ДАРВОЗ. АВЛАВИЯТ БА ПАРВАРИШИ ЛИМӮ
Тибқи иттилои раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода, бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳли деҳот ва дигар масъулини ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, инчунин, рушди соҳаҳои афзалиятноки камхарҷу сердаромади лимӯпарварӣ, парвариши анору анҷир ва дигар анвои дарахтони мевадиҳанда машғул шуда, дар ин самт муваффақ ҳам ҳастанд.
Ба гуфти Амиршоҳ Маҳрамов, доктори илмҳои кишоварзӣ, сардори минтақаи илмӣ-озмоишии Дашти Роғаки Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қисматҳои поёнии ин минтақаи вилоят, ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Нулванд, Қалъаихумб ва Вишхарв иқлими субтропикӣ ва гарм доранд. Аз мавзеи Яхчисору Зиғар сар карда, то Кеврону Курговад ва Пошхарв барои парвариши бутта ва ниҳолону дарахтони субтропикӣ, аз қабили лимӯ, мондарину апелсин, анору анҷир ва токҳои ангур хеле мусоид аст. Аммо, мутаассифона, то истиқлолияти кишвар ба истиснои чанд лимӯхонаи Дашти Роғак дар музофотҳои хеле гарму нарм ва пурфайзи Дарвоз танҳо ба парвариши картошкаву сабзавоти барвақтӣ, инчунин, себу нок, зардолу, гелос, олуболу ва каму беш токпарварӣ аҳли деҳот машғул мешуданду халос. Хушбахтона, дар нахустин солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин камбудиҳо хотима гузошта шуда, бо тавсияи олимони табиатшинос ва самти кишоварзии ин минтақа дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии қисматҳои поёнии ноҳия аҳли деҳот ба парвариши лимӯ, анору анҷир ва дигар намуди дарахтони ситрусӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуданд. Дар ин бобат, барномаи махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз низ таҳия ва қабул гардид. Афзалияти ин барнома дар он буд, ки барои парвариши лимӯ, анору анҷир ва токпарварӣ на танҳо аз ҳисоби заминҳои обӣ, балки аз маконҳои санглох ҳам истифода бурдан, аз ҷониби коршиносони соҳа тавсияҳои илмӣ дода шуд. Тамоми буттаҳои лимӯ, апелсин, мандарин, анору анҷир ва қаламчаҳои ангур аз маркази саҳроии илмӣ-таҷрибавии Дашти Роғак ва минтақаи Кӯлоб ба деҳқонон ҳам ройгон ва ҳам бо нархи арзон дастрас гардиданд.
Ҳоло бо гузашти зиёдтар аз бисту панҷ сол ин соҳаҳои камхарҷи сердаромад дар минтақаҳои поёнии иқлими субтропикидоштаи ноҳияи Дарвоз хеле рушд ёфтаанд. Дар ин давра дар мавзеи Дашти Роғак, киштзорони санглохи деҳаҳои Яхчисор, Зиғар, Нулванд, Ёгед, Паткунобу Дуробак, Зингу Умарак, Рузвай, Кеврон ва Зингироғ зиёда аз 120 гармхонаи парвариши лимӯ бунёд карда шуд. Олимон дар ҳавои кушод дар фасли баҳору тобистон парвариш намудани буттаҳои лимӯро тавсия доданд. Дар кӯтоҳтарин фурсат дастовардҳо хеле назаррас гаштанд. Солҳои зиёд агар лимӯ ва дигар анвои меваҳои ситрусиро барои фурӯш аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб ба Дарвоз меоварданд, ҳоло бошад, ин маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи шифобахшро ба шаҳи Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва берун аз он деҳқонони дарвозӣ ворид месозанд. Дар ин давра дар домони кӯҳсорон ва маконҳои санглохи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Нулванд, Қалъаихумб ва Вишхарв ҳазорҳо бех ниҳолҳои анору анҷир ва токҳои ангур низ шинонда шуда, ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки хоки Дарвоз ҳосилхез аст ва соли гузашта ниҳолони лимӯ то 300-400 дона мева бор оварданд. Оби мусаффои ин диёр ба он мусоидат кардааст, ки лимӯи ин минтақа тоза ва таъми хуш дошта, дармонбахш аст.
Раиси ноҳия Умедҷон Носирзода, ҳамчунин, иброз дошт, ки ҳоло ноҳияи Дарвоз аз минтақаи воридкунандаи лимӯ, анору анҷир ва ангур ба содироткунандаи ин маҳсулотҳои бозоргир ба шаҳру навоҳии вилоят ва дигар минтақаҳои мамлакат ва берун аз он табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар ин фасли зимистон меваҳои субтропикӣ дар бозор, мағоза, марказҳои савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ дар қуттиҳо ва зарфҳои махсуси зебо бо навиштаҷоти «Лимӯи Дарвоз», «Асали Дарвоз» ва «Анори Дарвоз», инчунин, нушобаҳо ва шарбати меваҳои ситрусӣ фаровон аст. Ин маҳсулотҳо дар корхонаҳои коркарди меваҳои парки инновастсионии деҳаи Дуробаки деҳоти Қалъаихумб тайёр ва бастабандӣ мешаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор