ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОРАТОРИЙ. ИҚДОМЕ, КИ САМАРАИ ПУРМАҲСУЛ ДОРАД

МОРАТОРИЙ. ИҚДОМЕ, КИ САМАРАИ ПУРМАҲСУЛ ДОРАД

23 январ 2025, Панҷшанбе
5
0


Мусаллам аст, ки ҷиҳати рушду нумуи кишвари маҳбубамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми соҳибкорон хеле назаррас мебошад. Хосса, бунёди бесобиқаи иншооти гуногун, аз қабили биноҳои хушсохти муосир, корхонаҳои истеҳсолии хурду калон, роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва марказҳои ҷолиби хизматрасониву боғу гулгаштҳо маҳз самараи заҳматҳои шабонарӯзии чунин афроди бонангу ори миллат маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки фаъолияти онҳо пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо ғамхориву дастгириҳои арзанда фаро гирифта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари имтиёзҳое, ки соҳибкорон аз онҳо бархӯрдоранд, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтару мусоид дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус дорад. Бори панҷум эълон намудани як иқдоми муҳиму саривақтӣ – мораторий гувоҳи ин гуфтаҳоянд.   
Чунонки Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, доир ба ин масъала изҳор дошт,  муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим мегардад. Он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз мекунад.
Тибқи муқаррароти Қонун, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мораторий ба ҳама намуди санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ то 1-уми январи соли 2021 эълон гардида буд, ки тақрибан 2000 субъекти хоҷагидорро дар 24 соҳаи истеҳсолӣ фаро гирифт. Дар натиҷаи ислоҳоти гузарондашуда шумораи санҷишҳо беш аз 6 маротиба коҳиш ёфта, аз 300 ҳазори соли 2016 то 48 ҳазор дар соли 2020 кам шуд.
– Бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қабул гардида, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа шумораи сохторҳои бақайдгиранда аз 4 ба 1 адад ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам гардид, – гуфт Р. Фарҳодшоҳ.
Дар робита ба татбиқи фармони мазкур  ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ вобаста ба мақомоти Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти назоратӣ дар ҷумҳурӣ  манъ карда шуда, санҷишҳо танҳо дар ҳолати истисноии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешаванд.
–  Албатта, пешниҳоди Пешвои муаззами миллатро дар мавриди эълон кардани мораторияи навбатӣ, ки дар Паём ироа гардид, ҳамаи мо дастгирӣ менамоем. Зеро ин амал, пеш аз ҳама, барои пешрафти бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармоя, фароҳам овардани шароит ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, дар ин замина, рушди иқтисоди миллӣ саривақтӣ аст. Бо дарназардошти ин, дар Агентӣ тасмим гирифта шуд, ки фаъолиятро боз ҳам тавсеа диҳему аз ҳоло нақшаҳои фаъолияти минбаъдаро ба танзим дарорем. Мо –  сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, бояд роҳу усулҳоеро пайдо намоем, ки барои иҷрои қонунҳо заминаи мусоид фароҳам оварад ва аз тарафи дигар, соҳибкор иҷрои ҳатмии қонунро маданияти баланди шаҳрвандӣ ҳисоб намояд. Аз ин сабаб, дар давраи мораторий аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо соҳибкорону фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани сифату рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок боз ҳам тақвият дода мешаванд, – изҳор дошт Мурод Ашуров, корманди Агентии «Тоҷикстандарт». 
Ба гуфтаи номбурда, таҷрибаи мазкур, яъне тавсеаи ҳамкорӣ бо соҳибкорону корҳои фаҳмондадиҳӣ дар соли 2024 натиҷаи дилхоҳ дода буд. Аз ҷумла, дар ин давра тавассути гузарондани вохӯрӣ ва семинар-машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост 225 000 килограмм маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузашта буд, ба анбори нигоҳдории муваққатии Агентӣ супурда шуд.
– Вазъи имрӯзаи соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки дар самти баланд бардоштани маърифатнокӣ соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватанӣ  оид ба дастрас намудани иттилооти зарурӣ, аз ҷумла ба дастгирии мо – мақомоти салоҳиятдор ниёз доранд ва мо низ  ба ин омодаем, – мегӯяд М. Ашуров.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив