ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОҲИБДИЛ

СОҲИБДИЛ

31 январ 2025, Ҷумъа
14
0


Ходими шинохтаи ҷамъиятӣ, хоҳари мушфиқ Майсара Калоноваро чун масъулиятшинос дар иҷрои вазифа, аз муносибати боназокату нармаш бо шахсиятҳои намоёни илмиву адабӣ, намояндагони сафоратхонаву ташкилотҳои хориҷӣ дар ш. Душанбе даҳсолаҳо мешиносам. Чанде пеш бо ӯ дар ҷашни 100-солагии академики зиндаёд Аҳрор Мухторов ҳамсуҳбат шудам. Дар омади гап Майсарабону ишора карданд, ки моҳи феврал (2.02.2025) зодрӯз ва зодсол (75) доранд. Хизматҳо ва як некии бузургашон дар лаҳзаи пурдарду мушкили зиндагӣ пеши назар омад. Ва хостам, ки эшонро ба ифтихори зодрӯзу зодсолашон аз номи худ ва ҳамқаламони ҳамсолам, ки ба ӯ эҳтиром доранд, шодбош бигӯям, барояшон тандурустӣ, шодиву нишот орзу бикунам. 
Гап сари ин ки авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, замоне ки Душанбе мушкилтарин рӯзҳоро аз сар мегузаронд, (зимистони сахти 1994), вақте ки ҷонам аз дарди бардавоми азиятовар ба лаб омад, ҷарроҳии нозуки рагу пай, буридани қабурғаи якуми бехи гардани тарафи рост пеш омад. Ин дардро солҳо пизишкон “остреохандроз” пиндошта, ончунон дармони барқӣ фармуданд, ки борҳо пӯсти сӯхтаву хушкидаи ҷойи дард иваз шуд, вале... Ба болои сардиву сӯзиш якбора харобу борикшавии устухони даст авҷ гирифт. Духтури ҷавони табобатиам Ҷовид – писархонди профессор Тоҷиев, аз ин ҳолати бад ба академики зиндаёд Неъматулло Усмонов хабар мерасонад. Ин табиби фурӯтану нармгуфтор пас аз борҳо муоина кардану маслиҳати ҳамкасбони соҳибтаҷриба сабаби оризаро ёфту огоҳонд: “Дарди нодир. Бори дуюм ин хел дардро ёфтам. Қабурғаи якум шояд модарзод ё бо ягон сабаби дигар каҷ сабзида, шаҳрагро пахш карда, роҳи гардиши муътадили хунро баста аст. Ин ба он монанд аст, ки шохи дарахте аз нарасидани обу ғизо батадриҷ мехушкад”. 
Ҷо ва сабаби дард аён шуду роҳи аз он раҳидан ҳам. Фавран ҷарроҳӣ!... Ана дар чунин ҳолат Ҷовид, – руҳаш шод бод! – ба ман нармакак фаҳмонд: хешону дӯстон чизҳои заруриро: риштаву сӯзан то наркоз (доруи мадҳушкунӣ) биёранд...
Ҳама чизро ёфтанд, ҷуз наркоз. Худам ноилоҷ аз шифохона дасти ниммурдаи гӯё дар даҳони мор сӯзон гоҳ дар зери каш вақти шом, ки туф меандохтам, дар ҳаво ях мебаст, пиёда ба қабули вазири тандурустӣ расидам. Шинос буд... Пас аз як-ду соат ҷондорҳояш иҷозат доданд, ки наздаш бидароям. Танҳо буд. Вай ҳолату матлабамро фаҳмида, “На-до-рем! Наркоз нест!” дурушт посух дод...
Ана дар чунин ҳолати ҳузну асабоният дар шаби сарди шаҳри беҷон аз шафати бинои Ҷамъияти дӯстӣ мегузаштам, ки масъулаш инсони соҳибдил Майсара Калонова ба ёдам расид. Медонистам, ки вай бо ташкилоти – “Ҳилоли Аҳмар”-у дигар ниҳодҳои хайрияи хориҷӣ иртибот дораду пайвандони табиб низ. Дар дилам шуълаи умед пайдо шуд. “Як дари баста, сад дари кушода”. Шояд Майсара илоҷе ёбаду маро бираҳонад. Саҳар ба воситаи дӯстам А. Абдуманнонов хоҳишамро ба Майсара расондам. Бегоҳ Абдураҳмон як қуттӣ наркоз овард. Эй Худо, доруро ба Ҷовид додам. Вай нобоварона ба қуттӣ нигариста ба ҳаяҷон мегуфт:
– Ним капсулааш барои ҷарроҳии шумо кифоя аст. Дигарашро чӣ кор бикунем?
– Дар ҷарроҳии дигар сарбозони захмӣ, истифода баред, савоб мегиред...
Ана ҳамин некии Майсара Калонова ҳамон замони носозгор на танҳо ман, балки бисёр беморони вазнин, сарбозони маҷруҳро аз шиканҷаву азоби ҷисмониву равонӣ раҳонда буд. Аз ин хотир, дар рӯзи мавлуду зодсолашон, бародарвор ӯро шодбош мегӯям ва барояшон умри бардавому хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
 
Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 31.01.2025 №: 25
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив