ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

31 январ 2025, Ҷумъа
24
0


Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидзода Марзия Файзалӣ аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе,
Бобохонзода Асомуддин аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе,
Амонзода Намози Шариф аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Шукурзода Назрулло Тағайбобо аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон,
Шерзода Ҷӯрабек Сангинмурод аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд,
Қурбониён Сафаралӣ Алихон аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд,
Давлатзода Исмоил Раҳим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд,
Назарзода Даврон Қувват аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
Баротзода Зумрад Маҳрамиён аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе,
Саидзода Зулфия Саид аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.
2. Олимзода Рафиқҷон Раҳмат аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Ашурзода Алишер аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Саидзода Мирзохон Давлат аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор,
Мирзозода Файзулло Мирзо аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №937
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе озод намудани Гуреззода У.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гуреззода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №938
 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 
озод намудани Шарифӣ Б. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №939
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон
озод намудани Раҳимзода С. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №940
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон
озод намудани Вализода И. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №941


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе таъин намудани Гуреззода У.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гуреззода Умед иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №942
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе таъин намудани Сафарзода Д. Ғ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафарзода Дилшод Ғанӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №943
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
таъин намудани Вализода И. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Вализода Икромиддин Сироҷиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №944


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон
таъин намудани Амирзода М. Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амирзода Маҳмуд Ҳамид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №945
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон
таъин намудани Холзода М. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холзода Муҳамадшариф Муҳабат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №946
 


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив
таъин намудани Бобокалонзода Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Бобокалонзода Луқмон ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №947


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон
таъин намудани Абдураҳмон И. Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Абдураҳмон Илҳом Баротзода ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №948

Санаи нашр: 31.01.2025 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив