ИНТИХОБОТ. ТАНЗИМИ ҚОНУНИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИСТ
Интихобот, ҳамчун василаи ифодаи иродаи мардум, маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар ҷараёни он ҳамоҳангии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ бо комиссияҳои дахлдори интихобот омили асосии дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани он мебошад. Вобаста ба ин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот як қатор меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф менамояд, ки бе дахолат ба кори комиссияҳои интихоботӣ як қатор вазифаҳоро амалӣ намоянд.
Мусалламан, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба тамоми раванди интихобот метавонад таъсири бевосита расонад, механизми таъсиси комиссияҳои интихоботӣ мебошад, ки бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад: «Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад».
Ҳамзамон, комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Комиссияи дахлдори интихоботӣ таъсис дода мешавад. Моддаи зикргардидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки: «Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва комиссияи ҳавзавии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад».
Дар масъалаи таъсиси участкаҳои интихобот, қонунгузор пешниҳодро ба раиси шаҳру ноҳия вогузор намудааст. Вобаста ба ин, дар моддаи 22 Қонуни зикргардида муқаррар шудааст, ки: «Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкил карда мешаванд».
Дар моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидааст, ки комиссияҳои участкавии интихобот аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд.
Вобаста ба моҳияти меъёри мазкур бояд қайд намуд, ки ҳангоми пешниҳоди аъзои комиссияҳои дахлдори интихоботӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд аз рӯйи принсипҳои салоҳиятнокии касбӣ, ташаббускорӣ, эҳтироми қонуният, беғаразӣ ва масъулиятшиносӣ интихоби аъзои комиссияро ба роҳ монад. Зеро маҳз риояи дурусти принсипҳои зикргардида метавонанд барои фаъолияти самаранок ва мақсаднок дар маъракаи интихобот мусоидат намоянд.
Самти дигаре, ки қонунгузор мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намудааст, ташкили шароити мусоиди корӣ барои фаъолияти комиссияҳои интихобот мебошад. Моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст: «Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботро барои гузарондани интихобот ройгон бо бино таъмин менамояд».
Дар асоси муқаррароти зикргардида раиси шаҳру ноҳия дар масъалаи ройгон таъмин намудани комиссияи дахлдори интихоботӣ масъул мебошад. Бинобар ин, дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун, яъне 3 рӯз, таъмин намудани участкаи интихоботӣ бо бино муқаррароти муайяншуда буда, бояд бетаъхир иҷро карда шавад.
Масъалаи дигаре, ки дар доираи ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҳал шавад, пешниҳоди бино барои рӯзи овоздиҳӣ мебошад. Вобаста ба ин дар моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст: «Биноҳо барои овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ихтиёри комиссияҳои участкавии интихобот ройгон дода мешаванд.
Биноҳо барои овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ биноҳое мебошанд, ки дар он ҷо ҷаласаҳои мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ гузаронда мешаванд. Ин биноҳо бояд ҳатман дар ҳудуди ҳамон шаҳрҳое ҷойгир бошанд, ки дар он ҷо қароргоҳи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ воқеъ гардидааст». Хушбахтона, ҳоло аксари биноҳое, ки участкаҳои интихоботӣ ҷойгир карда шудаанд, биноҳои ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашнҳои 30 ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шароити хуби инфрасохториро барои фаъолияти участкаҳои интихоботӣ дар масъалаи таъминот бо макони мувофиқ фароҳам овардааст.
Самти дигаре, ки дар раванди баргузории интихобот ҳамкории комиссияҳои дахлдори интихобот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот зарур аст, ин мусоидат ба фаъолияти ташвиқотӣ мебошад, ки аз ҷониби номзадҳо амалӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст: «Комиссияи интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гузарондани ин вохӯриҳо мусоидат мекунанд, биноҳо ҷудо менамоянд, аз вақту маҳали вохӯриҳо пешакӣ хабар медиҳанд ва дигар чорабиниҳои заруриро амалӣ мекунанд».
Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии мазкур муайян намудааст: «Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд дар вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон раисӣ кунанд». Ин меъёр имконият медиҳад, ки аз истифодаи захираҳои маъмурӣ пешгирӣ карда шуда, имкониятҳои баробар барои ҳамаи номзадҳо таъмин шаванд.
Ҳамкории комиссияҳои дахлдори интихобот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар таҳия ва пешниҳоди рӯйхати интихобкунандагон низ самти фаъолияти ҳамоҳанге мебошад, ки дар раванди интихобот аҳамияти калон дорад. Вобаста ба ин масъала дар моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи интихобкунандагонро ба ҳисоб гирифта, ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунанд, барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон маълумоти даркорӣ медиҳад».
Дигар масъалае, ки дар доираи ҳамкории комиссияҳои интихобот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ зарур аст, ҳисоботдиҳанда ва мусоидаткунанда будани тамоми дигар сохтору мақомот ва иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ вобаста ба масъалаҳои баргузории интихобот мебошад.
Иҷрои санадҳои дар доираи салоҳияташ қабулнамудаи комиссияҳои интихобот ҳатмӣ мебошанд. Муқаррароти мазкур дар моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҷой дорад. Аз он ҷумла: «Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатмӣ мебошад».
Ҳамкорӣ ва фаъолияти ҳамоҳанг дар самтҳои зикргардида имконият медиҳанд, ки масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ, ташкил ва баргузории интихобот сари вақт ҳал карда шуда, баҳри иштироки озодонаи шаҳрвандон дар раванди изҳори ирода шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Махфират ХИДИРЗОДА,
узви Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон