ШОМИ ШАНБЕ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Владимир Маяковскийро аксарият мешиносанд; дастикам медонанд, ки ӯ яке аз классикони адабиёти советии рус, шоир ва драматурги саршиноси асри ХХ буд. Вале кам касоне огоҳанд, ки Владимир, бо вуҷуди хонандаи хуб буданаш, дар навишт дасти хеле кӯтоҳ дошт. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки аломатҳои ишоратӣ ё ба қавле нуқтаву вергули шеърҳои ӯро дӯсташ Осик Брик ҷо ба ҷо мекард.
Воқеан, Осик Брик яке аз назарияшиносони маъруф, мунаққиди сарсахт ва ҳамасри Маяковский буд.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
СИМОНА
Иродаи қавии духтараки бесаробон
Маҷаллаи Sports Illustrated (ИМА) Симона Байлзи 27-соларо беҳтарин варзишгари соли 2024 эълом дошт. Ӯ ҳафт маротиба чемпиони бозиҳои олимпӣ (гимнастика) буда, 23 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойи аввал гардидааст.
Саргузашти духтарак басо печида аст. Дар хурдсолияш модараш ба маҳбас меафтаду падараш бенишон гум мешавад. Вале ӯ бо матонат ва қавииродагӣ таҳти тарбияи бобояш ба варзиш рӯ оварда, дар ин ҷода муваффақ мегардад. Лоиқи зикр аст, ки ӯ танҳо дар олимпиадаи Париж се медали тилло ва як нуқра ба даст овардааст.
Тарҷумаи Комрон САФАР
БРЭД УИТНИ ВА КИТОБ-МУАММОИ Ӯ
Тарроҳи машҳури амрикоӣ Брэд Уитни китоби чӯбинеро бо номи «The Codex Silenda» («Кодекси муаммоҳо») сохтааст, ки аз панҷ саҳифаи сарбастаи муаммодор иборат мебошад. Боиси тазаккур аст, ки танҳо баъди пайдо намудани яке аз ин панҷ рақам метавон саҳифаи навро боз намуд. Уитни дар китоби ғайриодии худ оид ба дафтари кории Леонардо да Винчи ҳикоя мекунад. Хонанда лаҳзаи ворид шудан ба ин китоб бо 5 мушкилие рӯ ба рӯ меояд, ки ҳалли яке ба дигаре пайвастааст.
Барои кушодани саҳифаҳо шахсро мебояд, ки дониши баланди техникӣ дошта бошад. Истифодабарандагон пас аз кушодани панҷ саҳифаи китоби «The Codex Silenda» метавонанд барои худ маълумотҳои аҷиберо дарёфт намоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО
АЗ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ
Нисбат ба худ сахтгир будан, бешубҳа, худро аз ниятҳои бад эмин нигоҳ доштан аст.
Ман вақте ба ҳалқаи дигарон мепайвандам, ки он ҷо касе бошад, то аз ӯ чизе омӯхта тавонам.
Аз он ки мансаби баланд надорӣ, дар ташвиш мабош. Сари иҷрои масъулияти хеш андеша кун.
Фароҳамсоз Кароматулло АТО
ИНСОНГАРИСТ, КИ МЕМОНАД…
Киану Ривз аз чеҳраҳои тобноки олами синамост, ки бо зиндагии хоксоронаву инсонгарии баландаш вирди забонҳост. Дар асл, ӯ дар зиндагӣ ҷабри зиёд дидааст: духтараш дар батни модар мефавтад, ҳамсарашро дар садама аз даст медиҳад. Барои ӯ, ки аз сесолагӣ бепадар ба воя расиду шоҳиди азобҳои хоҳар аз бемории лейкоз (саратони хун) буд, бардошти ин зарбаҳои тақдир осон наафтод. Вале ӯ худро бо роҳи ёрӣ расондан ба дигарон тавонист ором созад.
Киану, ки яке аз ҳунармандони сердаромади Ҳолливуд аст, бештари маблағашро сарфи корҳои хайр мекунад. Аз ҷумла, 75 миллион доллари аз филми «Матритса» бадастовардаашро ба табобати беморони саратон сарф кардааст.
Бо вуҷуди шуҳрати оламгир, Киану зиндагии хоксоронаро ихтиёр кардаву дар хонаи муқаррарӣ ба сар мебарад; барои омадурафт метроро истифода менамояд; дар кӯчаҳои Ню-Йорк аксар вақт пиёда мегардад.
Тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
АПРЕЛ-2025
Аввалин ниммарафони ҷаҳонии одамон ва роботҳо
Моҳи апрели соли равон дар Пекин – пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин, аввалин ниммарафони ҷаҳонии инсонҳо ва роботҳо баргузор мешавад, ки дар он даҳҳо роботи одамшакл ва тақрибан 12 000 нафар хоҳишманд ширкат мекунанд.
Марафон аз ҷониби маъмурияти минтақаи технологии давлатии E-Town, ки дар ноҳияи Дасин ҷойгир мебошад, ташкил мешавад. Роботсозон аз тамоми ҷаҳон метавонанд дар он ширкат варзанд.
Дар пойга роботҳои қадашон аз ним то ду метр, ки қодир ба роҳ гаштан ё давидан ҳастанд, иштирок менамоянд. Аллакай, муҳандисони зиёда аз 20 ширкат барои иштирок муроҷиат кардаанд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
НӮШБОД
Суқроти бузург мефармояд: «Тавре зиндагӣ кунед, ки дӯстонатон душман нею душманонатон дӯст шаванд».
Ба фикрам, барои дарки он ки душманӣ ба мо нолозиму дӯстӣ хеле азиз аст, Суқрот будан шарт нест. Пас биёед барои дӯстӣ менӯшем!
Таҳияи К. АЗИЗ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЗАН ГИРЕД
Дар назди асабшинос:
– Духтурҷон, мехоҳам зиндагии абадӣ дошта бошам.
– Рафта зан гиред.
– Зан гирифта, ба мақсад мерасам?
– Не, аз фикратон мегардед.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
13 СОАТ
Тулонитарин бозии тенниси рӯи миз
Дар Шведсия рекорди нави ҷаҳонии тулонитарин бозии тенниси рӯи миз гузошта шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардид.
Қувваозмоии Эмил Олссон ва Фредрик Нилссон бетанаффус 13 соату 37 дақиқаю 6 сония идома ёфт.
Бояд гуфт, ки рекорди қаблӣ ба бозигарон аз Британияи Кабир тааллуқ дошт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
МАСЛИҲАТИ НУСРАТБАХШ
ё чӣ гуна филмсози доно гиреҳи як ноумедиро кушод?
Ҷавоне, ки дар зиндагӣ эҳсоси ноумедӣ домангираш буд, ба як коргардони синамо муроҷиат карду гуфт:
– Мехоҳам дар филме нақш офарам!
Коргардон пурсид:
– Чӣ нақшеро метавонӣ бозӣ кунӣ?
– Нақши одами бадбахту фалокатзадаро!
– Мутаассифам писар, ман дар филмам ба ҷавони хушбахт ниёз дорам. Агар бихоҳӣ, метавонӣ он нақшро бибозӣ. Танҳо як шарт: бояд як моҳ нақши одамҳои хушбахтро тамрин кунӣ!
Ҷавон розӣ шуд ва зарфи як моҳ нақши одамони хушбахтро тамрин кард. Мисли онҳо фикр ва рафтору амал мекард…
Баъди як моҳ ҷавон ба назди коргардон омаду гуфт: «Дигар барои бозигарӣ дар синамо алоқае надорам. Як моҳи тамрин кофӣ буд, то бидонам, ки рӯзгори ман худ филм аст ва мехоҳам аз ин пас нақши одамони хушбахтро дар зиндагии худам бозӣ кунам».
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР
ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
2. Обхезие, ки
боиси марги зиёди одамон шуд
Соҳилҳои рӯди Ҳуанҳе (дарёи Зард) дар Чин бо системаи бузурги сарбандҳо мустаҳкам карда шудааст, вагарна рахна шудани онҳо боиси обхезии азим мегардад. Бо сабаби он ки, дарё борҳо боиси фалокати одамон гардид, сокинони маҳаллӣ онро "Андуҳи Чин" меноманд.
Моҳи сентябри соли 1887 дар натиҷаи боронгариҳои шадид, 12949 километри мураббаъ заминҳои пастхами гирду атроф зери об монд. Гуфта мешавад, ки бар асари ин обхезӣ, тахминан, аз 900 000 то 2 миллион нафар ҷони худро аз даст дод.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИН
АРГОСИ ЮНОН
Аргос яке аз қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тавре гуфта мешавад, дар он ҳанӯз ҳафт ҳазор сол пеш одамон зиндагӣ мекарданд.
Ҳамзамон, Аргос, дар баробари Афина (Юнон), Фива (Юнон) ва Пловдив (Булғористон), шаҳри қадимаи Аврупо мебошад, ки дар он аз қадимулайём то ҳоло мардум ҳаёт ба сар мебаранд.
Дар асрҳои V – IV пеш аз милод дар Аргос ҳайкалсози машҳури вақт Поликлет бо шогирдони худ зиндагӣ мекард. Пайкараҳои офаридаи ӯ «Дорифор» ё «Диадумен» намунаҳои барҷастатарини санъати ҳайкалсозии олам шумурда мешаванд.
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ
ЛЕДИ ГАГА
Ҳамсинфонаш дар фейсбук як гурӯҳ бо номи Стефани Черманотта таъсис дода,"Шумо ҳеҷ гоҳ машҳур нахоҳед шуд", – гӯён ӯро масхара мекарданд.
Сарфи назар аз ин, ӯ шавқу рағбати худро ба санъати мусиқӣ, ки аз чорсолагӣ дошт, сайқал намуд. Номи ӯ Стефани Анҷелина Черманотта мебошад, ки бо тахаллуси саҳнавии Леди Гага дар ҷаҳон машҳур аст. Вай дар Ню-Йорк ба воя расида, ҳангоми омӯхтани фортепиано ба мусиқиву сурудхонӣ ҳавас пайдо кард. Давоми таҳсил Стефани омӯзиши мусиқиро идома дода, дар синни 17-солагӣ ба мактаби бонуфузи санъати Ню-Йорк дохил шуд. Мутаассифона, дар он ҷо низ шариконаш гуфтанд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар сарояндагӣ муваффақ нахоҳад шуд.
Бо вуҷуди ин, Стефани аз орзуяш даст накашид ва бо заҳмати шабонарӯзӣ дар ин ҷода комёб ва машҳури ҷаҳон гардид.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
20 СОАТ
Тулонитарин пайти шоҳмот
Тибқи иттилои сомонаи www.chess.com, тулонитарин пайти шоҳмот соли 1989 дар шаҳри Белград байни шоҳмотбозони Сербия Иван Николич ва Горан Арсович ба вуқуъ пайваст.
Тавре гуфта мешавад, он зиёда аз 20 соат давом карда, пас аз гашти 269-ум мусовӣ ба анҷом расид.
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
3 ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ
Рӯзе Луқмони Ҳаким ба фарзандаш мефармояд:
а)дар зиндагӣ беҳтарин ғизоро бихӯр; б) дар беҳтарин рахти хоби ҷаҳон бихоб; в) дар беҳтарин хонаҳо зиндагӣ бикун.
Писар гуфт:
– Мо фақирем, чӣ тавр ин корҳоро бикунам?
Луқмон чунин посух дод:
– Агар дертар ва камтар ғизо бихурӣ, таъми беҳтарин ғизои ҷаҳонро медиҳад. Агар бештар кор кунӣ ва дертар бихобӣ, ҳар ҷо, ки хуфтӣ беҳтарин хобгоҳи ҷаҳон аст. Ва агар бо мардум дӯстӣ бикунӣ, дар қалби онҳо ҷой мегирӣ, ки он беҳтарин хона аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДӮСТ
Бидон, эй дӯст, ин дунё лоиқи ранҷондани касе нест. Ҳеҷ вақт бо ғазаб сухане магӯ; ғазабат мегузарад, аммо сухани бадат як умр дар дилҳо боқӣ мемонад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ПУЛИ БАНПО
Яке аз иншооти зебо ва ғайриодии пойтахти Ҷумҳурии Корея – шаҳри Сеул, пули Банпо мебошад, ки онро “Пули рангинкамони моҳ” низ меноманд. Бояд гуфт, ки аз паҳлуи пул фаввораҳо ҷӯш мезананд ва дар шом чароғҳои рангорангаш ба рангинкамон шабоҳат доранд.
Пул дар болои дарёи Ҳан буда, ноҳияҳои Йонгсан ва Сеочои Сеулро ба ҳам мепайвандад. Бо дарозии 1140 метр он дарозтарин пули фавворадор дар дунё ба шумор меравад ва ба ин хотир, ба Китоби рекордҳои Гиннесс дохил шудааст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
БРАЙАН ТРЕЙСИ
ШАРТҲОИ ТАРБИЯИ КӮДАК
10. Бо ҳар дастовард (хоҳ бузургу хоҳ кӯчак)-и фарзандатон фахр карда, ӯро таҳсин гӯед.
11. Муваффақиятҳои кӯдакро доим қадр намоед. Аз қадр кардану шунидани таҳсин ҳам калонсолон, ҳам хурдсолон болидаруҳ мегарданд.
12. Доим ба фарзандатон гӯед, ки ӯро дӯст медоред. Изҳори дӯстдорӣ муносибат ва меҳру муҳаббати оилавиро қавитар мегардонад.
(Идома дорад)
Аз рӯси тарҷумаи Лола РИЗОӢ
СИЛВЕСТР СТАЛЛОНЕ
Бадтарин ҳунарманди асри ХХ
Силвестр Сталлоне аз муваффақтарин ҳунармандони Ҳолливуд ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳо, тамоми филмҳои ӯ дар намоишҳои ҷаҳонӣ, дар маҷмуъ, беш аз 7 миллиард доллари ИМА ҷамъ овардаанд.
Аммо, бо ин ҳама, маҳорати актёрии ӯро мунаққидони соҳаи кино чандон хуш надоранд. Тули фаъолияти бисёрсолааш ӯ 34 маротиба ба гирифтани ҷоизаи «Тамашки тиллоӣ» (баръакси Ҷоизаи «Оскар» барои натиҷаҳои бадтарин дода мешавад) пешниҳод шуда, 12 маротиба сазовори он мегардад. Аз ҷумла, Силвестр Сталлоне соли 2000-ум ҳамчун ҳунарманди бадтарини асри ХХ соҳиби ин мукофот гашт.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Футбол маъмултарин намуди варзиш ба шумор рафта, дар саросари ҷаҳон тақрибан 3,5 миллиард мухлис дорад.
*****
Футболбози лаҳистонӣ (нимҳимоятгар) Марчин Гаруч, ки қадаш 153 сантиметрро ташкил медиҳад, қадпасттарин футболбоз дар таърих дониста мешавад.
*****
Соли 1930 дар Ҷоми Шотландия бозии байни бошгоҳҳои «Инвернесс Каледониан Тисл» ва «Вейл аз Лейтен» бо ҳисоби 11:11 анҷом ёфт, ки серголтарин мусовӣ дар таърихи футбол мебошад.
*****
Куҳантарин бошгоҳи футболи ҷаҳон «Шеффилд»-и Англия мебошад, ки соли 1857 таъсис ёфтааст.
*****
Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро, ки аз 4,93 кг тиллои холис иборат мебошад, ду маротиба (солҳои 1966 ва 1983) дуздида буданд, вале ҳар дафъа онро баргардонданд.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
Санаи нашр: 07.02.2025 №: 30