ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУШКИЛИ ДЕҲОТ. АЗ ЧОРВОДОРИ БЕЧАРОГОҲ ТО ЗАМИНДОРИ БЕЧОРВО

МУШКИЛИ ДЕҲОТ. АЗ ЧОРВОДОРИ БЕЧАРОГОҲ ТО ЗАМИНДОРИ БЕЧОРВО

13 апрел 2023, Панҷшанбе
115
0
 
Дар шароити торафт аҳамият пайдо намудани таъмини амнияти ғизоӣ истифодаи босамару одилонаи ҳар ваҷаб замин рӯз ба рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бо дарки чунин вазъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора таъкид медоранд, ки заминро бо роҳу усулҳои интенсивӣ самаранок истифода барем, то муҳтоҷи маҳсулоти воридотӣ нагардем. 
Дар кишвари мо бештари аҳолии деҳот ба чорводорӣ машғул аст. Аз ин рӯ, истифодаи босамари чарогоҳҳо чун манбаи асосии хӯроки чорво дар таъмини амнияти ғизоӣ ва пешрафти иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Аммо солҳои охир хунукназарии масъулон ба вазъи истифодаи чарогоҳҳо ба назар мерасад, ки нигарониҳои зиёде ба думбол дорад.


МУШКИЛОТИ АНДОЗ
Ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, ҳаҷми чарогоҳ дар мамлакат ба 3830626 гектар мерасад. Аз рӯи маълумоти раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, давоми соли 2022 аз истифодаи чарогоҳҳо ҳамагӣ 3,5 миллион сомонӣ андоз пардохт шудааст. Яъне, ба сари ҳар гектар чарогоҳи истифодашуда ҳамагӣ 90 дирам рост меояд. Ҳол он ки мувофиқи меъёрҳои андози замин дар ҳудуди минтақаҳои кадастрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои соли  2022  андози  як гектар чарогоҳ вобаста ба минтақаи он аз 5 то 14 сомонӣ муқаррар шудааст. 
Маблағе, ки аз ҳисоби истифодаи чарогоҳҳо барои буҷети давлат ситонда шудааст, назар ба фоидае, ки афроди ба чарогоҳҳо соҳибшуда дар минтақаҳо ба даст меоранд, қатрае аз баҳр аст. Агар онҳо аз як гектар ба давлат 90 дирам супурдаанд, аз ҳисоби ба иҷора додани як гектар чарогоҳ чандсад сомонӣ даромад ба даст овардаанд. Тавре Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, хоҷагиҳо метавонанд тибқи қонунгузории соҳаи андоз, чарогоҳҳои дарихтиёрашонбударо  ба  чорводорони  дигар  бо бастани шартномаи  алоҳида иҷора диҳанд. Вале  дар ҳеҷ ҷое аз бастани чунин шартномаҳо зикр намешавад. Маълум аст, ки аксари ҷамъиятҳо ё хоҷагиҳои калон ба ивази маблағи муайян ба таври ғайришартномавӣ чарогоҳҳоро ба иҷора медиҳанд. Ин амал дар ҷое қайд намегардад. Роҳбарони шаҳру навоҳӣ ҳамасола ҳисобот медиҳанд, ки чанд ҳазор гектар чарогоҳ дар ихтиёри хоҷагиҳо бо мақсади истифодаи босамар қарор дорад. Аммо, аз тарафи дигар, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ маълумот медиҳад, ки чарогоҳҳои як минтақа ба ихтиёри чорводорони минтақаи дигар гузошта шудааст. Агар чарогоҳҳо ба ихтиёри хоҷагиҳои алоҳида дода шудааст, пас, мусаллам аст, ки ҳангоми ворид гаштани ҳазорҳо сар чорвои як ноҳия ба ноҳияи дигар байни соҳибони чарогоҳҳо ва чорводорон додугирифт сурат мегирад. Касе чарогоҳашро ройгон ба ихтиёри каси дигар намегузорад. Вале аз ин дар ягон санади Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо зикр намешавад. 
Чунончи, Мирзо Назар, сардори раёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, маълумот дод, ҳамасола чорводорони ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 206949 гектар ва ВМКБ 15703 гектар чарогоҳро истифода мебаранд. Ҳамин тавр, дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32510 гектар, аз ҷумла 9137 гектар чарогоҳи тобистона дар ноҳияи Рашт, ба ихтиёри хоҷагиҳои чорводори вилояти Суғд гузошта шуда, аз ҳудуди вилояти Хатлон 119687 гектар, аз ҷумла 92209 гектар чарогоҳи зимистона, ба чорвопарварони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дода мешавад. Ҳамзамон, чорводорон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд 29541 гектар, аз ҷумла 5018 гектар чарогоҳи тобистонаро, истифода мебаранд. Мусаллам аст, ки чунин додугирифт ройгон сурат намегирад. Аммо чи қадар аз ин садҳо ҳазор гектар чарогоҳ тариқи шартномаи иҷора ба чорводорон дода мешавад, ҷое зикр намеёбаду бо ҳамин, аз истифодаи он ба давлат суди ночизе мерасад. 
 
ТАҚСИМИ НООДИЛОНАИ ЧАРОГОҲҲО
Мушкили дигаре, ки дар истифодаи босамари чарогоҳҳо ҳамчун манбаи хӯроки чорво ва омили зиндагии мардум ба назар мерасад, тақсимоти нобаробари онҳо мебошад. Масалан, дар як ҷамоати деҳот ҳазорҳо хонавода ба сар мебаранду аксари чарогоҳ дар ихтиёри ду-се нафар қарор дорад. 
Сафаралӣ Назаров, директори “Трести чорво ва чарогоҳҳо”-и Вазорати кишоварзӣ, тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат, ғасби чарогоҳҳо аз ҷониби баъзе  шаҳрвандон ба назар мерасад, ки ин боиси маҳдудияти истифодаи чарогоҳҳо барои сокинони дигар мегардад. 
– Мо талош дорем, ки ин мушкилро бо роҳи ташкили комиссияҳои маҳаллӣ бо шумули фаъолони деҳа, ба мисли раисони маҳал, имомҳо, куҳансолон, ҳал намоем. Ҳар мушкиле, ки дар истифодаи чарогоҳҳо ба вуҷуд меояд, комиссияи маҳаллӣ дар деҳа онро ба мақомот мерасонад, – гуфт Сафаралӣ Назаров. 
Дар мавриди нобаробарӣ дар тақсимоти чарогоҳҳо ва зери тасарруфи чанд нафар қарор гирифтани онҳо бештар аз минтақаи Кӯлоб шикоятҳо мерасанд. Соле қабл барои омӯзиши номаи шикоятие ба ноҳияи Восеъ сафар доштем. Субҳгоҳ, вақте аз назди бозори марказии ноҳия мегузаштем, чанде аз модарони нозанинро вохӯрдем, ки шир мефурӯхтанд. Аз онҳо пурсидам, ки говро чӣ хел сер мекунанд. Яке аз эшон бо номи Гулчеҳра бо шиква аз тасарруфи чарогоҳҳо чунин посухам дод: “Ростӣ намедонем чорвоамонро чӣ хел сер кунем?! Ҳама чарогоҳҳои хубро гирифтаанд. Барои мо, ширфурӯшони бечарогоҳ, фақат мавзеи сангов мерасад”. Чунин шикоятҳо аз ноҳияҳои Муъминобод, Фархор, Ховалинг, Данғара ва Балҷувон кам нестанд, ки қисме аз сокинон яке аз манбаъҳои пешбурди рӯзгор – гови дӯшоиашонро озодона ба чарогоҳ ронда наметавонанд. 
– 200 гектар чарогоҳи деҳаи моро, ки, асосан, дар ҳудуди хоҷагии “Садбаргҳо” қарор дорад, Иброҳим ном нафари сарватманд аз худ карда, гирдогирди онро симтӯр кашидааст ва намегузорад дигарон чорвои худро ба ин ҷо баранд. Тақрибан 300 гектари боқимондаи чарогоҳҳои моро нафари дигар бо номи Сайалӣ Амир соҳибӣ карда, атрофашро симтӯр кашидааст. Ба куҷое аз инҳо шикоят мебарем, посухи аниқе барнамеояд. Мардумони ин ҷо ҳазорҳо сар чорвои худро, ки манбаи зиндагиашон дар ин рустои кӯҳист, намедонанд ба куҷо баранду чӣ хел сер кунанд, – ба “Ҷумҳурият” шикоят карданд бошандагони деҳаи Садбаргҳои ноҳияи Муъминобод. 
 
ЧАРОГОҲ ДОРАНД, ИСТЕҲСОЛ НЕ
Албатта, давлат садҳо гектар чарогоҳро бо мақсади рушди чорводорӣ, яъне истеҳсоли ширу гӯшти фаровон ба ихтиёри шаҳрвандон иҷора гузоштааст. Аммо касе аз соҳибони чарогоҳҳо намепурсад, ки онҳо баробари соҳиб шудан ба садҳо гектар чарогоҳ чӣ қадар чорвои босифат доранд? Ширу гӯшт истеҳсол мекунанд ё не? Дар онҳо чанд гектар боғи босамар бунёд намудаанд?
Нафароне мисли Иброҳиму Сайалӣ Амир на танҳо усулҳои интенсивии истеҳсоли гӯшту ширро ба манфиати Ватан истифода намебаранд, балки ба зиндагии мардуми чорводор низ, халал расонда истодаанд. Имрӯз замоне расидааст, ки ҳар гектар чарогоҳ бо тоннаҳои гӯшту шир бояд натиҷагирӣ шавад, на бо 90 дирам сари гектар. Чаро бошандагони деҳа бо истифода аз чарогоҳҳои маҳалашон ақаллан худро бо шир таъмин карда наметавонанд? Ин дар ҳолест, ки дар истеҳсоли гӯшту шир, асосан, аҳолӣ саҳмгузор буда, ҳиссаи ночизе ба фаъолияти хоҷагиҳо рост меояд. Тибқи иттилои раёсати чорводорӣ дар вилояти Хатлон, соли гузашта, аз ҷумла дар ноҳияҳои Муъминобод 1650 тонна гӯшт, 268 тонна шир, Восеъ 391,2 тонна гӯшт, 1410 тонна шир, Ховалинг 83 тонна гӯшт, 80 тонна шир, Фархор 495 тонна гӯшт, 985 тонна шир ба хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ рост меояд, ки аксари чарогоҳҳо дар ихтиёри онҳо мебошад. Вале баръакси онҳо саҳми аҳолӣ дар истеҳсоли ширу гӯшт дар ноҳияҳои номбурда 9 – 10 маротиба зиёд аст. 
Эҳтимол меравад, ки бо ҳар роҳу восита дар шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам чарогоҳҳо аз ҷониби афроди дастдароз аз худ шуда, ба чорводории сокинон монеа эҷод гаштааст. Зеро, дар бисёри минтақаҳо, бо вуҷуди садҳо ҳазор гектар чарогоҳҳо, ҳатто як фермаи хуби ширии молӣ нест. Фермаҳои қаблан номдори бисёр шаҳру ноҳияҳо таҷдид шуда, кайҳо аз байн рафтаанд. Аммо ҳамаи чарогоҳҳо соҳиб доранд. Соҳибе, ки фақат дар фикри манфиати шахсӣ асту аз бадшавии вазъи чарогоҳ парвое надорад. Барои равнақи истеҳсолоти кишоварзӣ тадбире намеандешад. Чунончи, аз ҳисоботи раисони ноҳияҳои замоне ба чорводорӣ машҳур, аз ҷумла дар минтақаҳои Кӯлобу Рашт, дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2022 мехонем, бахусус истеҳсоли шир, баробари садҳо ҳазор гектар чарогоҳҳо хеле ночиз аст. Агар дар такя ба ин рақамҳо бингарему вазъи чарогоҳҳоро баҳогузорӣ намоем, самарнокии онҳо дар сатҳи хеле пасти нигаронкунанда қарор дорад. Толибҷон Иргашов, сардори шуъбаи назорати чарогоҳҳои Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ, зикр намуд, дар кишвар маҳсулнокии чорвои ширдеҳ ҳамагӣ 20 – 30 дарсадро ташкил медиҳад. Пас, дар ин ҳолат фоидаи чарогоҳ барои давлат ва ҳам аҳолӣ чӣ аст? Агар маҳсулнокии чарогоҳҳо дар чунин вазъ, яъне на фоидаи иқтисодӣ ба давлат (90 дирам-гектар) ва на истеҳсолу тақсимоти дуруст қарор дорад, пас вақти он нарасидааст, ки онҳо пурра дар тавозуни идораи давлатӣ бошанд ва сокинон бо меъёри муайян заминро солона ба иҷора гирифта, аз сари ҳар чорво андози давлатӣ супоранд? Ин ду суолест, ки аз раисони шаҳру навоҳии минтақаҳои зикршуда, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз бо нишон додани натиҷаҳои истеҳсолии интенсивӣ бояд посухи дақиқ диҳанд.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  рӯзноманигор
Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив