ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУХАН АЗ САҲНАҲОИ ЗИНДАГӢ

СУХАН АЗ САҲНАҲОИ ЗИНДАГӢ

07 феврал 2025, Ҷумъа
18
0


(Назаре ба ҷанбаи иҷтимоии романи Кароматуллоҳи Мирзо “Ишқи сархӯр”. 
– Душанбе: Адиб, 2020. – 120 саҳ.)
Романи нависандаи машҳури тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо “Ишқи сархӯр” аз ҷумлаи асарҳоест, ки дар меҳвари онҳо тасвири бадеии тақдири инсон дар ростои мушкили иҷтимоӣ қарор дорад. Нависанда суханро дар ин асар бо тафаҳҳус перомуни масъалаи мушаххаси иҷтимоӣ – никоҳи хешутаборӣ оғоз мекунад, ки решаи он дар хонаводаҳо бархоста, паҳнои он то ба доираи гуногуни муносибатҳо вусъат ёфта, дар назари зоҳирбин, ба мушкили ҷузъӣ, вале моҳиятан ба масъалаи муҳими ҷомеа гиреҳ мехӯрад. Ҳалли чунин масъала замоне муяссар мешавад, ки ҳар як фарди ҷомеа дар тафаккур ва биниши иҷтимоии худ иддаоҳои шахсию хонаводагиро канор гузошта, ба масъала аз дидгоҳи ҷомеашинохтӣ ва дурнамои тақдири насли инсон ва ҳузури солими ӯ дар ҳаёт андеша кунад. 
Дар тасвири Кароматуллоҳи Мирзо натиҷаи нохуши муносибатҳои бархоста аз масъалаи мазкур, гузашта аз вуқуи нохушӣ дар муносибатҳои хешутаборӣ, ба масъалаи ахлоқии алоқаманд ба низоми хонаводаи солим дар ҷомеа табдил мешавад. Масалан, апаю хоҳари дугоник дар натиҷаи аз ҳам ҷудо шудани фарзандонашон, ки байни ҳам бо хоҳиш ва “умеду орзуи зиёд”-и волидайн ақд баста буданд, душмани ҳамдигар мешаванд. Онҳо дар як шикам ғунҷида буданд, аммо баъд аз ин ҳодиса “акнун дар олам намеғунҷанд”, бадтар аз ҳама, миёни ҳамдигар ҷангӣ аз олам гузаштанд. Оё фоҷиае гаронтар аз чунин рухдод миёни фарзандони як падару модар рӯй доданаш мумкин аст? Пайомади ахлоқии ҳосил аз чунин муносибат боз ҳам фаҷеътар аст. Масали таъбири “Қудоию ҷудоӣ” дар миёни халқ беҳуда пайдо нашудааст.
Маъмулан, вазифаи романҳое, ки дар онҳо ҳодисаҳои воқеии дар зиндагӣ рухдода дар хатти муҳтавоӣ бартарӣ доранд, аз он иборат аст, ки дар тасвир ва таҳқиқи бадеии мушкилиҳои ҷомеаи муосир нависанда дар мизони баён меъёрҳои ахлоқиро мегузорад. Роҳи ҳалли мушкилиро хонандаи огоҳ, ё худ халлоқ ҳангоми мутолиаи асар бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳои ахлоқӣ пайдо карда метавонад. Мафҳуми “хонандаи халлоқ” аз андешаи ҳунари халлоқ донистани хондан бармеояд.
Дар романи “Ишқи сархӯр” чеҳраҳои зиёде рух намоянд ҳам, аксари онҳо моҳиятан барои бандубасти воқеаҳо истифода шудаанд. Шахсиятҳои муҳиму меҳварӣ, асосан, ҷавононанд, ки ҳузури онҳо дар ҷараёни тасвир бар мабнои муҳокимаи рафтору андешаву амалашон равшан мешавад. Образҳои Исфандёр ё Сархӯр, Фахрӣ, Лутфия, Мӯнисаро нависанда махсус аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа интихоб накардааст. Балки бино бар тақозои ғаризаи фардӣ ва адами фаҳму дарки лозима дар мақтаи муайяни ҳаёт, ки давраи ҷавонист, онҳо вобаста ба вазъи хонаводагӣ ва муҳити тарбиятӣ бо феълу атвори гуногун муаррифӣ мешаванд. 
Муносибати холабачаҳо Фахрию Лутфия нависандаро водор карда, ки перомуни мушкили асосии матраҳ дар роман андеша кунад. Мушкилие, ки хосияти умумӣ дорад, дар замону маконҳои гуногун рӯй доданаш аз эҳтимол дур нест. Мавзеи Ҷари говкуш ё Мазори арусон аз фоҷиаҳои монанд дарак медиҳанд. Чеҳраи Мӯнисаи духтари вазир барои кушодани хислатҳои дуваҷҳа ва ноҷавонмардонаи Фахрӣ офарида шудааст. Симоҳои духтарон – Гулзира, Нигора, Гулнора, Гулрезу духтаронаш, падару модари ҷавонҳо, мӯйсафедон ва дигар мардуми деҳа, роҳгузарон, шоҳидон дар доираи муносибатҳо як навъ умумияте доранд, ки дар чеҳракушоӣ ва фазосозӣ ба ҳам меоянд.
Симои Сархӯр дар роман нақши меҳварӣ дорад. Махсусан, вақте ки симои модари Сархӯр – Санамро ба андеша мегирем, чеҳраи шахсияти марказии роман дар ростои мақулаҳои ҷовидонии меҳри фарзандӣ ва ризои модар боз ҳам барҷаста намудор мешавад. Баъд аз таваллуди Исфандёр дар фосилаи кӯтоҳе ҳам падар ва ҳам ду хоҳари дугоникаш мефавтанд. Аз ин боис, ҳама ӯро Сархӯр меноманд. Чун чашми замираш боз мешавад, танҳо модарро мебинаду бас, ки дар ҳолати пасти вазъи зиндагӣ қарор дошт. Бинобар ин, Сархӯр барои касби ризои модар “аз ҳеҷ роҳ, аз ҳеҷ хавфу хатар рӯ наметофт, ба обу оташ ҳам худро меафканд, аз ҷар паридан лозим ояд, мепарид. Дар ҳамин руҳия тарбият меёфт, рӯзу рӯзгори хонаро уҳда мекард...” (с.21). Модар ӯро дар ҳамин руҳия тарбият карда буд, то муҳтоҷи дари хонаи касе набошанд. Талошҳои Сархӯр дар ҳаёт, сарҷамъии хонавода, ҳамеша муваффақ шудан дар бархурдҳо маънии сарфи назар аз мақоми иҷтимоии шахс мавҷуд будани имконияти таъмини идомаи зиндагии бошарафона дар зиндагӣ мебошад.
Як хатти муҳтавоии дигаре, ки дар бофти ҳунарии романи “Ишқи сархӯр” танида мешавад, тасвири тақдири модари Сархӯр – Санам ва вазъи иҷтимоии хонаводаи ӯ мебошад. Муносибати холааш бо Санам пас аз марги модар ва Гулрези ҳамсояи падарӣ, ки аз батни иҷтимоъ сарчашма мегирад, бозгӯи тақдири духтари муштипари маҳрум аз волидайн, зани оҷиз ва гирифтори талоши зинда мондан дар масири ҳаёт аст. Дар тасвири симои Санам маълум мешавад, ки нависанда тақдири инсонро аз зовияҳои гуногун ба андеша мегирад.
Санам ба сабаби марги модар аз ӯ ҷудо шуда, аммо бозии тақдир тарзе гиреҳ хӯрда, ки аз падар ҳам зиндаятим ва гирифтор ба бадбинию ҷабри модарандар – Гулрез шудааст. Гулрезу духтаронаш Санамро рӯзи дафни падараш ҳам озор медиҳанд, духтарро ба ҷанозаи падар наздик шудан намемонанд. Муносибати Санаму Маҳрам ва пайванди онҳо ғайримуқаррарӣ сурат мегирад. Баъд аз марги шавҳари Санам ду фарзанди онҳо ҳам мефавтанд, танҳо Сархӯр мемонаду Санам. Ин ҳама бозии тақдир ва саргузашти Санам фарогири маъниҳоест, ки аз тариқи андешидан дар ростои ҳикмати ҳаёт қобили дарк аст.   
Дар маҷмуъ, теъдоди персонажҳо дар романи “Ишқи сархӯр” шаст адад буда, ҳамаи онҳо бо пиндор, тарзи гуфтор ва рафтор миёни ҳамдигар фарқ мекунанд. Персонажҳо сирф бофтаи тахайюли нависанда нестанд, ҳар кадом тимсоли худро дар зиндагии воқеӣ доранд. Аммо чунон коркарди бадеӣ шудаанд, ки нависанда зимни он ки дар зеҳни худ бо ҳамаи онҳо суҳбат мекунад, аз роҳи типикунонӣ ва ҷамъбасти бадеӣ шахсияти онҳоро дар бофти муҳтавоии асар андозагирӣ мекунад. Персонажҳои офаридаи нависанда бо он ки дар ҳаёти воқеӣ қобили ташхис ҳастанд, баъзан симои ҳақиқии хешро дар вақти хондани асар ҳам мешиносанд. Онҳо аксар бо диққат дар тарзи тафаккур ва шеваи сухан кардан мушаххас мешаванд. Аз рӯйи чунин вижагӣ ҳам аз ҷиҳате инояти нависанда ба сабки вуқуъ ва ҷанбаи қавии халқияти асар таъйид мешавад.  
Яке аз равишҳои хоси нигорандагӣ дар коргоҳи эҷодии Кароматуллоҳи Мирзо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба масъалаҳое мебошад, ки аз ҷониби ниҳодҳои масъули давлатӣ ҳамчун ниёзи ҷомеаи муосир ба миён гузошта шудаанд. Аз ҷумлаи чунин ниёзҳо ё эҳтиёҷот яке ҳамон никоҳи хешутаборӣ ва дигаре ҷодугарӣ, муроҷиат ба “фолбину муллоҳои илмгар” мебошад, ки ҳар ду зуҳуроти зарарнок оқибатҳои нохушеро ҳам дар пай доранд. Нависанда зимни тасвири симои шахсиятҳо, муносибати миёни хешу табор ба чунин масъалаҳо диққат медиҳад, ки дарки онҳо барои хонандаи огоҳ душвор нест.
Масъалаи дигаре, ки дар роман ба он таваҷҷуҳ шудааст, таносуби бофти иҷтимоии ҷомеа аз назари мақоми хонаводаҳо дар ҷамъият мебошад. Дӯст доштан аз рӯйи ҳавову ҳавас, ба назар нагирифтани мақоми иҷтимоии хонаводаҳо ҳангоми тасмими хонадоршавӣ аз ҷумлаи мушкилотест, ки боиси хонавайроншавӣ мегардад. Нависанда аз тариқи ба миён гузоштани чунин мушкилот ба аҳли ҷомеа ҳушдор медиҳад, то аз оқибати тасмимоти худ, ки ба тақдири насли инсон тааллуқ мегирад, биандешанд.
Дар романи “Ишқи сархӯр” нависанда мисли дигар романҳояш ба сабки вуқуъ такя кардааст. Аммо таносуби марзи тахайюл ва хотироти воқеии нависанда дар ин асар аз вижагии хосе далолат мекунад, ки аз тақозои масъалаҳои иҷтимоӣ бармеояд. Дар бофти сохтории асар лаҳзаҳои аҷиби ғайримунтазира, тавсифу сифатчиниҳо, баёни киноявӣ, истифода аз боварои мардумӣ ҷой доранд, ки ҷанбаи бадеӣ ва ҳаяҷоноварии тасвирро дучанд гардонидаанд. Сифатҳо ва хислатҳои ҳамидаи шахсияти асосии романро нависанда зина ба зина, ҳангоми тасвири чеҳраи инсонии вай дар хилоли воқеаҳо менамоёнад.
Ҳангоми мутолааи ин асар ва андешидан перомуни ҷузъиёт ҳақиқати мавҷудияти таноқуз дар ҷомеа ва андешаи машҳури “ҳама чиз гуфта шудааст, аммо ҳеч чиз ба дурустӣ фаҳмида нашудааст”, ба зеҳн менишинад. Ба дурустӣ дарк нашудани падидаҳо, аз назари усули ҷомеашинохтӣ, ба савияи маърифат ва масъулияти афрод дар баробари мушкилоти мавҷуд дар ҷомеа бастагӣ дорад. Аммо дар бофти сохтори муҳтавоии асари бадеӣ, тору пуди ҷузъиёти тасвир, ки дар саросари асар танида шуда, нависанда ба онҳо аз тариқи рамзу киноя ишора мекунад, ҳомили паёмҳои зимнӣ ҳастанд ва бояд ба дурустӣ фаҳмида шаванд.
Ҳамин тавр, масъалаҳое, ки дар романи “Ишқи сархӯр” матраҳ шудаву мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтаанд, аз назари ҷомеашинохтӣ хусусияти куллӣ дошта, зуҳури онҳо дар ҷомеа ҳамеша имконпазир аст. Масъалаи муҳиму арзишманд дар ин росто дарки моҳияти падидаҳо, фоҷиаҳои зиндагӣ ва ибрат гирифтан аз натиҷаи рухдоду ҳодисаи ногувор мебошад. 

Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ, профессори ДМТ

Санаи нашр: 07.02.2025 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив