ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ».  ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ  ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ СУҲБАТҲО

«ҶУМҲУРИЯТ».  ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ  ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ СУҲБАТҲО

24 январ 2025, Ҷумъа
12
0


Мусоҳиба аз жанрҳои серистеъмоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Интихоб шудани чеҳраҳои сиёсӣ ба ҳайси мусоҳиб ифодакунандаи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии замонанд. Ҳарчанд рӯзнома ҳафтае танҳо ду маротиба нашр мешуд, давоми моҳи октябри соли 1994 дувоздаҳ мусоҳиба бо намояндагони ҷумҳуриву берун аз он рӯи чоп омадааст. 
Бояд гуфт, ки дар ҳамин радиф рӯзноманигорони хориҷӣ низ ба вазъи Тоҷикистон мароқ зоҳир карда, бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбатҳои зиёде оростаанд. Рӯзноманигорон ба Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори таҷрибадор рӯ оварда, марому мақсади ояндаи кишвари моро баён доштаанд. Чанд намунаи мусоҳибаҳои нашрияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем.  

«МАЙДОНИ ҶАНГ ҶОИ ГУФТУШУНИД НЕСТ»
Бояд зикр намуд, ки он солҳо бештар хабарнигорони рус ба вазъияти Тоҷикистон мароқ зоҳир кардаанд, ки ҷониби мухотаб Президенти мамлакат қарор гирифтаанд. «Майдони ҷанг ҷои гуфтушунид нест» («Ҷумҳурият», 5-уми феврали соли 1994, бознашр аз «Красная звезда») мусоҳибаи полковник Анатолий Ладин, корманди рӯзномаи «Красная звезда», бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар саволгузорӣ аз мавзуъ пурра воқиф будани мусоҳиб ба назар расад ҳам, он чизҳоеро мепурсад, ки ҷавобаш аз уфуқҳои маълум ба муаллиф равшан аст. Масалан, дар бораи сепаратистони минтақаҳои ҷумҳурӣ пурсидани журналист ва ҷавоб гирифтани ӯ, ки «Баъзеҳо бисёр мехоҳанд, ки чунин мушкилот ҷой дошта бошад. Вале бо итминон ба шумо мегӯям, ки тамоили сепаратистӣ дар ҷумҳурии мо на ба он андоза буд, ки муаллифони алоҳида менависанд», ишора бар он аст, ки рӯзноманигор ба монанди дигарон мехоҳад ҳангома ҷӯяд. Аз тарафи дигар, ҳадафмандона савол додани журналист низ ба назар мерасад. Мисол, дар Душанбе ҳанӯз ҳам силоҳ аз даст нагузоштани аҳолӣ ва бо вуҷуди ин, андешаи роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди танҳо бо усулҳои сиёсӣ, на низомӣ ба эътидол овардани вазъ, мавриди таваҷҷуҳи журналист қарор гирифтааст. Президент аз муғризона савол додани журналист мефаҳманд, ки ӯ ба ин восита мехоҳад роҳбарияти ҷумҳуриро зери танқид қарор диҳад. Аз ин рӯ, сари асли мақсад меоянд: “Вале ман наметавонам ба он розӣ шавам. Мо маҷбур ҳастем алайҳи ҳарифони мусаллаҳ қувва истифода барем. Ва розӣ шавед, ки дар майдони ҷанг мизи гуфтушунид гузоштан маъно надорад». Мавқеъгирии Роҳбари аввали мамлакат ба ақидае, ки танҳо роҳи сиёсӣ метавонад моро ба осоиштагӣ роҳнамун созад, исботи дигарбораи худро меёбад. Симои Президент низ ба хонанда ҳамчун шахсияти устувор дар роҳи пешгирифтаи худ падидор мегардад. Ҳарчанд журналист мехоҳад ихтилофи назарро ба вуҷуд орад, ҷавобҳои қотеонаи Сарвари давлат оид ба мавзуъ, дуруст будани роҳи интихобкардаи Тоҷикистонро собит месозад. 

ЭЪТИРОФИ ШАХСИЯТИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар баробари ин мусоҳибаҳо, матни мусоҳибаи телевизионии вазири Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо мамлакатҳои узви ИДМ бо номи «Амон Тулеев: Эмомалӣ Шарифович барои ман шахсияти барҷаставу таърихист» («Ҷумҳурият», 30-юми ноябри соли 1996) рӯи чоп омадааст. Матни сарлавҳа, ки эътироф намудани Сарвари давлат аз ҷониби сиёсатмадори хориҷист, ҳамзамон, портрети Президентро ҳамчун як шахсияти намунавӣ ба вуҷуд овардааст. Суҳбат бо вазир ҷанбаи сиёсиву иқтисодӣ дорад, зеро Тоҷикистон дар аввали роҳи худсозӣ қарор дошт ва кумаки Россия ҳамчун шарики асосӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин мусоҳиба нияти нек доштани вазири рус аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бармало эҳсос мегардад: «Ҳамгироӣ зарур аст ва дар ин масъала ман Президенти Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳам кард».

АФЗАЛИЯТИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ 
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дар мусоҳибаҳои баррасигардида, қатъи назар аз вазъи мушкили солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, рӯзнома тавонистааст аз инъикосгарони фаъоли масоили байналмилалӣ дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар бошад. Мусоҳибаҳои зиёде дар ин давра ба нашр расидаанд (ба истиснои соли 1990, ки мусоҳиба чоп нашудааст), фарогири масъалаҳои дохилии кишвар, ҳамчунин, мавзуъҳои байналмилалианд. 
Дар мусоҳибаҳое, ки рӯи чоп омадаанд, ҳифзи манфиатҳои миллӣ афзал дониста шудаанд. Ин аз кӯшиши рӯзноманигорон ва ҳам мавқеъгирии Президенти кишвар бармеояд. Рӯзноманигорон аз имкониятҳои жанри мусоҳиба истифода бурда, бо вазирону сафирон ҳамсуҳбат шудаанд, масъалаи асосӣ – қадамҳои нахустини худро дар роҳи бунёди ҷомеаи осоишта мондани Ҳукумати мамлакат баррасӣ кардаанд. Қисме аз мусоҳибаҳоро кормандони собиқи рӯзнома анҷом дода бошанд, қисми дигараш бознашр аз воситаҳои ахбори оммаи хориҷист. 
Дар миёни дигар мавзуъҳо масъалаҳои сиёсӣ бештар матраҳ гардидаанд, чун Тоҷикистон дар давраи ноором қарор дошт ва таваҷҷуҳи рӯзноманигорон низ ба ояндаи кишвар равона гардидааст. Мавзуи суҳбати рӯзноманигорони хориҷӣ ҳам маҳз ҳамин мавзуъ, яъне барқарории суботу осоиштагии миллӣ аст.  

ЧАНД НУКТАИ МУҲИМ БА ҶОИ ХУЛОСА    
Он мусоҳибаҳоеро, ки мавриди баррасӣ қарор додем, бори дигар андешаи профессор Асадулло Саъдуллоевро исбот мекунанд, ки «публитсистика дар протсесси инкишофи худ таърихномаи замонро ба амал меорад». Ва «Ҷумҳурият» ин рисолати худро хеле хуб иҷро кардааст. 
Ба таври хулоса метавон ин нуктаҳоро зикр кард: вижагиҳои асосии мусоҳибаҳои рӯзнома дар он аст, ки дар онҳо бархӯрди назар зиёд аст. Ба як воқеа рӯзноманигорон ва мусоҳибони онҳо аз дидгоҳҳои гуногун менигаранд, ки ин дар баробари хабар додан, ҷанбаи таҳлилӣ доштани мусоҳибаро қувват мебахшад. Мо мебинем, ки дар ҳолатҳои муайян рӯзноманигорон низ чун сиёсатмадор намудор мегарданд ва баёни андеша менамоянд; рӯзноманигорон аз услуби публитсистӣ кор гирифта, бо калимаҳои умумиистеъмолу оммафаҳм фикри худро баён месозанд. Дар мусоҳибаҳо мавзуъҳои барои хонандаи тоҷик мубрам баррасӣ гардидаанд: симои Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори ҷавон, ҳамзамон, огоҳ аз равандҳои сиёсии дохили кишвар ва минтақа нишон дода шудааст; суҳбати рӯзноманигорон бо сафирону сиёсатмадорони мамлакатҳои хориҷӣ нишон аз таҳкими робитаҳо бо кишварҳои дигар аст. 

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив