ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИШОВАРЗӢ.  АСРОРИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН

КИШОВАРЗӢ.  АСРОРИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН

23 январ 2025, Панҷшанбе
10
0


Мавсими киштукори баҳорӣ наздик мешавад. Деҳқонон барои гирифтани ҳосили баланд аз ҳоло омодагӣ  дида, дар рӯзҳои офтобӣ ҷӯю обравҳоро тоза менамоянд. Кишоварзон бо мақсади ба даст овардани  фоидаи бештар зироатҳои нисбатан  бозоргирро  кишт мекунанд, вале на ҳама огоҳанд, ки сабзавоту  дарахтон низ ҳамсояҳои «хуб» ва «бад» доранд. Агар зимни кишти зироатҳо дар саҳро ё ҳавлӣ ин нозукӣ ба эътибор гирифта шавад, ҳосили фарвон ба даст хоҳад омад. Илова бар ин, интихоби дурусти «ҳамсоя» барои ҳар як  зироат боиси ҳимоя аз бемориҳо ва зараррасонҳо низ мешавад.
Сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Сайфиддин Садриддинов зимни суҳбат иброз намуд, ки ҳар як рустанӣ аз худ ба муҳит моддаҳои органикии гуногун, ба монанди  фитонсидҳо, колинҳо ва ғайра ихроҷ мекунад. Ин моддаҳо ба баъзе рустаниҳои дар наздашонбуда таъсири хуб мерасонанду ба баъзеи дигар таъсири бад. Инро дар илми кишоварзӣ  аллелопатия меноманд. Масалан, фитонсидҳои аз дарахти сафедор хориҷшаванда инкишофи микроорганизмҳои зараррасонро боздошта, нашъунамои рустаниҳои дар  наздикашон бударо беҳтар мекунанд. Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳо дар атрофи  майдонҳои кишт дарахти сафедор  мешинонанд. Ҳангоми дар наздикии ҳамдигар  шинондани помидор ва райҳон (дар фосилаи 25 сантиметр) ҳосилнокии помидор қариб 20 дарсад зиёд мешавад. Зеро бӯи райҳон зараррасонҳои помидорро  мегурезонад.
Ба гуфтаи Сайфиддин Садриддинов, кишти омехтаи зироатҳо таърихи дерина дорад. Ҳанӯз асрҳо қабл ҳиндуҳои амрикоӣ тибқи таҷрибаи дерина ҷуворимакка, лӯбиёиҳо ва кадуро дар як ҷӯяк кишт мекарданд. Каду тавассути баргҳои калонаш хоки ҷӯяро аз тафсидан ҳифз намуда,  бухоршавии намиро бозмедошт ва сабзиши алафҳои бегонаро низ пешгирӣ мекард. Ҷуворимакка аз сабаби баланд сабзидан ба каду соя афканда, мисли сутун барои печида  баландтар нашъунамо кардани лӯбиёиҳо мусоидат менамуд. Лӯбиёиҳо бошанд, нитрогени ҳаворо гирифта, дар реша ҳамчун нитрогени биологӣ захира ва заминро ҳосилхез мекарданд.
Мувофиқи таҷрибаҳо барои боимҷону картошка  лӯбиёиҳо беҳтарин ҳамсояанд, зеро зироатҳои лӯбиёӣ гамбусаки колорадиро, ки душмани  ашаддии картошкаю боимҷонанд, мегурезонанд. Дар навбати худ, картошкаю боимҷонро наздик шинондан дуруст нест, зеро онҳо беморию  зараррасонҳои муштарак доранд. Картошка ҳамсоягии бодиринг, каду, карафс ва офтобпарастро низ дӯст намедорад.
Барои карам ва гулкарам (брокколи) бошад, карафс (селдерей), бодиринг, сабзӣ, помидор, лаблабу ва исфанох (шпинат) ҳамсояҳои хуб мебошанд.
Агар як қатор карам ва як ҷӯяки борик шибит (укроп) кишт гардад, шира ва кирм ба карам наздик намешаванд.
Олими маъруф Сайфиддин Садриддинов мегӯяд, ки сабзӣ худро дар ҳамсоягии пиёз хуб ҳис мекунад, зеро сабзӣ зараррасонҳои пиёз ва дар навбати худ пиёз бо бӯи тезаш зараррасонҳои сабзиро дур месозад. Пиёз, инчунин, ҳамсоягӣ бо лаблабу, бодиринг, шалғамча (редис) ва исфанохро дӯст медорад.
Ҳоло бисёриҳо дар ҳавлӣ тути заминӣ (қулфинай, земляника) парвариш мекунанд. Дар баробари чобуқу ягона ва аз алафҳои бегона тоза кардани ҷӯякҳои тути заминӣ, ба он ҳамсояҳои хуб интихоб бояд кард. Лӯбиё, ҷаъфарӣ (петрушка), исфанох, сирпиёз (чеснок), шалғамча, пиёз, лаблабу ва шибит барои тути заминӣ ҳамсояҳои хуб ба шумор мераванд. 
Маслиҳатҳои дар боло  баёншудаи ин олими пухтакор барои  фермерону деҳқонони ҷумҳурӣ ва ҳар сокини мамлакат муфид аст. Агар мо  аз ҳоло дар майдони кишт «ҳамсоядории хуб»-и зироатҳоро ба нақша гирем, умед аст, ки ҳосили хушсифату фаровон ба даст хоҳем овард.

Сайфиддин СУННАТӢ

Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив