«ҶУМҲУРИЯТ» ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН
Таърихи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба таърихи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамбастагӣ дорад. Зеро рӯзномаи «Бедории тоҷик» — рӯзномаи Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ)-и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шурои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон буд.
Барои нашри шумораи нахустин рӯзномаи «Бедории тоҷик» дар ибтидои моҳи феврали соли 1925 дар баробари ходимони ҳизбӣ, давлатӣ, ходимони Шурои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон саҳм мегирифтанд.
Мутаассифона, то ба имрӯз муҳаққиқон ва муаррихони матбуоти тоҷик ҳангоми таълифи рисолаю мақола ҷойгоҳи Шурои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистонро дар ташкил ва нашри шумораи нахустин рӯзномаи «Бедории тоҷик» муайян накардаанд. Аммо дар таърихи матбуоти тоҷик сабт гардидааст, ки: «Бедории тоҷик» — рӯзномаи Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ)-и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шурои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон»
Ҷиҳати инъикоси масъалаҳои иттифоқи касаба ба саҳифаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар солҳои 1930-1932 муроҷиат намудем, зеро нисбат ба солҳои минбаъда, рӯзнома оид ба масъалаи иттифоқи касаба ва муаррифии он дар ҷомеа як қатор маводҳои муҳимро нашр кардааст.
Масалан, дар шумораи №14 (278) аз 17-уми январи соли 1931 рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» қарори бюрои КМ ҲК (б) дар Осиёи Миёнаро «Дар бораи равиши корҳои омӯзишӣ дар Осиёи Миёна» ба нашр расондааст. Дар қарори мазкур ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки ташкилотҳои иттифоқи касаба дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳо (колхозҳо) равиши омӯзишро дар мактабҳои деҳот зери назорат гиранд ва мустақилона ба кори мактабҳо кумак намоянд.
Солҳои 30-юми асри ХХ дар саҳифаҳои «Тоҷикистони сурх» тамоми қарору санадҳои иттифоқҳои касаба, аз ҷумла Иттифоқҳои касабаи Осиёимиёнагӣ тарҷума ва эродҳои ҷиддии кумитаҳои соҳавӣ нисбат ба фаъолияти иттифоқи касаба дар саҳифаи рӯзнома нашр мегардид.
Дар шумораи № 51 (1056) аз 4-уми марти соли 1932 музокираҳои раисони кумитаҳои соҳавӣ атрофи маърузаи раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон нашр гардидааст. Дар ҳамин шумораи рӯзнома Ғайбуллоев-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ҷумҳурӣ масъалаи таъсис наёфтани кумитаҳои маҳаллиро (ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба) дар муассисаҳои соҳаи маориф ба миён гузоштааст.
Агар муассисони рӯзномаи «Бедории тоҷик» дар нашри нахустинаш Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ)-и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шурои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон буданд, пас дар заминаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» таъсиси нашрияи муштараки Комиссариати халқии маорифи ҶШС Точикистон ва Кумитаи марказии Иттифоки касабаи коркунони маориф, мактабхои олӣ ва муассисахои илмии ҷумҳурӣ ба миён омад. Рӯзномаи «Барои маорифи коммунист», ки органи Комиссариати халқии маориф буд, аз санаи 7-уми ноябри 1938 бо номи «Газетаи муаллимон» (органи Комиссариати халкии маориф ва Кумитаи марказии Иттифоки касабаи коркунони маориф, мактабхои олӣ ва муассисахои илмӣ) номгузорӣ гардид.
Имрӯз дар даврони истиқлоли миллӣ дар алоҳидагӣ бо номҳои «Омӯзгор» (нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва «Ҳомии омӯзгор» (нашрияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) нашр мешаванд.
Ҳамин тавр, 100- солагии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба таърихи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамбастагӣ дорад. Дар давоми сад сол, аз нашри нахустини рӯзномаи «Бедории тоҷик» то шумораҳои имрӯзаи «Ҷумҳурият» садҳо мақолаҳо оид ба иттифоқи касаба ба таври барҷаста инъикос гардида истодааст.
Қурбоналӣ РАҲИМЗОДА, корманди дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 22.01.2025 №: 16