МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон дар назди омӯзгорону устодон ва ҷавонону бонувон вазифаҳои нав гузошт.
Дар Паём зикр шуд, ки яке аз шартҳои дар қатори давлатҳои мутамаддин қарор гирифтани Тоҷикистони азиз, босавод ва соҳиби касбу ихтисос, забондон будани ҳар фарди он аст. Саводнокии миллат аз саводнокии ҳар фарди ҷомеа сарчашма гирифта, ин раванд тавассути муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тарбияи хонаводагӣ сурат мегирад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо мактабу кӯдакистонҳои зиёд сохта шуда, пояи моддӣ-техникии ҳамаи зинаҳои таҳсилот нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Танҳо тайи се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба истифода дода шуданд.
Бо вуҷуди ин, нарасидани омӯзгорони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи мушкилоте ба шумор мераванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст. Аз ин рӯ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паём ҳушдор доданд: “Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд.” Оре, ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, ки омӯзгор бояд дорои тафаккури баланд ва фазилати педагогӣ бошад, аз технологияҳои муосири иртиботӣ истифода бурда тавонад ва дар ҷараёни дарс аз методҳои фаъоли таълим кор гирад.
Саводнок ва соҳиби касб шудани ҷавонон кафили саодати худи онҳо ва татбиқи ормонҳои олии инсонӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мост. Ё ба таъбири Сарвари давлат: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Аз инҷост, ки масъалаи соҳибилму соҳибмаърифат намудани ҷомеа тули асрҳо дар мадди назари равшанфикрону донишмандон қарор дошт ва ба тарбияи фарзандон дар роҳи аз бар намудани илму маърифат диққати махсус дода мешуд. Маҳз натиҷаи чунин таваҷҷуҳ буд, ки гузаштагони пурифтихори мо ба олам фарзандони фарзонаеро, ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва садҳои дигар эҳдо намуданд. Эҷоди пурмаҳсули гузаштагони мо дар бахшҳои гуногуни илм, аз ҷумла тиб, риёзиёт, нуҷумшиносӣ, ҷуғрофиё дар тамоми олам мавриди истифода қарор гирифта, нуфузи миллати соҳибтамаддунамонро боло бурдаанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ низ барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти аҳли зиёи кишварро дақиқу мушаххас намуда, махсус иброз доштанд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии худ ва баланд бардоштани маърифатнокиаш саъю талош намояд.
Аз ин рӯ, мо – омӯзгорону устодон, волидон ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат самимонаву содиқона саъй намоем ва ояндаи дурахшонро бо дастони худ созем.
Муборак САФАРОВА, омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17