ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

07 феврал 2025, Ҷумъа
32
0
ИСТАРАВШАН
Адҳам Маъмурзода: “Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ”
Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан, дар нишасти матбуотӣ, таъкид кард, ки кишоварзӣ соҳаи асосӣ буда, дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа нақши аввалиндараҷа мебозад.
Аз ин рӯ, кишоварзон соли 2024 ҷиҳати рушди ин соҳа тадбирҳои судманд андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи беш аз 2 миллиарду 680 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар соҳаи рустанипарварӣ, чорводорӣ, боғу токдорӣ низ комёбиҳо боло рафта, суръати афзоиш аз 108 то 113 фоиз таъмин гардида, 16,5 гектар боғу токзори нав бунёд ёфтанд. Дар деҳоти Сабристон, Зарҳалол, Қалъачаи Калон, Ниҷонӣ ва Чорбоғ 14 ҳазор бех ниҳоли тут шинонда шуд.
Саъдулло МАҲКАМОВ
ТОҶИКОБОД
Бунёди 6 коргоҳи истеҳсолӣ дар як сол
Соли 2024 дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки дар он 18 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Шумораи умумии коргоҳҳои истеҳсолӣ 22-то буда, қисми зиёдашон мавсимӣ мебошанд, - иброз дошт Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳия, зимни нишасти матбуотӣ. Ҳамчунин, гуфт, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10 миллиону 746 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пеш ду миллиону 231 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Боиси зикр аст, ки соли рафта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 301 миллиону 239 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 10 миллиону 979 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон 3343 тонна ғалладона, 29679 тонна картошка, 6464 тонна сабзавот, 6304 тонна мева, 2216 тонна гӯшт ва 121 тонна асал ба даст оварда, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуданд.
– Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду барқарорсозии 101 иншоот дар нақша аст. То имрӯз 50 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд, – иброз дошт Қадриддин Фақерзода.
Гулнисои САЪДОНШО
ОШКОРИ ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ БА МАБЛАҒИ 5,4 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Зимни нишасти матбуотӣ Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, иброз дошт, ки соли рафта аз тарафи Хадамот дар чанд субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронда, қонунвайронкунии зиддиинҳисориро ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлат интиқол дод.
Ба маълумоти ӯ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори берунӣ ва дохили ҷумҳурӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи Хадамот 144 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 59 муассисаи тиббӣ ва 85 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаҳо мувофиқа шуданд.
Дар ин давра 58 муроҷиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз рӯйи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гаштанд.
Кароматулло АТО
БАРОИ НАФАҚАГИРОН МАБЛАҒГУЗОРӢ 48,8 ДАРСАД АФЗУД
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои пешрафти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зарур аст, рақамикунонии соҳа ба ҳисоб меравад. Ҳоло Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва иқтидори меҳнатӣ масъалаи рақамикунонии соҳаро шуруъ намудааст.
Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт ва зикр кард, ки соли рафта нафақахӯрон дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуданд, ки назар ба соли пешӣ 8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 дарсад бештар мебошад. Хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи маълумоти нақшавӣ 32,1 миллион сомонӣ афзуда, ба 337,9 миллион сомонӣ расид.
Дар соли ҳисоботӣ андозаи нафақаи 775008 нафақагире, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифт, индексатсия шуд. Андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 106,17 сомонӣ афзуда, ба 475,07 сомонӣ расид. Индексатсияи нафақаҳо пурра анҷом ёфта, аз моҳи июли соли 2024 нафақа бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегардад.
Зикр гашт, ки то якуми январи соли равон шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 836690 кас расид, ки 167108 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд. Талаботи нафақа дар қиёс ба соли пешӣ 27,8 дарсад зиёд шуда, чор миллиарду 291 миллион сомониро ташкил дода, аз ҳисоби пардохти нафақа қарз вуҷуд надорад.
Кароматулло АТО
Заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар мегарданд
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ аз сохтмони биноҳои таълимии литсейҳои касбию техникии ноҳияҳои Қубодиён, Деваштич, Фархор, Панҷ, Ванҷ, Муъминобод, Балҷувон ва Рашт хабар дод, ки то ин вақт фаъолият намебурданд. Ба таъкиди ӯ, мушкили набудани чунин таълимгоҳҳо дар 16 шаҳру ноҳия вуҷуд дошта, зина ба зина ҳал мегардад.
Таъкид гашт, ки бо мақсади таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ 73 номгӯй китоб таҳия гардида, аз ин шумор 50 номгӯй нашр ва барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуд.
– Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи Кумита Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Бо амалишавии Барномаи мазкур таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҷҳизондани озмоишгоҳу лабораторияҳо, синфхонаҳои фаннию устохонаҳои таълимӣ ташкил гардида, ин раванд дар ҳама муассисаҳо марҳала ба марҳала амалӣ мегардад, – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Лола РИЗОӢ
Соли 2024-ум 334 хона аз офатҳои табиӣ зарар дид
Бар асари офатҳои табиии соли гузашта дар кишвар 334 хона хисорот дид, аз ҷумла 102 хона пурра нест шуд. Илова бар ин, 12 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 13 иншооти маданиву маишӣ, 542 километр роҳ, 10 истгоҳи фаръии трансформаторӣ зарар диданд. Инчунин, 1017 сар чорво ва 26 ҳавзи моҳӣ талаф ёфтааст.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбинишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои моддии давлатӣ барои оилаҳои ҳалокшудагон ва ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ёрии яквақтаи моддӣ, инчунин, барои сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои пурра ва қисман зарардида масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва рӯзгор ба маблағи умумии 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Басона САТТОРЗОДА
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
1656 медали варзишгарон
Соли 2024 варзишгарони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар 116 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 19 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, 1656 медал – 504 тилло, 432 нуқра, 720 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 медал зиёд аст. Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 17 медали тилло, 10 нуқра ва 49 биринҷӣ гаштанд.
Ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Дилшод Мадализода, соли 2024 бо ибтикори соҳибкорон 19 майдонча ва 5 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар ноҳияи Фархор 1 толори варзишӣ бунёд гардид. Дар минтақа 19 мактаби варзишӣ фаъол буда, варзишгарони касбиро ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода ва сафарбар менамояд. Соли гузашта аз тарафи бахш 86 мусобиқаи минтақавӣ бо иштироки бештар аз 5700 варзишгар баргузор гардид.
Суннати СОДИҚ
ДБССТ
Ду пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ таъсис ёфт
– Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти таҳкими фаъолияти пажӯҳишгоҳҳо корҳои муайянеро анҷом дод. Масалан, ҷиҳати бунёди Маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3 миллиону 157 ҳазор доллари ИМА таҳия шуда, ба ташкилотҳои маблағгузор пешниҳод гардид, – гуфт Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳ, дар нишасти матбуотӣ.
Таъкид шуд, ки соли рафта дар сохтори Донишгоҳ 2 пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ, 3 институти таълимӣ, 10 марказ ва дигар воҳидҳои сохторӣ вобаста ба меъёрҳои ҷаҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис ёфтанд, ки барои таъмини сифати баланди таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани сохтори идоракунӣ мусоидат мекунанд.
Убайдулло Асрорзода гуфт, ки барои таъмини ҳамгироии байналмилалии раванди таҳсил дар Донишгоҳ бо ҷалби омӯзгорон, олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла аз муассисаҳои таълимӣ ва илмии Британияи Кабир, Ҳиндустон, Индонезия, Нидерланд, Малайзия, Чин, Олмон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз 150 маърузаи маҷозӣ, машварат, машғулияти шабакавӣ ва озмунҳои таълимӣ баргузор шуданд.
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 06.02.2025 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив