ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАХТА. ҲОСИЛНОКӢ КОҲИШ ЁФТ, ЧАРО?

ПАХТА. ҲОСИЛНОКӢ КОҲИШ ЁФТ, ЧАРО?

10 феврал 2025, Душанбе
34
0


Соли гузашта дар ҷумҳурӣ дар майдони 175 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, 254 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардид, ки қариб 74 фоизи соли 2023-ро ташкил медиҳад. Нисбат ба масъалаи коҳишёбии ҳосил Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат эродҳои ҷиддӣ гирифта, ба масъулон барои беҳтар кардани вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Воқеан, бо чӣ сабаб ҳосили дилхоҳ ба даст наомад? 

МАВСИМИ КИШТ КАШОЛ ЁФТ 
Ба таъкиди масъулон, яке аз омилҳои асосие, ки боиси коҳиши ҳосил гашт, боронҳои пайдарпайи баҳорӣ буд, ки то миёнаи моҳи май идома ёфт. Дар натиҷа, кишти пахта 65 рӯз тул кашид, ки, аслан, бояд дар давоми 10-15 рӯз ба итмом мерасид.  Мавсими пухта расидани зироат бошад, ба сардиҳои тирамоҳ рост омад, ки як қисми он дар майдонҳои пахтазор монд. Яъне, тағйирёбии иқлим ба кишти пахта таъсир расонду чинакчиён натавонистанд онро то охир ҷамъ оваранд. 
Омили дигар, риоя нагардидани агротехникаи парвариш аст. Тибқи иттилои дастрас, дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 177 ҳазорро ташкил медиҳад ва на ҳамаи онҳое, ки заминистифодабарандаанд, аз нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ хабар доранд. Яъне, мушкил нарасидани кадрҳост, ки риоя нагардидани агротехникаи парвариш боиси камҳосилӣ гардид. 

АГРОТЕХНИКАИ ПАРВАРИШ РИОЯ НАГАРДИД
Дар ин робита, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода гуфт, ки барои муайян кардани омилҳои камҳосилӣ мо бо пахтакорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрдем. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ тухмиҳои босифат пешниҳод шуда бошанд ҳам, технологияи парвариши зироат риоя нашудааст. Таври маълум, 2024 соли гармтарин дар таърих буд. 12-15-уми август ҳарорат дар қабати болоии замин ба +68, +690С расид. Дар ҳамин ҳолат, кишоварзон обро зиёд истифода бурданд, ки аз боло гармӣ, аз поён об, дар байн буғ пайдо шуда, ҳосил талаф ёфт. Ягонакуниро дуруст ба роҳ намонданд, ки майдони ғизогирӣ барои пайдо шудани ғӯза кам шуд. Ҳамчунин, қоидаҳо дар саракчинӣ низ риоя нагардиданд. 

ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ БА ДАСТ ОЯД? 
Тавре таҳлилгарон иброз медоранд, дар сурати дар як гектар аз 30 сентнер зиёд ҳосил додан, пахта зироати манфиатовар аст. Дар акси ҳол деҳқон зарар мебинад. Аммо соли гузашта, ҳатто, баъзе хоҷагиҳо 8-10 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Пас, чӣ бояд кард, ки ҳам пахтакорӣ ривоҷ ёбаду ҳам деҳқон фоидаи дилхоҳ ба даст орад? Барои ин, мутахассисон технологияи парвариши зериплёнкагӣ ва дуқатораро тавсия медиҳанд, ки бо ин васила аз майдони кам метавон ҳосили зиёд ба даст овард. Инро таҷрибаи чиниҳо собит сохтааст. Зеро дар як гектар пахтаи муқаррарӣ аз 95 000 то 100 000 бех ниҳол бошад, дар тарзи парвариши онҳо аз 220 000 то 250 000 ниҳол аст.  
– Дар ҳақиқат, кишти зери плёнка пахтаро аз таъсири обу ҳаво нигоҳ дошта, намнокиро таъмин менамояд, ки ба сабзиши саривақтӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷаи баланд шудани намнокӣ, заминро аз сафолакшавӣ нигоҳ медорад. Дар обёрии қатрагӣ бошад, об самаранок истифода мешавад. Рӯзҳои наздик 100 пиалка – кишткунандаҳои зериплёнкагӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, ки бо истифода аз онҳо парвариши пахтаро дар зери плёнка ба роҳ мемонем. Мо бояд пурра дигаргунӣ кунем, – гуфт Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ. 
Воқеан, чунин тарзи парвариш самари худро нишон додааст. Барои мисол, деҳқонони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Левакант соли гузашта, сарфи назар аз тағйирёбии иқлим, пахтаро зиёд истеҳсол намуданд. Зеро дар ин ноҳияҳо кишти пахта дар зери плёнка, бо обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.  

ЧОРААНДЕШИҲО БАРОИ БЕҲГАРДОНИИ ВАЗЪ
Аммо яке аз роҳҳои асосии таъмини фаровонҳосилӣ, дар баробари талаботҳои боло, ҳавасмандии деҳқон аст. Соли сипаришуда, мутаассифона, як қисми деҳқонон, ҳатто, хароҷоташонро пӯшонда натавонистанд ва нархи пахта низ хеле арзон шуд. Барои ислоҳи вазъ масъулон дар доираи имкониятҳо ният доранд дар минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, интихобан, барои пахтакорон дастгирии молиявӣ, субвенсияву субсидияҳо ва хариди давлатии пахтаро ба роҳ монанд. Яъне, худи давлат маҳсулотро мехарад, коркард карда, ба фурӯш мебарорад, ки ин ҳам дастгирии истеҳсолкунанда аст. 
Инчунин, шуруъ аз моҳи феврал дар шаҳру ноҳияҳо машваратҳои иқтисодӣ бо ҷалби олимону мутахассисон доир шуда истодаанд, то пахтакорон аз технологияи парвариш огоҳ гашта, бо истифода аз тамоми захираҳои техникию имкониятҳои мавҷуда, дар давоми 10-15 рӯз киштро гузаронанд. 
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаҳои кишоварзию саноатии мамлакат мебошад. Бартарии зироат дар он аст, ки аз парвариш то коркарди он бидуни партов аст. Аз пахта дар баробари нах, чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулотро мегиранд. Ҳоло ки ҷумҳурӣ дар раванди саноатикунонии босуръат қарор дорад, баланд бардоштани ҳосилнокии он амри зарурист. Зеро пахта аз маҳсулоти асосии корхонаҳои саноатӣ низ мебошад. 

Меҳрангез ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив