ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР. НАҚШИ ОН ДАР  РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР. НАҚШИ ОН ДАР  РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

23 январ 2025, Панҷшанбе
2
0


Имрӯзҳо иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар ҷаҳони муосир ба яке аз самтҳои асосии рушд ва пешрафти кишварҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд, талош намуда истодааст, ки ин самтҳоро дар иқтисод ва иҷтимоиёт ҷорӣ созад. 
Дар ин раванди мураккаб, нақши журналистика ҳамчун як василаи муҳими иттилоотрасонӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Таҳаввулоти замони муосир, ки аз ҷониби технологияҳои рақамӣ ва инноватсияҳои технологӣ пеш бурда мешавад, таъсири бузурге ба журналистикаи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон ба журналистикаи Тоҷикистон гузошта истодааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз омилҳои калидии таҳкими нақши ВАО дар ҷомеа ин рушди инноватсия дар соҳаи журналистикаи муосири тоҷик мебошад. Албатта, ворид кардани технологияҳои нав ба раванди фаъолияти журналистика ба рушди сифат ва васеъшавии имкониятҳои ин соҳа мусоидат мекунад. Мусаллам аст, ки бо пайдоиши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, журналистика аз шакли анъанавии худ берун рафта, ба фазои рақамӣ ворид шудааст. 
Имрӯз, бештари нашрияҳо ва хабаргузориҳо сомонаҳои интернетӣ саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъсис додаанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, то дар фурсати кӯтоҳ хабарҳои тоза ва муҳимро ба хонандагон расонанд.
Технологияҳои нав, аз ҷумла таҳлили додаҳо, журналистикаи иттилоотӣ ва истифодаи платформаҳои мултимедиявӣ ба хабарнигорон имконият медиҳанд, ки маводи пурмазмун ва ҷолиб таҳия кунанд. Масалан, сохтани инфографика, подкастҳо ва видеои кӯтоҳ, ки барои ҷалби бештари аудитория мусоидат мекунанд, дар солҳои охир дар фазои журналистикаи тоҷик низ маъмул гаштаанд. 
Нақши журналистика дар рушди иқтисоди рақамӣ назаррас аст, зеро журналистика метавонад ҳамчун воситаи асосии иттилоотонӣ ба мардум хизмат кунад. Пешниҳоди маълумоти дақиқ ва фаҳмо дар бораи технологияи рақамӣ ва имкониятҳои он самти муҳими нақши журналистика дар ин соҳа мебошад. Журналистикаи таҳқиқотӣ метавонад мушкилот ва монеаҳои мавҷударо нишон диҳад ва барои ҳалли онҳо роҳҳои дурустро пешниҳод кунад.
Бо иттилоотрасонӣ, таҳлили муаммоҳо, омӯзиши ҷамъият, ташвиқи саводнокии рақамӣ ва маърифати мардум, бешак, журналистика метавонад ба рушду пешрафти иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.
Васоити ахбори омма ҳамеша иттилооти дақиқ ва навро дар бораи таҳаввулоти иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои нав пешкаш мекунанд. Ин иттилоот барои соҳибкорон, таҳлилгарон ва сиёсатмадорон барои қабули қарорҳои оқилона муҳим аст. Тарғиб инноватсия аз ҷониби ВАО метавонанд рушди маҳсулот ва хизматрасониҳои навро таблиғ кунад ва барои соҳибкорон ва ширкатҳо платформаи муҳими таблиғотиро фароҳам оварад. Таҳлили макроиқтисодӣ аз ҷониби расонаҳо маълумоти муҳим дар бораи тамоюлҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод мекунад, ки барои рушди тиҷорат ва навоварӣ зарур аст. Нашрияҳо, телевизиону радио бо муҳаққиқон ва коршиносон ҳамкорӣ мекунанд, ки ин барои таҳқиқи самтҳои нави иқтисодӣ ва инноватсионӣ кӯмак мекунанд. Ба соҳибкорон ва стартапҳо платформаҳое фароҳам меоранд, ки тавонанд маҳсулоти худро муаррифӣ кунанд ва таваҷҷуҳро ба навовариҳои худ ҷалб созанд.
 Албатта, барои пешрафт дар ин соҳа якчанд монеаҳо вуҷуд доранд, ки нарасидани маблағгузорӣ ва захираҳо, норасоии мутахассисони баландпоя аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Имрӯзҳо бисёре аз расонаҳо бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва ин албатта, ба ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта халал мерасонад.
Таъмини мутахассисони соҳибкасб дар шароити ҷаҳони рақамӣ хеле муҳим мебошад ва ин омил тақозо мекунад, васоити ахбори омма ба такмили ихтисоси мутахассисони хеш таваҷҷуҳ намуда, ба баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандон, омӯзиши асосҳои кори рақамӣ, аз ҷумла кор ба платформаҳо ва барномаҳои гуногуни техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Истифодаи бехатар аз технологияҳо, омӯзиши асосҳои киберамният ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, таҳлил ва коркарди маълумот, омода кардани ҷавонон барои кор бо маълумоти калон (Big Data) ва зеҳни сунъӣ низ хеле муҳим аст.
Бояд гуфт, ки дар замони рақамикунонӣ, бештар аз дигар васоити ахбори омма рӯзномаҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд. Таҳаввулоти техникиву рақамӣ ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти рӯзнома таъсир расонидааст. Дигаргуниҳо  аз тарзи таҳия ва нашри мавод то ба муносибати хонандагон бо хабару маълумот таъсири хешро гузоштааст. Рақамикунонӣ ба рӯзномаҳо имконият дод, ки мундариҷаи худро ба интернет гузоранд ва онро ба аудиторияи ҷаҳонӣ пешкаш кунанд. Ин тағйирот маънои онро дорад, ки хонанда бо пахши тугмаи компутар ва ё телефон ба суроғаи электронии мавод дастрасӣ пайдо мекунанд.
Албатта, таъсири технология ба истеҳсоли мавод низ бетаъсир нест. Технологияҳои рақамӣ раванди таҳияи мақолаҳо ва хабарҳоро осонтар ва тезтар карданд. Журналистон акнун метавонанд бо истифода аз компютер, смартфон ва интернет хабарҳоро таҳия ва дар муддати кӯтоҳ интишор кунанд. Инчунин, василаҳои мултимедиявӣ, аз ҷумла аксҳо, видеоҳо ва инфографикаҳо ба мазмун ва таъсиргузории мавод ҷолибияти бештар мебахшанд.
Фаромӯш набояд кард, ки бо гузариш ба муҳити рақамӣ, талабот ва рафтори хонандагон низ тағйир ёфтааст. Онҳо акнун мундариҷаро бештар аз тариқи смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мехонанд. Ин маънои онро дорад, ки рӯзномаҳо бояд формати мундариҷаи худро мутобиқ кунанд, то диққати хонандагонро ҷалб намоянд.
Ҳамзамон даромади анъанавии рӯзномаҳо, ки аз реклама ва фурӯши обунаҳои чопӣ ҳосил мешуд, дар муҳити рақамӣ коҳиш ёфт. Бояд рӯзномаҳо барои даромади иловагӣ обунаҳои онлайнӣ, рекламаи рақамӣ ва моделҳои гуногуни монетизатсияро истифода баранд, ки дар ин самт ба рӯзномаҳои маҳаллӣ кор хеле зиёд аст.
Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони рақамӣ, паҳншавии ахбори нодуруст ё дурӯғ мушкилоти ҷиддӣ эҷод кардааст. Рӯзномаҳои касбӣ бояд бо ин зуҳурот мубориза баранд ва бо пешниҳоди иттилооти дақиқу боэътимод обрӯи худро нигоҳ доранд.
Рӯзномаҳо бояд технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумоти калон ва таҷрибаҳои интерактивиро барои ҷалби хонандагони нав истифода баранд. Инчунин, онҳо дар самти фароҳамсозии платформаҳои ҷолиб барои муҳокимаи ҷомеа саҳм гузоштан ба манфиати кор аст.
Татбиқи технологияҳои муосир ва ҷаҳонишавӣ рӯзномаҳоро ба марҳалаи нав ворид кардааст, ки дар он ҳам имкониятҳо ва ҳам мушкилоти нав вуҷуд доранд. Барои муваффақ шудан, мо – рӯзноманигорон, бояд бо истифодаи стратегияҳои эҷодӣ ва технологияҳои пешрафта ба шароити тағйирёбанда мутобиқ шавем.
Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои журналистони тоҷик имкониятҳои нав фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, барои истифодаи пурра аз ин имкониятҳо, зарур аст, ки давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ фаъолият кунанд. Дар ин раванд, журналистика бояд ба ҳайси неруи иттилоотӣ ва ҳамоҳангсози байни ҳамаи тарафҳо хидмат кунад, зеро воситаи ахбори омма минбари муҳими паҳн намудани маълумот ва ҳамкории ҷомеа дар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба ҳисоб меравад.

Сурайё ҲАКИМОВА, рӯзноманигор

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив