ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАТБИҚИ ҚОНУН Ё ФАРҲАНГИ САРФАКОРӢ. БОЯД АЗ ПОШИДАНУ ЧАСПОНДАНИ ПУЛ ДАР ТӮЮ МАЪРАКАҲО ДАСТ БАРДОРЕМ

ТАТБИҚИ ҚОНУН Ё ФАРҲАНГИ САРФАКОРӢ. БОЯД АЗ ПОШИДАНУ ЧАСПОНДАНИ ПУЛ ДАР ТӮЮ МАЪРАКАҲО ДАСТ БАРДОРЕМ

06 феврал 2025, Панҷшанбе
20
0


Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, сар задани буҳронҳои иқтисодию молиявӣ ва, ҳатто, ахлоқӣ моро водор месозанд, ки ҳарчи бештар ба арзишҳои миллии худ таваҷҷуҳ зоҳир кунем, фарҳанги сарфакориро дар фазои хонавода ва ҷомеаи худ вусъат бахшем. Ин вазъ баёнгари зарурати татбиқи ҳамаҷониба ва бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мебошад. Зеро татбиқи босамари Қонуни миллӣ, вусъат бахшидани фарҳанги сарфакорӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна исрофу зиёдаравӣ ва расидан ба қадри неъматҳои моддии мавҷуда метавонад ҳамчун омили таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оила гардад. 
Мутаассифона, вақтҳои охир зимни баргузории маъракаҳои хурсандии мардум анъанаи номатлуби пулчаспонӣ ва пулпошӣ ба назар расида истодааст, ки ин амал ҳам аз назари Қонун ва ҳам аз назари таълимоти дин мамнуъ ва маҳкумшуда мебошад. Зеро пулпошӣ ё пулчаспонӣ панҷ кирдори номатлуб, аз ҷумла хурофот, амали бефоида, бегонапарастӣ, риёкорӣ ва худнамоиро таҷассум мекунад. 
Ин амали риё дар фарҳанги пурғановати мо ҳаргиз ҷой надоштааст, балки гузаштагони мо дар осори худ ҳамеша ғояҳои сарфаю сариштакорӣ, расидан ба қадри неъматҳо, канорагирӣ аз исрофу худнамоиро тарғиб кардаанд.
Бар он кадхудо зор бояд гирист,
Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист. 
Гузашта аз ин, пули миллӣ дар радифи Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва аз нишонаҳои давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Модоме ки пули миллӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ба шумор равад, бешак арҷгузорӣ ба он як амали зарурӣ буда, эҳтиромаш нишонаи ватандӯстист. 
Пошидан ё часпондани пул дар тӯю маъракаҳо, агар аз як сӯ беэҳтиромӣ ба муқаддасоти миллӣ бошад, пайомади номатлуби дигари ин амал дар он аст, ки метавонад ба оҳистагӣ ба як одати қабулшуда мубаддал гардад. Яъне, дигарон низ талош мекунанд, ки аз ин “сабқат” ақиб намонанд ва миқдори пули заруриро барои пошидан ё часпондан ҷамъоварӣ намоянд. 
Вақте намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим бо ташкили рейдҳо чунин ҳолатҳоро ошкор мекунанд, баъзе аз ҳамватанони мо баҳона пеш меоранд, ки пулҳои пошидаи онҳо қалбакӣ мебошанд. Дар ҳоле ки ҳатто ҳамон пулҳои қалбакиро ҳам бо пардохти маблағи муайяне харидорӣ мекунанд ва барои шуҳратталабӣ ва риёкорӣ дар маъракаву маросими гуногун мепошанд. Илова бар ин, агар ин кирдори номатлуб сари вақт назорат ва пешгирӣ нашавад, онҳое, ки ҳоло пули қалбакӣ мепошанд, оҳиста-оҳиста ба пошидани пули воқеӣ мегузаранд ва ин кор ба расми роиҷ бадал хоҳад шуд. Дилхоҳ амали хурофотӣ низ дар натиҷаи бетарафии афроди огоҳи ҷомеа ба оҳистагӣ миёни мардум роиҷ мегардад. 
Вобаста ба ин, дар “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус гуфта мешавад: "Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад..."
Чунин амалҳои зоҳирпарастонаро дини ислом низ қабул надорад. Дар ин маврид Худованд дар Қуръони карим, сураи Фуссилат, ояти 34 мефармояд: “Амалҳои нек ва амалҳои бад бо ҳам баробар нестанд ва миёни ин ду фарқи бузурге мебошад. Пас Шумо даст ба амалҳои хайр занед ва аз амалҳои нолозиму нодаркор даст бикашед”.
Инчунин, Абуҳурайра аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки он кас фармуданд: «Аз сифатҳои нек ва хуби бандаи муъмин он аст, ки аз амалҳои бефоида ва беманфиат даст кашида, танҳо амалҳоеро анҷом диҳад, ки барои ӯ фоида дорад» (Ҳадиси саҳеҳ, ривояти Тирмизӣ).
Аз дидгоҳи мазҳаби Имоми Аъзам амали беманфиатро анҷом додан ҷоиз ва дуруст нест. Чунончи, дар “Васиятнома”-и Имоми Аъзам омадааст: “Инсонро мебояд вақти худро дар амалҳои бефоида сарф накунад, зеро аз бефоида гузарондани вақт инсон дар рӯзи маҳшар пурсида мешавад, ки оё вақти худро дар амалҳои боманфиат сарф кард ё дар корҳои беманфиат?”. 
Агар аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво гирем, хурофот ҳама амалҳо ва боварҳое мебошад, ки аз дидгоҳи илм (илман) асоснок карда нашудааст. Хурофот далели динӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ надорад. Бешак, пулчаспонӣ низ аз ҷумлаи амалҳои хурофотӣ ба шумор рафта, анҷом додани он амали нораво ва нодуруст мебошад. Бинобар ин, ягона воситаи муассир бар муқобили афкору андеша ва боварҳои хурофотӣ рӯ овардан ба илму дониш мебошад. 
Соли 2024-ро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуда буданд. Дар партави он чорабиниҳои зиёде баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сурат гирифт. Имрӯз ҳар як шахси ватандӯсту масъулиятшиносро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши фарзандони худ, боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ кори аз дасташ меомадаро дареғ надорад. Зеро ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки борҳо таъкид мекунанд: “Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”.

Муслиҳиддин ХОҶАМИРЗОДА,
номзади илмҳои филология

Санаи нашр: 06.02.2025 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив