"ҚАЛЪАИ ХУҶАНД". ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ БА МИЛЛАТ

27 январ 2025, Душанбе
38


Боиси сарбаландист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсатҳои аввалини масъулияти давлату давлатдориро ба уҳда гирифтани хеш, аз замони оғози ободкориву созандагии худ бар он талош карданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро на танҳо аз вартаи ҳалокати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва моддиву молӣ, балки аз хатари нобуд шудан низ раҳо намоянд.
Пешвои муаззами миллат дар тамоми суҳбатҳо бо аҳолии кишвар, дидор бо аҳли заҳмат, мулоқот бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, дар паёмҳои анъанавӣ, мақолаҳову китобҳо батакрор изҳор медоранд, ки миллати тоҷик аз миллатҳои қадимтарини олам ба шумор меравад ва бояд тамоми хурду калони кишвар барои гиромидошти таърихи аҷдоди сарбаланди хеш талош варзанд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади иҷрои сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат пайваста кӯшиш намуда, барои эҳёи таърихи қадиму ҷадид корҳои судмандро ба сомон мерасонад. Ин раванд тайи чанд соли охир дар вилоят вусъати бештар пайдо намуда истодааст. Масалан, дар доираи сафари Роҳбари мамлакат ба вилояти Суғд 26-уми июни соли 2018 Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан баъди таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо назардошти он ки ҳанӯз нимаи аввали асри ХХ Қалъаи мазкурро олимони сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дода, аз харобаҳои он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо карда буданду ҳамчун мавзеи таърихӣ арзиши воло дорад, бо дастури Пешвои миллат, он ободу зебо гардо- нда, ба шаҳраки ҳунармандон табдил дода шуд.
Дар маҷмуъ, аз оғози даврони истиқлол бо супориши Сарвари давлат дар вилояти Суғд якчанд ёдгорӣ, аз ҷумла оромгоҳҳои Шайх Абулқосими Гургонӣ дар деҳаи Урметан, Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб, Мулло Абдуллоҳи Валӣ дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ таъмиру навсозӣ гардида,  ба муносибати 150-солагии шоири машҳур Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ оромгоҳу ҳавлии ӯ таҷдид шуд ва ба маҷмааи таърихии нав табдил ёфт. Дар шаҳри Исфара бошад, муҷассама ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бунёд шуд.
Боиси ифтихори халқу миллати тоҷик аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри соли 2001 ёдгории Саразми бостонӣ ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31-уми июли соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор шуд, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.
Саъю эҳтимоми омӯзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии ҳарчи бештари Саразм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳли илм ҳамовозӣ пайдо намуд.  
Натиҷаи ҳамин тадбирҷӯиҳои Пешвои фарҳангофарини тоҷикон буд, ки соли 2020 дар асоси қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО ду санаи муҳими дорои арзиши умумимилливу умумиҷаҳонӣ: 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ бошукӯҳ таҷлил шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, тибқи лоиҳаи «Дастгирии ёдгориҳои Шоҳроҳи абрешим», ки соли 2019 доир гардидааст, Қалъаи Хуҷанд низ барои силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи абрешим: гузаргоҳи Фарғона – Сирдарё» ба Феҳристи пешакии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО номнавис шудааст.
Ин натиҷаи нек низ аз амалӣ шудани ташаббусҳои фарогири Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад. Зеро соли 2015, дар вақти ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, эълон дошта буданд, ки минбаъд таваҷҷуҳ ба Қалъаи қадимаи Хуҷанд бештар гардида, дар асоси хулосаҳои олимони бостоншинос таҷдиду навсозӣ ва иншооти зарурии он барқарор мешавад.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба хотири арҷгузорӣ ба корномаҳои ниёгони тамаддунофар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар асоси ахбори китобҳои арзишманди илмиву таърихӣ, осори донишмандони ватаниву хориҷӣ, дар заминаи бозёфтҳои қиматбаҳо, ҳолати девору иншооти қадимии он таҷдиду навсозии Қалъаи Хуҷандро соли 2019 оғоз намуда, ибтидои соли 2024 ба субут расонд.
Гуфтан зарур аст, ки Қалъа дар асрҳои VI-V то милод дар соҳили чапи рӯди Сир бино шуда буд. Минбаъд, дар қарнҳои VI-VII милодӣ Қалъаи мазкур навсозӣ шуда, давраи истилои муғул хароб гардид.
Қалъаи Хуҷанд дар ҷойи нисбатан баланд ҷойгир шуда, баробари қароргоҳи ҳокимон будан, инчунин, мавзеи мудофиавӣ низ ба шумор мерафт ва дорои иншооти зарурӣ буд.
Дар хусуси ин мавзеъ бунёдгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар очерки таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик» ва академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» бо такя ба ахбори сарчашмаҳо иттилоъ додаанд. Ҳамчунин, муҳаққиқони илми таърих F. Ҳайдаров, Ӯ. Пӯлодов, Н. Турсунов, А. Мирбобоев, С. Марофиев, С. Абдуллоев, М. Иномов, Ҳ. Шарифов, М. Файзуллоев, А. Турсунов, М. Боқиев, М. Мирмуллоев, А. Қобилов, А. Қодиров, А. Сатторов, Ҳ. Хӯҷаев, А. Усмонов ва дигарон доир ба давраҳои гуногуни тараққии шаҳр дар асару мақолаҳои худ мулоҳиза рондаанд. 
Бо назардошти арзиши таърихии Қалъаи Хуҷанд, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, он бо усули баланди меъморӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихии он зери назари олимони таърихшинос таҷдид ва навсозӣ шуд. Дар зарфи чанд сол устоҳои бинокори хиштчину андовагар, наҷҷору сангбур, наққошу кандакор, рассому кундалкор, пайкарасозу гаҷкор, сафолгару кошинкор бо маслиҳату машварати олимону зиёиён ва мардумшиносон ҳаҷми бузурги корҳои таҷдиду бозсозиро анҷом доданд. Иншооти ёдшуда аз Осорхонаи тамаддуни ориёӣ ва асримиёнагӣ, бинои маъмурӣ, қисмати девори ҷанубӣ, растаи ҳунармадон, маҳаллаи қадимаи шаҳри Хуҷанд, ки аз ҳашт ҳавлии ҳунармандӣ, меҳмонхона, чойхона ва ҳаммомхона иборат буд, ба сифати баланд таҷдиду навсозӣ шуда, Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд ном гирифт.
Боиси сарфарозист, ки дар маросими тантанавии ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» 11-уми апрели соли 2024 Пешвои маҳбуби миллат ширкат варзида, аз ҷумла дар суханрониашон чунин иброз намуданд: «Азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии "Қалъаи Хуҷанд", ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад".
Қалъаи Хуҷанд яке аз калонтарин қалъаҳои дорои таърихи дерина ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Ин Қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз милод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ, аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд.
Қалъаи Хуҷанд дар баъзе сарчашмаҳо бо номи Александрияи Эсхата низ ёд шуда, муборизаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бар зидди аҷнабиён маҳз аз ҳамин Қалъа шуруъ гардидааст.
Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки тамоми иншооти Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баъди таҷдид ва навсозӣ барои баланд бардоштани дараҷаи худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзаву оянда хидмат карда, дар назди сайёҳони хориҷӣ таърихи бошукӯҳи ниёгони моро муаррифӣ менамоянд.
Қалъаи Хуҷанд рамзи санъати шаҳрдориву шаҳрсозӣ, нишони тамаддуни сатҳи ҷаҳонӣ ва қадимиву бостонӣ будани миллати тоҷик аст ва бо мақсади рушду равнақи сайёҳӣ ва пешбурди ҳунару ҳунармандӣ бозсозӣ гардидааст.
Халқи нектолеи тоҷик ва сокинони вилояти Суғд таҳти сиёсати маърифатпарварона ва фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат ба бунёди боз чандин маҷмааҳои гуногуни таърихӣ ва зиндаву ҷовидон сохтани рӯзгори аҷдоди бошарафи худ ба муваффақиятҳои бешумор ноил хоҳанд шуд.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, 
раиси вилояти Суғд, муовини якуми 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 27.01.2025 №: 19