ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн таъин намудани Каримӣ А.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2025, №960
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва
мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳерсогии Бузурги Люксембург
таъин намудани Ҳусейнзода М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳерсогии Бузурги Люксембург таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2025, №961