ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”. РӮЗНОМАИ № 1 ДАР ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

“ҶУМҲУРИЯТ”. РӮЗНОМАИ № 1 ДАР ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

07 феврал 2025, Ҷумъа
6
0
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфтанд: “Инсоният дар тули таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадим то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад”.
Гузаштагони мо, барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон ва ҳифзи марзу бум ба намудҳои гуногуни варзиш, мисли камонварӣ, найзазанӣ, аспсаворӣ ва ғайра машғул мешуданд.
Солҳои аввали ташкили ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ғайр аз низомиёни гарнизони ҳарбӣ ба таври оммавӣ касе ба тарбияи ҷисмонӣ машғул намешуд. Яке аз аввалин чорабиниҳое, ки миёни аҳолии шаҳр тарбияи ҷисмониро вусъат дод, спартакиада буд. Он ба муносибати эълон шудани ҶШС Тоҷикистон 15-уми марти соли 1925, рӯзи нашри нахустин шумораи рӯзномаи “Иди тоҷик” (“Ҷумҳурият”), барпо гардид. Соли 1928 дар Душанбе пленуми Шурои тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гузашт, ки дар он масъалаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳокима шуд. Дар давраи тайёрӣ ба спартакиадаи навбатӣ дар корхонаҳо аз рӯйи бисёр намудҳои варзиш: футбол, волейбол, варзиши сабук, шоҳмот, шашка кружокҳо ташкил шуданд. Он вақтҳо байни сокинони Душанбе футбол ва волейбол шуҳрати калон дошт. Тобистони соли 1929 дар Душанбе намуди нави варзиш – теннис ривоҷ ёфт.
Соли 1936 шуроҳои тарбияи ҷисмонӣ ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ табдил дода шуданд. Раиси якуми Кумитаи ҷумҳуриявии тарбияи ҷисмонӣ Виктор Дмитриевич Коршенко буд. Солҳои 1936-1941 дар шаҳри Душанбе намудҳои варзиши футбол, варзиши сабук, волейбол, баскетбол, тирпарронӣ, шоҳмот, аспдавонӣ ва мотоспорт бо суръати баланд инкишоф ёфт.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (он солҳо “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони советӣ”) солҳои аввали ташкили ҶШС Тоҷикистон, асосан, ба масъалаҳои саводнокии сокинон, корҳои созандагиву ташкилӣ диққат медод. Хабарҳои варзишӣ аз солҳои 50-уми асри ХХ ин тараф нашр шуданд ва танҳо солҳои 70-80-ум “Варзиш” ва “Спорт” ба рубрикаҳои фаъоли “Тоҷикистони советӣ” табдил ёфтанд. Зери ин рубрикаҳо қариб ҳамарӯза хабарҳо ва мусоҳибаву гузоришҳо нашр мешуданд. Тавре аз гузоришҳо бармеояд, он солҳо аз рӯйи бисёр намудҳои варзиш, мисли ҷудо, самбо, гимнастика, варзиши сабук, футбол, волейбол, шоҳмоту шашка, чемпионатҳои ҷумҳурӣ сурат мегирифтанд.
Соли 1980 хабарнигори рӯзнома Нарзулло Латипов Бозиҳои тобистонаи олимпии Москваро васеъ инъикос кардааст. Дар ин Олимпиада намояндагони Тоҷикистон 3 медал гирифтанд. Зери сарлавҳаи “Аввалин бор ду медали тилло” мехонем: “Анатолий Старостин аз Душанбе аввалин спортсмени панҷҳарбаи советӣ аст, ки дар мусобиқаи шахсӣ сазовори унвони чемпиони бозиҳои олимпӣ гардид”.
Қобили зикр аст, ки солҳои 80-ум таваҷҷуҳи рӯзнома ба клуби футболи “Помир”-и Душанбе, ки аввал дар Лигаи якум, баъдтар дар Лигаи олии Чемпионати ИҶШС қувваозмоӣ мекард, бештар буд. Ҳар даври чемпионат дар саҳифаҳои “Тоҷикистони советӣ” инъикос ёфтааст. “Помир” аз 11-уми апрели соли 1970 байни дастаҳои Лигаи якум бозӣ мекард ва 28-уми октябри соли 1988 бо сарварии сармураббӣ Шариф Назаров ғолиб гардида, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.
Солҳои аввали истиқлол рӯзномаи “Ҷумҳурият”, бо сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ, ба варзиш камтар таваҷҷуҳ дошт. Баъдан, бо пойдории сулҳу ваҳдат таваҷҷуҳ ба варзиш ва сохтмону навсозии иншооти соҳа аз сар гирифта шуд. Бо варақ задани саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар солҳои 2000-ум мо шоҳиди рӯйдодҳои муҳими варзишӣ мегардем. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор шудани Бозиҳои Осиёи Марказӣ, дастоварди варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ду медал аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008, як медал аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012, медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро соли 2016. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” 5-ум Бозиҳои Осиёи Марказиро васеъ инъикос кардааст. Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки 14-уми октябри соли 2023 доир гашт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.
21-уми октябри соли 2003 рӯзнома бозиҳоро зери сарлавҳаи “18 медали тиллои варзишгарони тоҷик” натиҷагирӣ кардааст. Дар гузориш, аз ҷумла мехонем: “Тоҷикистон дар се Бозиҳои Осиёи Марказии гузашта ҳамагӣ: 41 медал – 2 тилло, 6 нуқра, 33 биринҷӣ ба даст оварда буд. Кунун дар Бозиҳои V Осиёи Марказӣ ба гирифтани 57 медал (18 тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ) шарафёб гардид”.
Пас аз бомуваффақият гузарондани Бозиҳои Осиёи Марказӣ, дар кишвар таваҷҷуҳ ба рушд ва оммавияти варзиш бештар гардид. Аз ҷумла, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-уми майи соли 2005 дар Дави олимпӣ ширкат карданд. Ин чорабинӣ бо фармони Президенти кишвар Дави миллӣ унвон гирифта, ҳар сол баргузор мешавад.
Гӯшаи “Варзиш” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” солҳои охир фаъолтар гардид ва чун рӯзнома ҳар рӯз нашр мешавад, хонанда бо дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар сари вақт огоҳ мегардад. Ба ҳисоби миёна дар як сол зери ин рубрика беш аз 200 хабару гузориш пешниҳоди хонанда мешавад.
Дар баробари ин, рӯзнома дар муаррифии варзишгарони ҷавон саҳм гузошта, доир ба фаъолияти варзишии собиқадорони соҳа низ саҳм мегузорад. Масалан, доир ба таэквондочии ҷавон Мӯниса Ойматова, боксёр Шоира Зулқайнарова, паҳлавонон Сомон Маҳмадбеков, Хушқадам Хусравов, Маҳмадшариф Наҷмиддинов матлабҳо нашр шудааст. Ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон даст ёфтани Эмомалӣ Нуралӣ, аввалин маротиба дар таърихи ҷудои кишвар медали тиллои Гранд Сламро гирифтани Темур Раҳимов, аввалин маротиба ба Ҷоми Осиё роҳ ёфтани тими миллии футболи кишвар, нахустин бор дар кишвар баргузор шудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, Гран-при оид ба ҷудо, Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ва Париж-2024 дар саҳифаҳои рӯзнома муфассал инъикос ёфтааст.
Дар баробари таблиғи соҳаи варзиш, кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” амалан ба варзиш машғул ҳастанд. Ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, мисли Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, миёни кормандони рӯзнома мусобиқаҳои варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка, нард ва футболи хурд баргузор мешаванд. Аз ҷумла, соли 2022 ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Истиқлоли давлатӣ мусобиқаҳои тенниси рӯи миз, шашкаву нард ва ҳангоми сафари кории ҳайати кормандони рӯзнома ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи майи соли 2022 бо ҳамкасбон дар шаҳри Самарқанд бозии дӯстонаи футболи хурд доир шуд, ки ҳамаи ин дар саҳифаҳои рӯзнома ҷой гирифтаанд.
Ба истифода додани садҳо иншооти варзишӣ дар кишвар зимни сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳо аз масъалаи дигари рушди варзиши кишвар мебошад, ки дар “Ҷумҳурият” инъикос ёфтаанд.
Боиси тазаккур аст, ки Қ.Парвозов, А.Ғафуров, Д.Шамсов, Х.Усмонов, Имомназар Холназар, Нарзулло Латипов, Абдулло Насимов, Ю.Некрӯз, Р.Обидов, М.Ҳусейнов, Бобо Расулзода, Қурбон Мадалиев, А.Неъматов, Н.Азизов, Н.Юнусов, Самариддин Асоев, Шамсиддин Насриддинов (Ховари Содиқ), Раҷабалӣ Исматуллоев ва Маҳмуд Мирзоён солҳои гуногун гӯшаи варзишро пеш мебурданд.
Чун солҳои шуравӣ рӯзномаҳо кам буданд ва “Тоҷикистони советӣ” ягона рӯзномаи инъикосгари варзиш ба ҳисоб мерафт ва мешавад ин рӯзномаро бунёдгузори журналистикаи варзишӣ хонд. Хулоса, бо “Ҷумҳурият” мо шоҳиди ташаккули соҳаи варзиши Тоҷикистон дар 100 соли охир мегардем ва ифтихор мекунем.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.02.2025 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив