ҶАШНИ САДА БОЯД ДАР ШАБ БАРГУЗОР ШАВАД
Таърихи пайдоиши Ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ аст ва дар гузаштаҳо ҳамеша шаб баргузор мешуд, хеле қадимӣ мебошад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ва ҳам хаттӣ дар устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба мо расидааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани Ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам дида мешаванд.
Воқеан, баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ, дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ шуда буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто, таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд. Ба шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хоса мебошад.
Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд. Аммо оид ба Ҷашни Сада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин Ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик Ҷашни Сада мисли Ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи се даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Дар бораи пайдоиши Ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале, ба ҳар сурат, пайдоиши Ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин Ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расонданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба Ҷашни Сада наздик шавем, нахуст, аз ҳама моҳияти мақулаҳои Хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263).
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани Ҷашни Сада гардидааст.
Доир ба таърихи Ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва аз замони бостон будани ин Ҷашн ишора кардааст. Аз рӯи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ Ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд:
Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.
Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки Фирдавсӣ ба ин Ҷашн эътиқоди хос доштааст ва ҳамчун маросими миллӣ аз он ифтихор намуда, бо муҳаббат ва самимият дар бораи пайдоиши он нақл мекунад. Дар ин таъкиди Фирдавсӣ падид омадани оташ, рӯшноӣ муҷиби мубориза ба муқобили торикӣ буда, арзи ҳастӣ кардани Ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар таманниёт орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур намуда, ҳамаи онро ба оташ мепартоянд ва ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангиашон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома меёбанд.
Дар ҳақиқат, устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.
Дар «Ғиёс-ул-луғот» оид ба Сада чунин шарҳ омадааст: «Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад; ва ба зам ва ташдиди дол (яъне судда) дар арабӣ ба маънии остона ва ба маънии гиреҳ монанди чизе, ки дар рӯдаҳо ё дар рагҳо дарояд ва роҳи онро банд намояд (аз «Бурҳон» ва «Латоиф» ва «Суроҳ» ва «Рашидӣ» ва ғайри онҳо); ва дар «Сироҷ» навишта, ки Сада (ба фатҳатайн) даҳуми рӯзи баҳман; чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда; ва лафзи сад дар асл бо сини маҳмала аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда» (ниг.: Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот. Душанбе: Адиб, 1987, с.417).
Дар аксари луғатномаҳо ҳамин маънии болоро тарафдорӣ намудаанд, аммо устурашинос Меҳрдоди Баҳор дар яке аз гуфтугӯҳои худ вожаи «Сада»-ро ба таври зерин шарҳ додааст: «Тавҷеҳи он бо адади «сад» иштиқоқи омиёна аст, чунон ки панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб монда ба Наврӯзро сада фарз кардаанд. Ба гумони ман, сада аз решаи санди (sand) авестоӣ аст ба маънии «зоҳир шудан» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.354).
Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз Ҷашни Сада хотировар шудаанд. Устураи «Бунёд ниҳодани Ҷашни Сада аз ҷониби Ҳушанг»; устураи ба сад расидани «Адади фарзандони Одам»; устураи «Шаби пирӯзӣ бар Заҳҳок», «Гузаштани сад рӯз аз зимистони бузург», «Сада панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз» ва ғайра.
Ҷашни Сада ин вобаста ба Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуктаи дигар равшанӣ бояд андохт. Ин он аст, ки баъзеҳо Хуршед ва Меҳрро яке медонанд, ки ин тавр ҳам нест. Меҳр ё Митро (ба авестоӣ «Мисра», паҳлавӣ «Митр») маънои зиёд дорад. Аз ҷумла, аҳд, паймон, муҳаббат, Хуршед, ҳафтумин моҳи сол, рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ ва ғайра. Меҳр фариштаи аҳду мисоқу фурӯғ дар Эрони Бостон буд ва ӯро фариштаи меҳру дӯстию аҳду паймон ва мазҳари фурӯғу рӯшноӣ мепиндоштанд...
Дар солҳои охир пажӯҳандагон бидуни андеша шаби ялдоро, ки дарозтарин шаб аст, таваллуди Меҳр медонанд. Аз иттилои боло маълум шуд, ки Меҳр маъниҳои зиёд дорад. Пас фаромӯш набояд кард, ки шаби чилла ё ялдо ин таваллуди фақат Хуршеди воқеӣ аст. Калиди дақиқ намудани Ҷашни Сада низ дар ҳамин ҷост. Яъне, шаби ялдо ин шаби таваллуди Хуршед аст, на Меҳр. Ба гуфти Меҳрдоди Баҳор, Ҷашни Сада ин чиллаи Хуршед аст. М. Баҳор дар ин бора гуфтааст: «Ҷашни Садаро нигоҳ кунед, ки дар даҳуми баҳман (29-30 январ) аст. Хуршед бино ба эътиқодоти куҳан шаби дайҷури (торики) ваҳшатнок поёни озармоҳ ва аввали дай (21-22 декабр), байни поиз ва зимистон, баландтарин шаби сол аст, ки ин шаби зоида шудани Хуршед аст. Дар ин дарозтарин шаб, Хуршед саранҷом зода мешавад. Хуршеде, ки дар поёни поиз мурда буд, дар зимистон бача аст, дар баҳор навҷавон аст, дар авҷи тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир мешавад, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай меояд як Хуршеди тоза аст, як навзод аст…» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.304).
Дар Авесто бахши махсусе ба номи «Хуршед-яшт» аст, ки аз хондани он метавон бовар кард, ки Сада дарвоқеъ ҷашни Хуршед аст.
Меҳрдоди Баҳор, ки донишманди устурашиноси дақиқназар аст, дар асоси мутолиаи устураҳои ҷашнҳои оташи кишварҳои гуногуни олам ва осори устурашиносон ба чунин натиҷа расид, ки Сада ҷашни чиллаи Хуршед аст. Маҳз тавассути гулхани оташ, ки намоди Хуршед мебошад, аз гузаштаҳои дур то имрӯз ниёгони мо ин бузургтарин ва нодиртарин падидаи табииро ҷашн мегирифтанд.
Ҷашни Сада дар тули таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият пайдо карда будааст. Дар замони Сомониён, Ғазнавиён ин Ҷашн машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин Ҷашнро бошукӯҳ таҷлил менамудааст. Шоирони дарбори Ғазнавиён Ҷашни Садаро ситоиш намудаанд.
Хушбахтона, Сада дар ашъори шоирони дигари садаи ёздаҳ зиёд тавсиф шудааст. Онҳо Садаро ситоиш намуда, дар бораи арзиши он назари хешро ифода намудаанд. Аз ҳама муҳим дар адабиёти садаи ёздаҳ Ҷашни Сада, махсусан дар шеър, ба сифати талмеҳ корбарӣ шуда, ҳамчун як ҷузъи устураи мансухӣ ҳифз шудааст, ки аз бузургии ин Ҷашн ва қадимияти он далолат мекунад. Чунончи Фаррухӣ мегӯяд:
Равшанӣ дар осмон з-ин оташи Ҷашни Садаст,
К-аз сарои хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.
(Идома аз шумораи № 26 (25 141))
Ба ин маънӣ дар байти дигар аз Сада ҳамчун талмеҳи мансухӣ истифода карда, чи гуна дар шаб оташ афрӯхтан ва тавассути он аз ҳама кирдорҳои зишт тоза шуданро ёд намуда, тавассути хотираи таърихӣ аз ин Ҷашни ниёкон ёд мекунад ва мегӯяд:
Шаби Сада аст яке оташи баландафрӯз,
Ҳақ аст мар Садаро бар ту ҳақ он бигзор.
Дар ин бора Манучеҳрӣ низ изҳори назар карда, ба тариқи руҷуъ аз Ҷашни Сада ёд мекунад ва хеле самимона аз омадани Ҷашни Сада дарак медиҳад:
Омад ай саид аҳрори шаб Ҷашни Сада,
Шаби Ҷашни Садаро ҳурмат бисёр бувад.
Садаро ниёгони пешазориёии тоҷикон ҷашн мегирифтанд. Баъдҳо он вориди зиндагии қавмҳои гуногуни ориёӣ ҳам эрониён ва ҳам тӯрониён гардид. Аз сабаби он ки барои зардуштиён Хуршед, оташ, рӯшноӣ муқаддас буд, Сада вориди рӯзгори онҳо шуд. Ҷашни Сада имрӯзҳо низ дар байни зардуштиёни Эрон ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаромӯш нашудааст. Тавре ки пажӯҳандагон, аз ҷумла Содиқи Ҳидоят, ишора намудааст, дар замони шоҳ бо номи «садасӯзӣ» дар Кирмон ҷашни муфассале баргузор мешавад. Ба гуфти эшон, дар Кирмон панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз хирвори бутта ва ҳезумро дар маҳалли Боғчабудоғобод гирд меоварданд. Дар ин ҳамоиш мубади мубадон, аъёни шаҳр ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ даъват мешуданд. Дар хони ин маҳфил шароб, ширинӣ ва меваҳо чида мешуд. Дар аввали ғуруби Офтоб ду нафар мубад оташро меафрӯзад ва суруди махсус мехонд. Ҳангоме ки оташ шуъла мезад, ҳама меҳмонон, ки беш аз чанд ҳазор нафар мешуданд, бо фарёдҳои шодӣ даври оташ мегаштанд ва ин таронаро мехонданд:
Сади саде, сӣ бе гале,
Панҷоҳ ба Наврӯз ҳо бале.
Баъдҳо низ ин Ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба Ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рӯзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост.
То солҳои 70-уми садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дархатонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта шодмонӣ мекарданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи Ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд.
Хуб мешуд, ки дар вақти маросими Ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя карда шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири Ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбутаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонда, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дархт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сӯзонанд ва ҷӯйю заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонад. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза намудани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи Ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик ба ҳам ҷамъ оянд, аввал, дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хӯрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд.
Ин иддае аз суннатҳои Ҷашни Сада мебошанд, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, Ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврӯз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.
Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форисазбонон, курдҳо, паштунҳо, баллучҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарбхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.
Ҳоло аз баракати истиқ-лолияти кишвари азизамон Ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукӯҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурӯ рафтани Офтоб гулхани азиме афрӯхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, раққосон, аспакбозҳо, паҳла-вонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.
Дар Ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба тамошо гузошта шаванд. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.
Хуб мешуд, ки дар гирди Ҷашни Сада арусакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми Ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.
Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд.
Умед дорем, ки Ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мадагори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад.
Борҳо пешниҳод карда будем, ки Ҷашни Сада фақат дар шаб баргузор шавад, дар ҳамаи давру замонҳои қадим шабона барпо мешуд. Нигоҳ кунед, Хуршед, ки чилрӯза шуд, дар шаб маросими чиллагурезонӣ баргузор мекунанд. Агар мо Ҷашни Садаро шабона баргузор намоем, як ҳамоҳангӣ байни он кишварҳое, ки ин Садаро таҷлил менамоянд, пайдо мешавад. Ин амал далел бар башардӯстона будани ин Ҷашни бостонии мо мебошад.
Дар ҳақиқат, Ҷашни Сада ба мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯзу Тиргон ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросими онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозанд.
Ҳамчунин, бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин Ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархӯрдор шаванд.
Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, тоҷикон ва форсизабони ҷаҳон, Ҷашни Сада муборак бошад!
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон,
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ
