ФАРХОР. СОКИНОНИ ДЕҲАИ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ РОҲҲОРО ОБОД МЕКУНАНД
Роҳи деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардии деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор, ки солиёни зиёд таъмирталаб буд, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми сокинони ободгараш аз нав таъмиру таҷдид шуд.
Масъалаи таъмири роҳ дар ҷаласаи Шурои деҳа бо иштироки раиси ҷамоат, раисони маҳалла ва сокинон баргузор гашт. Ҳамон рӯз Шуро дар муроҷиатномааш ба истиқоматкунандагону дар хориҷбудаҳо қароре баровард, ки яке аз бандҳои он чунин буд: Аз сидқи дил, бо ақлу заковат ва ташкилотчигии худ баҳри пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тозаву озода, ободу хурраму зебо гардондани зодгоҳ ва деҳаи маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузоред.
Ин муроҷиатнома зуд байни аҳолии деҳа паҳн шуд ва сокинон иқдом гирифтанд. Барои таъмири роҳи деҳа, ки аз замони шуравӣ мерос мондааст, тибқи ҳисобҳо 7 миллион сомонӣ лозим меомад.
Ободии Ватан аз ободии деҳа оғоз мешавад. Агар мо онро обод накунем, кӣ мекунад гуфта, пайи кор шуданд ҷавонон. Роҳи деҳа кулли мардумро ба ҳам овард, ба қавле аз ҳафт то ҳафтодсоларо. Гӯё онҳо армони деринаро бароварда месохтанд. Ҳамаи оилаҳо барои таъмири роҳ саҳми хешро гузоштанд. Ду миллион сомонӣ дар хазинаи бунёди роҳ ҷамъ шуд ва мӯйсафедон дуои кор доданд: «Худо рӯтона сурх кунад, барори коратон диҳад».
Нахуст, ҷӯйборҳои бетонӣ (лоток) бояд таъмир мешуданд. Аз паҳлуи роҳи деҳа сохтани ҷӯйбори сементӣ лозим омад. 3 пул, ки дар ин масир ҷойгир буд, мебоист таъмир шаванд. Ҷавонмардон ба ҳашар баромаданд, пулу ҷӯйборҳои бетонӣ таъмир гаштанд. Онҳое, ки трактор ё мошини боркаш доштанд, ба ёрии ҳамдеҳагон шитофтанд. Сангу шағал дар роҳ ҳамвор шуд. Асфалт фармоиш доданд, роҳҳо мумфарш гардиданд.
Апаи Ҳалима ва чандин нафари дигар пули нафақаашонро, ки қариб 20 ҳазор сомониро ташкил мекард, барои сохтмон доданд. Вале ин муҳаббати мардумро ба зодбуми худ нишон медод, ки баробари сохтмони роҳаш гӯё тӯй доштанд. Ҳама аз як гиребон сар бароварда, як тану як ҷон шуданд.
Билохир, симчӯбҳо насб шуданду чароғҳо фурӯзон. Роҳ таъмир шуду чароғон. Ба роҳи обод нигариста, модарони як умр роҳи фарзандони роҳдурро нигарон, ки дар ободии деҳа саҳмашон калон аст, гӯё армони дидор мешикастанд. Ба ғайр аз ин, кӯчаҳои дохилии деҳа низ шағалпӯш гардиданду чароғон. Бошандагони деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар созандагӣ намуна гаштанд ва ҳоло деҳаҳои ҳамсоя ба онҳо пайравӣ мекунанд. Онҳо нишон доданд, ки агар азм қависту дил сахист, ҳар коре амалишаванда аст. Онҳо тавонистанд роҳи як деҳаро, ки солиёни зиёд бо машаққат равуо доштанд, барои худашон обод кунанд. Роҳсозон чун қаҳрамонҳои филмномаи «Ситораҳои сари танӯр» то дер боз дар ёди насли нав боқӣ хоҳанд монд. Ин амал, балки ба онҳо дарси ватандориву хештаншиносист, ки дар оянда пайравони имрӯзиёни бошарафашон бошанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»