2025. ТАТБИҚИ ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТА БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО РАСМАН ОҒОЗ ШУД
Пиряхҳо дар ташаккули иқлими сайёра ва таъмини миллиардҳо нафар бо оби тоза нақши асосӣ доранд. Аммо бинобар гармшавии глобалӣ, онҳо зуд об мешаванд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ин мушкил Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. 21-уми январ расман оғоз ёфтани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар як гузориши сомонаи расмии СММ зикр гардидааст.
Муҳимтарин манбаи оби тоза
Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ташаббуси навбатии кишвари мо умедвор аст, ки огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи нақши ҳаётан муҳими пиряхҳо дар системаи иқлим ва гардиши гидрологӣ, инчунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тағйирот дар криосфераи Замин баланд мешавад.
Пирях ҷамъи зиёди яху барф аст, ки дар рӯйи замин ба вуҷуд омада, зери вазни худ ҳаракат карда метавонад. Пиряхҳо дар ҳама қитъаҳо, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дар канори яхбандиҳои Гренландия ва Антарктика вомехӯранд. Дар ҷаҳон зиёда аз 275 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки он майдони тақрибан 700 ҳазор километри мураббаъро ишғол мекунад. Пиряхҳо тақрибан 70 дарсади оби тозаи ҷаҳонро нигоҳ медоранд.
Зиндагии зиёда аз 2 миллиард аҳолии сайёра аз обшавии яху барф вобаста буда, ин манбаъ онҳоро бо оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ таъмин мекунад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо барои суботи экологӣ ва иқтисодӣ муҳим аст.
Вазъи пиряхҳо нишондиҳандаи тағйирёбии иқлим
Пиряхҳо нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии иқлим буда, бинобар боло рафтани ҳарорат дар саросари ҷаҳон об мешаванд. Ин раванд аз миёнаҳои асри XIX (охири давраи яхбандии хурд) мушоҳида мешавад. Ҳарчанд афзоиши кӯтоҳмуддати ташаккулёбии пиряхҳо дар давраҳои гуногун ва дар минтақаҳои гуногун мушоҳида мешуд, аммо дар вақтҳои охир обшавии онҳо бо сабаби гармшавии босуръати сайёра, ки дар натиҷаи афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера ба вуҷуд омадааст, бештар гарид. Баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси кӯтоҳ шудани мавсими ҷамъшавии барф мегардад.
Тавре дар гузориш зикр ёфтааст, тағйирёбии иқлим ва криосфера ба гардиши об, аз ҷумла обшавии пиряху барфҳо ва камшавии обҳои зеризаминӣ таъсир мерасонад ва ба болоравии сатҳи баҳр мусоидат мекунад. Вақте ки пиряхҳо коҳиш меёбанд, оби тоза кам мешавад, ки боиси афзоиши рақобат барои захираҳои об, бахусус, дар минтақаҳои хушк мегардад.
Чаро Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро эълон кард?
Бо матраҳ кардани ин суол, муаллифони гузориш дар бораи ташаббуси кишвари мо иброз медоранд, ки имрӯз аз 14 000 пирях дар Тоҷикистон, ки манбаи аслии оби ошомиданӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, беш аз ҳазортояш об шудааст. Дар баробари ин, суръати обшавии онҳо меафзояд.
Дар бастагӣ ба ташаббуси навбатӣ, қарор аст, 29-31-уми майи соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардад, ки ҳоло вобаста ба ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Пиряхҳо бо суръати бесобиқа коҳиш ёфта истодаанд. Аммо, сарфи назар аз нақши муҳими худ дар тамоми сайёра, кишварҳо ҳангоми таҳияи сиёсатҳои худ на ҳамеша мушкилот ва оқибатҳои эҳтимолии обшавии пиряхҳоро ба назар мегиранд.
Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунад, ки пиряхҳоро тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва қабули стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ҳифз кардан мумкин аст. Истифодаи донишҳои маҳаллӣ, маълумоти метеорологӣ ва таҳлили илмӣ барои таҳияи консепсияҳои зарурӣ заминаи ҳамаҷониба ва фарогирро фароҳам меорад. Тадбирҳои асосии ҳифзи пиряхҳо бояд таъсиси минтақаҳои муҳофизатшаванда, мониторинги мунтазам, истифодаи самараноки замин, татбиқи идоракунии маҷмуии захираҳои об ва таҳияи системаҳои огоҳкунанда барои мубориза бо хатарҳои криосфераро дар бар мегиранд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.02.2025 №: 26