ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШИРКАТҲО, ШАБАКАҲО: АЗ ҲАҚИҚАТ ТО ДУРӮҒУ ФИРЕБ

ШИРКАТҲО, ШАБАКАҲО: АЗ ҲАҚИҚАТ ТО ДУРӮҒУ ФИРЕБ

12 апрел 2023, Чоршанбе
17
0
Боиси шукргузорист, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ миллионҳо нафар сокинони кишварамон телефони ҳамроҳӣ (мобилӣ) доранд ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзу шаб истифода мебаранд. Ба ин васила дониш меомӯзанд, аз вазъи ҷаҳони мураккаб хабардор мешаванд. Ба ҷуз ин, ба бисёре аз маълумоти зарурӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Инчунин, ба саволҳои додаи худ зуд посух мегиранд. 
Ҷойи таассуф дар он мебошад, ки аксар аз он суиистифода мекунанд ва ҳам он ба як навъ беморӣ табдил ёфтаасту бешак, ба тандурустӣ, ҳолати равонии шахс таъсири манфӣ мегузорад. 
 
Пӯшида нест, ки ташкилоту гурӯҳҳои махсус бо истифода аз ин техникаву технологияи пешрафта бархе аз ҷавонони кишвари моро низ мағзшӯӣ кардаанду ба ҷангҳо «ҷиҳод»-ҳо даъват ва сафарбар намудаанд. Ин афрод на танҳо ба устодон, балки ба падару модару бародару хоҳари худ ҳам пас аз он душман шудаанд. Яъне, онҳо ҳам мебоисту мебояд, ки мисли ин афрод бияндешанду дар мубориза бошанд. Пас аз ошноӣ ба навиштаҳову даъватҳояшон кас дар тааҷҷуб мемонаду таассуф мехӯрад, ки баъзан намояндагони ин миллат на дониши казоӣ доранд ва на фиреби хоҷагонашонро дарёфтаанд. Мепиндоранд, ки ҳақиқатро шинохтаанд ва ҳақ ҳамеша дар ҷониби онҳост. Гиряву зориву даъватҳои волидайн барои баргаштан аз роҳи хато ба дили сангашон асар намегузорад. Аз он ҳам намеандешанд, ки волидонашон ин афродро бо чи мушкилоту душвориҳо зодаанду ба воя расондаанд.
Аксар навиштаҳо пур аз ғалати имлоӣ ва мантиқӣ мебошанд ва ба ин сурат онро истифодабарандагон қабул мекунанд. Дар ин маврид хатоҳо аз яке ба дигарон интиқол меёбад.
Ҳатто дину тариқи ибодатро мехоҳанд аз шабакаҳо биомӯзанд. Ҳол он ки дар баъзе мавридҳо бе шинохти олими асилу шиносандаи равиши дуруст кас на дини ростинро омӯхта метавонад ва на тарзи ибодатро. Дар натиҷа ихтилофҳо сар мезананд ва яке дигареро рад месозаду таҳқир мекунад.
Эълону рекламаҳои зиёди зараровар рӯз ба рӯз дар ҳоли афзудан мебошад. Аз ҷумла, гӯё кадом шахсияти машҳури олами варзиш ва донишманди маъруф мусулмон шудаанд. Бо истифода аз техникаву технологияи навин ӯро дар либоси исломӣ намоишашон медиҳанд ва дар ин ҳол гӯё расман эътироф мекунанд, ки ислом дини ростин аст. Ҳол он ки ин гуна шахсон аз маргашон хабар доранду аз рӯ ба ислом оварданашон не. Бар ин асар миллионҳо нафар ҳақораташон мефиристанд ва шабакаҳо пул кор мекунанд.
Бархе аз табибон ҳам бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ худро тарғиб мекунанд ва барои давои бемориҳо андешаҳо, тарзи табобаташонро пешниҳод менамоянд. Бе ин ки дар ин хусус ба табибони ҳозиқи кишвар рӯ биёрем ва бипурсем, ки аз ин ё он дору истифода бикунем ва ё не, на танҳо ба навъе бе ташхиси пурра ба табобати худ машғул мешавем, балки дигаронро ҳам ташвиқ мекунем.
Ҳолиё дар олами савдо ҳам муборизаҳои шадид рафта истодаанд.
Чанде пеш доруи бисептолеро тарғиб менамуданд, ки ба таъкидашон аз он истифода накунем, чун дар таркибаш вирусҳои кушандаи инсониро ҷой додаанд. Инчунин, гӯё Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эълон кардааст, ки хурмоҳои ин кишварро пеш аз хӯрдан ҳатман бишӯянд, чунки як навъ шабпарае бар онҳо дар дарахтҳо нишаста ва вирусҳоро паҳн намудаанд. Аз хамираи дандоншӯие низ гуфтаанд, ки дар онҳо хуни муш омехта кардаанду ба ин васила оҳиста-оҳиста заҳрҳои кушандаро ба вуҷуди одамҳо ҷой менамоянд. Навъи конфетаро ҳам нишон додаву дар хусуси истеҳсолашон гуфтаанд, ки аз як навъ ҳайвоноте истифода месозанд. Дар охир таъкид мекунанд, ки барои наҷоти дӯстону наздиконатон ҳатман наворро бифиристед.
Дар ин ҳол ҳама дар ташвиш, ранҷу азоби дарунӣ ба даҳҳову садҳо нафар эълонҳои дурӯғинро ирсол менамоянд. Маълум аст, ки як ширкати номаълум ба ширкати овозадори дигар мехоҳад зарари иқтисодӣ биёрад. Шабакаҳо бошанд, бо истифода аз содагии мо маблағи зиёди пулӣ ба даст меоранд.
Чаро намеандешем, ки масъулони соҳаҳо дар кишвари мо фаъолияти чашмрас доранд ва намегузоранд доруву молҳои зараровар барои шаҳрвандонамон ворид шаванд? Андак андешидан кофист, ки дарёбем,  ки  ин қадар муш, ҷонвари бисёр хурди махсус дар дарахтонбударо ширкатҳои бузурги дунё чи навъ ба даст оварда метавонанд. Нархи дастрасиву истифодаи ин ҷонварон аз нархи маҳсулоти баровардаашон қимат меафтад. Бешак, ҳеҷ ширкати маъруфу машҳур ба зарари худ ва инсоният кор ва моле истеҳсол наменамояд. Аз куштани мо – аҳли сайёраи Замин онҳо чӣ бурд мекунанд? Баръакс, ҳавасманданд, ки аз молашон бештар истифода бишавад. Дар сурати мурдани одамон онҳо барои кӣ фаъолият ва мол истеҳсол мекунанд?
Бояд донову зирак бошем. Некро аз бад фарқ гузошта тавонем. Бо пулҳое, ки барои чунин роҳнамоиву маълумотҳои нодурусту фиребҳо сарф мекунем, беҳтар аст, дониш биандӯзем, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоем ва ба қадри вақт, умри азизамон бирасем.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.04.2023 №: 75 - 76
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив