ДУ ШАМЪИ ФУРӮЗОН
Бо холаи Ҳуснигул Қурбонова, зани кушодачеҳраю хушгуфтор, суҳбати мо ногаҳонӣ иттифоқ афтод. Ӯ кони ғазал ва қиссаю афсона аст. Дувоздаҳ сол боз дар деҳаи Лолазори деҳоти Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус ба ҳайси китобдор фаъолият дораду худ ба китоби гӯё табдил ёфтааст.
– Китобхониро дӯст медорам, он маро аз банди ҳар фикру андешаи дигар раҳо месозад. Муҳим аз ҳама ҷаҳонбинии касро васеъ, нигоҳашро ба зиндагӣ тағйир медиҳад. Бузургонамон ба мо кони адабу маънавиёт гузоштаанд, ки аз ҳар панди онҳо метавон ибрат гирифт, аз каму беши рӯзгор шукр гуфт, ба оянда бо чашми нек нигарист, – чун сухан аз китоб рафт, беихтиёр гуфт ӯ.
Аз китоб ҳарф мезаду чашмонаш медурахшид ва шукр мегуфт, ки ба туфайли ҷомеаи тинҷу обод, мардум боз рӯ ба китобу китобхонӣ оварданд:
– Мо рӯзҳои мушкилро зиёд дидем, барои як пора нон чи азиятҳо, ки кашидем. Барои то рӯзи дигар зинда мондан, ҷонамон дар рамақ буд. Садои тиру туфанг зиндагиро дар назарамон торик карда буд, аммо бе нон, ки намешавад. Барои зинда мондан, басе ранҷ бурдем. Шукр, ки Ҷаноби Олӣ ба сари халқ омаду оромию ободӣ шуд. Ҳоло, ки пиру ҷавони деҳаро китоббадаст сӯи китобхона шитобон мебинам, хеле хурсанд мешавам. Мардум "Фурӯғ..." мегӯянду гул-гул мешукуфанд.
Воқеан ҳам, озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" пиру ҷавони кишварро, ҳатто, дар дурдасттарин минтақаҳо китобхон кард. Таҳаввулоти фарҳангиро ба вуҷуд овард, ки дар садри ин ибтикори наҷиб Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Муаллим Авазалӣ Файзалиев айни замон омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳия, ки аз соли 1992 бори мактабу маориф мекашад ва бо холаи Ҳуснигул зиндагии обод доранд, ба Пешвои миллат ва иқдомҳои созандаашон сипос мегӯяд. Ӯ ба ёд меорад, ки солҳои ҷанг дар чи шароитҳои сангине ба толибилмон дарс мегуфт, ки на китоби дарсии дуруст буду на барномаҳои комил. Аммо Ҳукумати мамлакат охирин сармояашро ба мактабу маориф сарф кард ва нагузошт, то соҳа фалаҷ гардад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 4 ҳазор мактаби миёна сохт, ки ин нишондоди хеле баланд аст.
– Қариб ҳар сол Президент дар паёмҳояшон маоши кормандони соҳаи маорифро боло мебардоранд, ки ин нишони ғамхориашон ба кормандони соҳа аст. Мактабсозиашон бошад, достони дигарест, ки дар солҳои роҳбариашон як лаҳза аз фикри мактабу маориф фориғ набуданд гӯем ҳам хато намешавад. Бо дидани ҳамаи ин чӣ гуна метавон аз ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат пайравӣ накард? Мо бояд дучанду даҳчанд барои тарбияи дурусти насли босавод кӯшиш намоем,-афзуд ӯ.
Дар ҳақиқат, кору пайкори ин ду нафар, ки дар яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд, намунаи ибрат ва боиси пайравист.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18