ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА. ҶАШНЕ, КИ РЕША ДАР ҚАЪРИ ТАЪРИХ ДОРАД

САДА. ҶАШНЕ, КИ РЕША ДАР ҚАЪРИ ТАЪРИХ ДОРАД

05 феврал 2025, Чоршанбе
11
0


Эй ҷавон бархез то Ҷашни Сада барпо кунем,
Оташи шодӣ биафрӯзему хуш ғавғо кунем…
Он шукӯҳу фарри дерина, ки аз мо гум шуда,
Дар ҷаҳони пур зи найрангу фусун пайдо кунем.
  
Сада яке аз ҷашнҳои ниёгонамон аст, ки реша дар қаъри таърих дорад. Дар тули таърих пас аз густариши ислом ва ҳамлаи муғул ҳарчанд шеваи баргузории Ҷашни Сада тағйир ёфт, эҳтиром ба табиату ҳифозати он ва барафрӯхтани оташ, ситоиши некӣ ва ғалабаи нур бар зулмот  ҳамоно боқӣ монд. 
Дар мавриди сарчашмаи пайдоиши Ҷашни Сада андешаҳои гуногун мавҷуданд.   Аз ҷумла, бино бар қавли Абурайҳони Берунӣ: “Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин Ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд” (Осор-ул-боқия). Инчунин, номи ин Ҷашнро ба Каюмарс пайванд медиҳанд: “Чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда...” (Ғиёс-ул-луғот,417). 
Ҳаким Фирдавсӣ (“Шоҳнома”), Абурайҳони Берунӣ (“Ат-тафҳим”) ва Умари Хайём (“Наврӯзнома”) таҷлили Садаро ба Фаридун  подшоҳи Пешдодӣ низ нисбат медиҳанд. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб кард, мардум ин пирӯзиро ҷашн гирифта, бо фармони Фаридун болои бомҳо оташ афрӯхтанд. Дар “Наврӯзнома” омадааст, ки Ҷашни Садаро тамоми подшоҳони Эрону Турон дар замонҳои қадим таҷлил мекарданд, вале баъд аз он тадриҷан фаромӯш шуд ва танҳо аз ҷониби зардуштиён ҷашн гирифта мешуд. 
Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ”  аз Ҷашни Сада  ба унвони яке аз се ҷашни бузурги эрониён ёдовар шудааст, ки дар замони ислом то замони ҳамлаи муғулҳо аз ҷониби подшоҳон ва ақвоми мухталиф таҷлил мешуд. Дар замони Ғазнавиён ин Ҷашн ривоҷи бештар ёфт ва Унсурӣ – шоири маъруфи он давра дар бораи  Сада мегӯяд:
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст,
Сада ҷашни мулуки номдор аст. 
     
РЕШАШИНОХТИИ ВОЖАИ “САДА”
Вожаи “сада”-ро ҳамон тавре ки зикр шуд, ба адади 100 нисбат додаанд.  Адади сад вожаи аслан тоҷикӣ буда, реша дар забонҳои эронии бостон дорад: дар форсии миёна sat, эронии бостон  sata, санскрит  ṡatά, авестоӣ  sata, форсии бостон θata, суғдӣ st (Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ).
Дар “Ғиёс-ул-луғот” омадааст: “ва лафзи сад (صد) дар асл ба сини муҳмала (سد) аст, ки ҳоло ба сод  машҳур шуда” ва  صد  муарраби “سد” нест, балки таҳти таъсири хатти арабӣ бо “ص” китобат шудааст.  
Бархе аз донишмандон бар ин андешаанд, ки вожаи “сада” ба адади сад ҳеҷ пайванде надорад ва  дар забони авестоӣ маънии “баромадани Офтоб, тулуъ”, дар форсии миёна sad – “баромадан”, суғдӣ  sat “баромадан” ва xvēr satē – “баромадани Хуршед” аст, зеро дар ин рӯз чиллаи калон ба поён расида, чиллаи хурдак мерасад ва замину ҳаво рӯ ба гармӣ мениҳанд...
                                         
УНСУР ВА НАМОДҲОИ САДА
Оташ аз унсурҳои асосии Ҷашни Сада мебошад. Инсон аз замонҳои қадим ба табиат ва унсурҳои он таваҷҷуҳ  дошт, аз ин рӯ барои ориёитаборон аз даврони бостон чаҳор охшиҷ (унсур)-и ҳастӣ, аз қабили оташу обу боду хок, ҷойгоҳ  ва нақши вижа доштанд, чун зиндагиву рӯзгор ва иҷтимои онон  бо ин чаҳор унсур пайванд буд. 
Сари мояи гавҳарон ин чаҳор,
Баровард беранҷу берӯзгор.
Яке оташе баршуда тобнок,
Миён обу бод, аз бар тирахок. 
Мардуми ориёитабор  ба оташ   арзиши  баландро қоил буданд, ки дар эҷоди анъанаҳо, таърих, фарҳанг, тамаддун ва сарчашмаи пешрафти саноат нақши муҳиме бозидааст.  
Оташи Сада таҷассумгари намодҳоест, ки реша дар бовару оинҳои қадими мардуми мо дорад:
1. Пирӯзии нур бар торикӣ. Оташ намоди нур, гармию зиндагист ва афрӯхтани он дар Ҷашни Сада баёнгари пирӯзии нур бар торикӣ ва Ҳурмузд бар Аҳриман мебошад. 
2. Поксозӣ ва покизагӣ. Афрӯхтани оташ барои поксозӣ аз палидӣ ва нопокӣ дар назар гирифта шудааст ва мардум бо паридан аз рӯи оташ ба дунболи покӣ ва тандурустӣ ҳастанд. 
3.Оғози фасли баҳор. Оташ намоди гармию зиндагӣ ва оғози фасли баҳор аст, аз ин рӯ, афрӯхтани оташ дар Ҷашни Сада нишонаи умед ба оянда ва оғози фасли ҷадиде аз зиндагӣ мебошад. 
Бархе аз ин анъанот имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, ба хотири рафъи маризӣ ва пок шудани бемор табибони мардумии мо навъе аз табобати аловгардонӣ доранд; давр задани арусу домод дар гирди гулхан, ки гумон меравад аз ҳамин оин маншаъ гирифтааст.
         
РУСУМ ВА ОДОБИ ҶАШНИ САДА
Ҷашни Сада аз нисфирӯзии даҳуми баҳманмоҳ (30 январ) шуруъ шуда, то  бегоҳ идома меёбад. Мардум як рӯз пеш аз Ҷашн  ҳезум ҷамъ карда, барои афрӯхтани оташи бузург онро тал мечинанд ва рӯзи Ҷашн ҷавонон машъалҳо ба даст ҳезумро оташ мезананд ва мардум гирди гулхани бузург рақсу пойкӯбӣ мекунанд, суруд мехонанд ва орзуҳои нек мекунанд. Пас аз паст шудани шуълаи оташ мардум аз болои  он мепаранд ва баъд аз хомӯш шудани он деҳқонон хокистари боқимондаро гирифта, ба заминҳо ба нияти ҳосилхезиву борварӣ мепошанд.   
Дар ин Ҷашн, одатан,  хӯрокҳои махсус –  шириниҳо, шӯрбо ва нону биринҷ пухта мешавад.
Аз аркони муҳими Ҷашни Сада барафрӯхтани оташ аст, ки намоди покӣ, қудрату тавоноӣ ва ростӣ аст, зеро он рӯшаниву гармӣ мебахшад ва ҳамеша ба боло меравад ва палидиро бо худ намегирад. 
Хулоса, пос доштани расму оини гузаштагон,  дар мақоми шоиста нигоҳ доштану баргузор кардани онҳо  аз вазифаҳои миллии  ҳар фарди  солимфикри ҷомеа аст.
        
Фарангис ШАРИФЗОДА,  
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив