
Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни зебои Садаро то ҳанӯз дар худ нигоҳ доштаанд. Онҳо онро бо  номи «Хирпачор» таҷлил мекунанд. Бояд зикр намуд, ки  мардуми славянитабор, асосан, русу украин ва беларусҳо то ҳол ҷашне  доранд, ки мисли Сада дар ҳамин шабу рӯз доир мегардад. Онҳо оташ афрӯхта, аз  болояш меҷаҳанду зимнан, ин  ибораро ба забон  меоранд: «гуноҳҳоям бирезанд». Ва он рӯз ба миёнаҳои моҳи феврал рост меояд. 
Ҷашни Сада, ҳамчунин, ба ниёиши Офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед – шаби Ялдо) чил рӯз фосила дорад. Дар ин Ҷашн оташ  меафрӯзанд, ки Офтоби навзоди чилрӯзаро бад-он гарм  кунанд ва қувват  бахшанд, то Хуршед монанди ин оташи  бузург сӯзону сӯзонтар шавад. 
Дар адабиёти классикии  тоҷик  перомуни Ҷашни Сада, чун ёдгории  бегазанди ниёгон,  шеъру таронаҳои зиёде мавҷуданд. Адибон ба ин иди бузург чун  Меҳргону Наврӯз арҷ гузоштаанд. Фаррухӣ аз ин зумра буда, дар бораи  Сада шеърҳои бисёре сурудааст. Аз нигоҳи ин шоири шаҳир, Сада ҷашнвораи бузурги миллӣ буда, аз эҳёи оташу  рӯшноӣ  ва муқовимату ғалабаи оташу покӣ бар зулмоту сардӣ башорат медиҳад. Дар ин бора шоир фармудааст:
Шаби Сада-ст, яке оташи баланд афрӯз,
Ҳақ аст мар Садаро бар ту, ҳаққи он бигузор.
Хоқонӣ бошад, дар абёташ Садаро  чун ҷашни  табиат, зебоӣ ва иффат қаламдод мекунад. Дар нигоҳи ӯ, Сада як ҷашни одӣ нест, балки дар ин рӯз кинаҳо аз қалбҳо дур мешудаанд ва табиат ба сад ранг назаррабоӣ намуда, аз рӯзҳои Хуршедӣ башорат медодааст.  
Абулқосим Фирдавсӣ чун посдори  мероси ниёгон ва арзишҳои миллӣ   ба Ҷашни Сада ҳамеша арҷ гузоштааст.  Ин аст, ки ӯ дар «Шоҳнома» борҳо аз ҷашнҳои  Наврӯзу Сада ёд намудааст ва ҳаргиз намехост, ки он ба гӯшаи фаромӯшӣ афтад:
Аз ин зоғсарони беобу  ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг,
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу Ҷашни  Сада. 

Чуноне ки Абулқосим  Фирдавсӣ фармудаанд, ин оташи муқаддасро нигоҳ доштан вазифаи имрӯзиён аст. 

Амонулло САЛИМЗОДА, 
президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ,                                                                        
Хуршед ДАВЛАТОВ, 
директори Институти чорводорӣ 
ва чарогоҳи АИКТ,
Маҷид САЛИМ, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 22.01.2025 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив