ПАЁМ. МО ВА ОЯНДАИ МО

28 январ 2025, Сешанбе
43


Бо итминон метавон гуфт, ки дар Паёми навбатӣ ба пешнигариҳои некбинонаи ҷомеаи маданӣ ба андозаи кофӣ посухҳо ва ҳидоятҳо дарҷ гардидааст.
Бахши гузориш аз корҳои анҷомшуда дар солҳои гузашта намудори он аст, ки рушди босуботи иқтисодии кишвар таъмин гардидааст. Гузашта аз ин, хатти масири рушди иқтисодию фарҳангӣ ба таври мусовӣ бо рушди таърихии истиқлоли миллӣ ва дар пайвастагии пурмуҳтаво бо он пеш меравад.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи рушди корбурди фановариҳои нав ва иқтисоди рақамӣ муҳимтарин қисмати Паёми навбатӣ мебошад, ки ба тамоми бахшҳои дигари он иртиботи мустақим пайдо менамояд. Фановариҳои нав ва иқтисоди рақамӣ ҳаҷми корро коҳиш ва суръати анҷоми онро чанд баробар афзоиш дода, имкон фароҳам месозад, ки аз  сармояҳои зеҳнӣ ҳадди аксари истифода ба амал оварда шавад. Дар дунёи имрӯз рақобатҳои аслӣ ба асоси фановариҳои (технологияи) муосир сурат мегирад. Дар сурати дур ва маҳрум мондан аз донишҳо ва созукорҳои навоваронаи фаннӣ ногузир кишвари мо дар сатҳи содиркунандаи ашёи хом ва ё дар беҳтарин ҳол фаровардаҳои нимасохта боқӣ мемонад. Дар ҳоле ки технологияҳои навин метавонад рӯйи молу маҳсулот чанд баробар арзиши афзуда илова намояд, ҳамзамон, иқтисоди рақамӣ суръат ва ҳаҷми муомилотро ба таври бесобиқа афзоиш бидиҳад.
Таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба илму маориф ва тарбияву парвариши мутахассисони ҷавон дар ҳама соҳаҳо, азхуд кардани фановариҳои навтарин, технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла тавони истифода аз зеҳни сунъӣ дар барномасозиҳо низ аз нуктаҳои муҳими Паём мебошад.
Бо дарҷ кардани омори тасдиқкунандаи рушди устувори соҳаи илму маориф дар солҳои гузашта, сармоягузориҳои муҳим дар тавсеаи зербинои илму маориф ва беҳбуди вазъи иқтисодии аҳли илму маорифи кишвар ва пешниҳодоти бештар дар ин самт, ҳамзамон, таъкид карда шуд: “Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
Дар ҳақиқат, ба ҷуз ниёзҳои мубрами ҳамроҳӣ ва ҳамсӯйӣ бо ҷомеаи муосири маданӣ, ифтихороти миллии мо аз гузаштаи дурахшон, хусусан дар заминаи дастовардҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангию маънавии миллӣ, ки ба шарофати ташаббусҳо дар сатҳи олии раҳбарии кишвар вориди феҳристи дастовардҳои маънавии башар мегарданд, моро водор месозанд, ки ҳувияти миллии муосири худро ба ин сатҳи баланд мутобиқ созем. 
Эътимоди барҳақ ва хосаи Сарвари давлат нисбат ба зарфияти зеҳнии ҷавонон  қобили ситоиш ва тақдир мебошад. Натиҷаи озмунҳои илмию ҳунарию адабӣ, дастовардҳои истеъдодҳои ҷавони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ посухгӯи чунин эътимод мебошанд. Яъне, ин сатҳи илмию маънавӣ бояд дар вусъати умумимиллӣ, дар системаи маорифи кишвар таҳаққуқ пайдо кунад. Зеро: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Заминаи боэътимоди пешрафти илму фановарӣ аз лиҳози захираҳои табиии инсонӣ ва зеҳнӣ дар кишвари мо мавҷуд аст ва ба ин восита кишвари мо кишвари андешаҳои ояндасоз мебошад.
Тавре ки дар Паём омадааст: “Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.
Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад”.
Мудирияти огоҳонаи давлатӣ дар самти ҳидоят, ҳимоят ва корбурди неруҳои зеҳнӣ, ҳамзамон, тақвияти унсури худшиносии миллии таърихӣ ва бовару эътимод ба гузаштаи пурифтихор ва ояндаи аз он ҳам дурахшонтари миллату кишвари худ, бешак, тазмини ояндаи шоистаи Тоҷикистони азизамон мебошад.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи
“Садои Шарқ”

Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20