ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ ХОТИРМОНИ ҶАШНИ САДА

ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ ХОТИРМОНИ ҶАШНИ САДА

31 январ 2025, Ҷумъа
31
0


Субҳи  25-уми январ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар тантанаи идона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, меҳмонон ва фаъолону деҳқонони асил иштирок намуданд.
Нахуст, Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти  кишоварзӣ, нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, техникаи соҳаи кишоварзӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Доирадастону карнайнавозону найнавозон зери унвони «Корвони шодмонии Сада» намоишномаеро пешниҳоди ҳозирин гардонданд.
Сипас, дар назди фаъолону барзгарони вилоят муовини раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода суханронӣ намуда, зикр кард, ки Ҷашни Сада, ки як замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории истиқлоли давлатӣ дубора эҳё шуд ва шукӯҳу шаҳомати худро миёни мардум барқарор намуд.  
Маврид ба зикри хос аст, ки 6-уми декабри соли 2023 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинатсияи «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.
Зикр шуд, ки соли сипаригардидаро мардуми сарбаланди вилоят дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.
Кишоварзони вилоят соли гузашта тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки  замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расонданд. 
Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин, аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода  гардондани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи Ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд. 
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари Ҷашни Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд. 
Дар поёни чорабинӣ як зумра заҳматкашон ва фаъолон бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз шуданд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


ИСТАРАВШАН.  ҶАШНИ САДА ТАНТАНА ДОШТ 
25-уми январ дар шаҳри Истаравшан  бо иштироки раиси шаҳр   Адҳам Маъмурзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохторӣ, зиёиён, намояндагони васоити ахбори омма, теъдоди зиёди сокинон ва ҷавонону наврасон Ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд.
Дар доираи ин Ҷашн намоиши маҳсулоти  кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён ба  тамошо гузошта шуд. 
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар суханронии хеш сокинонро бо фарорасии Ҷашни Сада шодбош гуфта, баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд. 
Дар Ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи шаҳр намоиши театрикунонидашударо пешниҳоди ҳозирин гардонданд. Барномаи фарҳангии ҷолибу диданӣ аз таърихи Ҷашни Сада таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард.
Сипас, ба як қатор фаъолони соҳаи кишоварзӣ сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тақдим гардид. 

Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор 



ЗАН ВА ҶОМЕА.  АЗ СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ГЕНДЕРӢ  ТО ТАЪМИНИ БАРОБАРҲУҚУҚӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва мудириятро барои таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа, пешгирии табъиз, ҳифзи иҷтимоии бонувонро фароҳам сохт, ки он пойдевори тағйирпазирии нақши мусбати зан дар ҷомеаи муосир ва тақвияти мақоми ӯ дониста мешавад.
Ин нукта дар мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар пешгирии зӯроварӣ дар оила”,  ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баргузор шуд, зикр гардид. 
Зарина Абдулмаинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз оғози ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҷиҳати эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки ба таъмини баробарҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин робита, ҷиҳати тақвияти сиёсати гендерӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
Дар суҳбат таъкид шуд, ки таъмини баробарии гендерӣ хеле ҳассос буда, бархӯрд ва ҳалли мосоили вобаста ба он бинобар мавҷудияти қолабҳои гендерии асрҳо шаклгирифта дар дилхоҳ ҷомеаи шарқӣ муносибати махсус ва муҳлати тулониро тақозо менамояд. Вале маҳз мавқеи устувори Сарвари давлати мо дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва боло бурдани нақши зан дар ҷомеа боис гардид, ки он дар таҷрибаи Тоҷикистон марҳала ба марҳала муваффақона амалӣ гардад ва аз тарафи ҷомеа мусбат пазируфта шавад.

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.01.2025 №: 25
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив