ПАЁМ. ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДАСТУРУ НИШОНДОДҲОРО АМАЛӢ МЕКУНАНД
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва тибқи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Сомониён баргузор гардид.
Икромиддин Вализода, раиси ноҳия, ҳангоми суханронӣ зикр кард, ки Паём барномаи муайяну мукаммалеро мемонад, ки дар он тамоми бахшу соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвари азизамон мавриди таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифта, нақшаву вазифагузориҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда ҷиҳати рушди бомароми давлат гузошта мешавад.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, ба рушди соҳаи кишоварзии он диққати зиёд зоҳир мешавад. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза Президенти кишвар иброз доштанд, ки дар ин самт «...минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд». Мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамзамон, масъалаҳо вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, замина гузоштан ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллӣ, хуб ба роҳ мондани сифати дониш, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
НОҲИЯИ АЙНӢ. ОМОДАГӢ БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД
Дар ноҳияи Айнӣ омодагиҳо ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот идома дошта, корҳои ташкилӣ аз рӯи реҷаи муайян ва низоми интихоботӣ ҷараён доранд.
Дар ин робита, 4-уми феврал Рӯзибой Раҳимзода, раиси ноҳияи Айнӣ, ба манзури шиносоӣ аз рафти омодагиҳо дар участкаҳои интихоботии ҷамоатҳои деҳоти Фондарё ва Анзоб бо масъулин ва интихобкунандонгон дидору мулоқот кард.
Дар ҷараёни шиносоӣ маълум шуд, ки дар участкаҳои интихоботӣ шароити созгор фароҳам гардида, корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар сатҳи матлуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва таъмини риояи ҳуқуқи интихобкунандагон тибқи нақшаи корӣ шароити мусоиди овоздиҳӣ муҳайё гардидааст. Шиору овезаҳои даъваткунанда, лавҳаҳои иттилоотӣ ва аёниятҳои дигар насб ва то кунун ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо маводи зарурии дастурию варақаҳои тарғиботӣ таъмин шудаанд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба “Ҷумҳурият” иттиллоъ доданд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқ ба овоздиҳӣ доранд, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Ф. ҶУМЪАЗОДА, “Ҷумҳурият”
ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...
Имрӯзҳо ноҳияи Айнӣ ба туфайли иқдомҳои созандаи сокинонаш ободу зеботар мегардад. Хурсандиовар аст, ки аҳли ноҳия дар корҳои бунёдкорӣ саҳми назаррас мегузоранду барои ободии диёрашон якдилона талош доранд. Бунёди кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзишӣ, омӯзишгоҳу меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ далели гуфтаҳост.
АЗ СОХТМОНИ КӮДАКИСТОН ТО МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ
Дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти ноҳия ба бунёди кӯдакистонҳо авлавият медиҳад. Дар доираи омодагиҳо ба пешвози Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони кӯдакистонҳо дар деҳоти ноҳия дар назар дошта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони деҳаи Сангистон бомаром ҷараён дорад. Он аз ду ошёна иборат буда, барои 120 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Инчунин сохтмони майдончаи варзишӣ ва маркази варзишу солимгардонӣ дар шаҳраки Зарафшон – 2 оғоз ёфтааст. Бунёди майдончаи варзиширо корхонаи «Шахтаи Фон-Яғноб» ба зимма гирифтааст.
ДУ МЕҲМОНХОНАИ ЗАМОНАВӢ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД
Ҳамзамон, бо назардошти имконияти фарохи сайёҳии ноҳия, бахусус дар самти сайёҳии экологию кӯҳнавардӣ, соҳибкорон талош доранд, шароити будубоши меҳмононро беҳтар созанд. Аз ҷумла, бонуи соҳибкор Субҳия Лутфова тасмим гирифтааст дар маркази ноҳия барои 26 ҷой меҳмонхонаи замонавиеро бунёд намояд. Дар пайи ин иқдом 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, симои маркази ноҳия дигаргун мешавад.
Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи деҳаи Дашти Дар-дар дар арафаи анҷомёбист. Ин иншоот аз ҷониби бонуи соҳибкор Кишварой Махмедова сохта шуда, имкони дар як вақт қабули 30 нафарро дорад.
ОМӮЗИШГОҲИ ТИББӢ БУНЁД МЕГАРДАД
Ғайр аз ин, аз ҷониби собиқадори соҳаи тандурустӣ Мироқил Мирсаидов дар деҳаи Урметан сохтмони Омӯзишгоҳи тиббӣ бо фарогирии 120 донишҷӯ идома дорад.
Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум нуқтаи дандонпизишкӣ ва дорухона ҷойгир аст. Синфхонаҳои омӯзишӣ мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, бо дари худро ба рӯи донишҷӯён боз кардани ин муассиса интизор меравад, норасоии кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар деҳоти дурдасти ноҳия ҳалли худро ёбад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»