ҚАРОРИ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 январ 2025, Панҷшанбе
110
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ
Мувофиқи моддаҳои 37 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
1. Барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ – Телевизиони «Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», радиои «Тоҷикистон», радиои  «Овози тоҷик», радиои «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг» ва телевизиону радиоҳои давлатии маҳаллӣ ба ҳар як ҳизби сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда шавад.
2. Барои ҳизбҳои сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шавад.
3. Ҳизбҳои сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои гузарондани ташвиқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2025, №50 тасдиқ шудааст, маводи ташвиқотиро дар воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар асоси шартнома чоп кунанд. 
4. Маводи ташвиқотии ҳизбҳои сиёсии рӯйхати номзадҳояшон бақайдгирифташуда ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар матбуот таҳти унвони «Интихоботи вакилони халқ – 2025» нашр карда шаванд.
5. Ҳамин қарор расман интишор карда шуда, дар сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии 
Ҷумҳурии ТоҷикистонБ. ХУДОЁРЗОДА 
Котиби Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии 
ҶумҳурииТоҷикистонН. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 16 январи соли 2025, № 60
ҚАРОРИ 
Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ ПЕШБАРИИ РӮЙХАТИ НОМЗАДҲО, КИ АЗ ТАРАФИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ БА ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ЯГОНАИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ПЕШНИҲОД ШУДААНД
Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
1. Рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсии зерин ба ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳодшуда тасдиқ карда шавад:
- рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (замимаи 1); 
- рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон (замимаи 2); 
- рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (замимаи 3);
- рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (замимаи 4); 
- рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон (замимаи 5); 
- рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (замимаи 6). 
2. Нусхаи рӯйхати тасдиқкардашуда ба ҳизбҳои сиёсии дар банди 1 ҳамин қарор зикршуда ирсол карда шавад.
3. Ҳизбҳои сиёсии дар банди 1 ҳамин қарор зикршуда, ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои номзадҳоро мувофиқи рӯйхатҳои тасдиқгардида тибқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд. 
Раиси Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии ТоҷикистонБ. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии 
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии ТоҷикистонН. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 16 январи соли 2025, № 57
Замимаи 1
ба қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 16 январи соли 2025, № 57
Рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳо аз 
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
1. Латифзода Рустам 
2. Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит
3. Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 
4. Холбойзода Неъматулло Холбой
5. Ниязов Нурали Сафарович 
6. Қодиров Бобоҷон Мақсудович
7. Мирзозода Музаффар Бурҳон
8. Исоқов Муродҷон Толибҷонович
9. Усмонзода Мансур Салом
10. Ҳотамова Муҳайё Ғафуровна
11. Абдуллозода Одилҷон Пардаали
12. Аюбов Сино Хайруллоевич
13. Шоназар Ҷилваи Муносиб
Замимаи 2
ба қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 16 январи соли 2025, № 57
Рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳо аз
Ҳизби Демократи Тоҷикистон
1. Шаҳбози Аброр
2. Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен
3. Мирзоева Зуҳро Акобировна
4. Сайҷаҳфаров Илйёс
Замимаи 3
ба қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 16 январи соли 2025, № 57
Рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳо аз
Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон
1. Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод 
2. Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар
3. Маҷидзода Сарвиноз Комил
4. Ализода Зафари Аҳмадҷон
5. Солизода Наима Шодибой
6. Изатуллозода Эмомали
7. Абдураҳмонзода Абдусалом Абдураҳмон
8. Бобозода Комил Олимҷон
9. Зувайдова Шарбону Ҳисаиновна
10. Раҳматзода Рустам
11. Шарифзода Баҳром Маҳмуд
12. Мусоев Фарҳод Маҳмадрасулович
13. Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода
Замимаи 4
ба қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 16 январи соли 2025, № 57
Рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳо аз
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 
1. Абдуллоев Мироҷ Санонович
2. Почоев Иномҷон Исломбоевич
3. Мирасанова Заррагул Боваровна 
4. Ҳасанов Отахон Фатоҳевич
5. Умарзода Абдуҷаббор Қаҳор
6. Ҳамидов Ҳикматулло 
Замимаи 5
ба қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 16 январи соли 2025, № 57
Рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳо аз
Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон
1. Ҳалимзода Ғулом Ғанӣ
2. Аҳмадзода Муртазо Содиқ
3. Саидошурова Давлатхоним  Лукмоншоевна
4. Раҷабова Меҳринисо Нуралиевна
5. Юсупов Маъруф Мадалихоҷаевич
6. Аброқулова Майсара Донабоевна
Замимаи 6
ба қарори Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 16 январи соли 2025, № 57
Рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳо аз
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
1. Шермуҳаммад Шоҳиён 
2. Матробиён Саодатшо Қосимзода 
3. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ 
4. Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид
5. Исҳокӣ Ҳусния Давлаталӣ  
6. Маҳмудзода Аҳмад Маҳмуд 
7. Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф 
8. Набизода Тоҳир Толиб 
9. Мусоҷонзода Ҷамила Мансур 
10. Ҷалолзода Миршакар Саид
11. Бобоиён Мадина Абдуяқинзода 
12. Муродуллозода Дилноза Муродулло 
13. Абдулмаинзода Зарина Қадамшо 
14. Сафарзода Хуршед Ҳайдар
15. Иброҳимзода Зафаршо Сафо 
16. Ғафорзода Ҷонона Ғафор
17. Шодиён Исматулло Раҳматуллозод 
18. Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло 
19. Қодирзода Фарҳод Анвар
20. Қосими Назокат Шерали
21. Каримзода Мирзоқосим 
22. Неъматзода Насрулло Исматулло 
23. Ҳамидиён Орзу Зубайдулло 
24. Усмонзода Аюб Ислом 
25. Суярова Сарвиноз Ҷумъаевна 
26. Шарифзода Фарангис Худои 
27. Азимзода Азимҷон Бахтиёр
Санаи нашр: 23.01.2025 №: 17