БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ДАСТОВАРДҲОИ НОҲИЯ РӮ БА РУШД ДОРАНД
"Сарфи назар аз баъзе мушкилию монеаҳо, соли сипаригардида барои сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли дастовардҳо, натиҷаҳои назарраси воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Аҳолии ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ босамар меҳнат карда, дар рушди иқтисодиёт, ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ муваффақ шуданд. Ҳамин буд, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба дастовардҳои истеҳсолӣ дар соли 2024 миёни навоҳии вилоят сазовори ҷойи дуюм гашт", – иброз дошт Нусратулло Салимзода, раиси ноҳия дар суҳбат бо рӯзноманигори “Ҷумҳурият”.
Раиси ноҳия афзуд, ки аз оғози соли 2024 тамоми кӯшишу талошҳои мардуми ноҳия барои ноил шудан ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ равона шуда буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҳаки асосии корбарии хеш қарор дода, бо таҷдиди назар ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ҷиҳати иҷрои супоришҳо ва бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои судманд андешид. Сари вақт ва босифат амалишавии Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025 дар мадди назари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифта буд, ки самари хуб бахшид.
Оид ба вусъатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодӣ бошад, корҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Ҷиҳати густариш бахшидани раванди рақамикунонии молиявӣ тамоми ҳуҷҷатгузориҳо тавассути пардохтҳои электронӣ амалӣ мегарданд. Алоқаи корпоративӣ байни Вазорати молия, раёсати молия ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ таъмин буда, барои шаффофияти истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷет дар муҳлатҳои муқарраргардида ба Вазорати молия ва сарраёсати молия дар вилояти Суғд ба таври электронӣ пешниҳод мешавад.
Соли 2024 қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 110,5 фоиз иҷро гардида, воридот 676,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 64,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Яке аз омилҳову роҳҳои рушди иқтисодӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридсозии технологияҳои нав ва ҷалби сармояи мустақими хориҷиву дохилӣ мебошад, ки сол ба сол вусъат меёбад.
Бо ин мақсад, аз ҷониби раиси ноҳия мунтазам бо соҳибкорон вохӯрӣ доир гардида, ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мавҷуда якҷоя бо сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин самт метавон фаъолияти босамари Шурои соҳибкорию сармоягузории назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зикр кард. Феълан, шумораи умумии соҳибкорони ноҳия 13 ҳазору 987 нафарро ташкил медиҳад, ки шабу рӯз баҳри ободонӣ ва шукуфоии диёр талош меварзанд.
Дар ноҳия ба бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои кор таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Натиҷаи ин аст, ки соли рафта аз ҷониби соҳибкорон 36 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, қариб 300 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Имсол бошад, соҳибкорони ноҳия тасмим доранд, ки 13 корхонаи аз истеҳсол бозмондаро фаъол гардонда, 20 корхонаи хурду бузурги саноатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Боиси зикр аст, ки соли рафта дар арафаи таҷлили Ҷашни Наврӯз дар ноҳия ду корхонаи истеҳсолӣ – ҶДММ “Титан 8888” оид ба коркарди оҳан ва дар ин замина истеҳсоли печҳои ҳозиразамон ва ҶДММ “Муосир-Пласт” оид ба истеҳсоли зарфҳои яккарата ба истифода дода шуданд, ки дар ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Соли сипаришуда дар ноҳия аз ҷониби 187 корхонаи истеҳсолӣ ба маблағи 4 миллиарду 121,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Аммо таҳлилҳо аз он бозгӯйӣ мекунанд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ноҳия бояд дар солҳои баъдӣ дучанд афзоиш ёбад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ барои амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум, дар маҷмуъ, ҷиҳати таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”