ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. ДАР ТАЪМИНИ ФАРДОИ ДУРАХШОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

ПАЁМ. ДАР ТАЪМИНИ ФАРДОИ ДУРАХШОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

10 феврал 2025, Душанбе
27
0


Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун дигар паёмҳои нусратбахшашон тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҷанбаҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мамлакатро фаро гирифта, дурнамои пешрафти минбаъдаи ҷомеаро муқаррар намуд. Агар ба ҳар нуктаи он бо нигоҳи таҳлил бингарем, дар ҳақиқат, Паёми Пешвои миллат барнома, раҳнамо ва қутбнамои фардои дурахшони ҷомеаи мо маҳсуб меёбад.
Дар қатори дастуру ҳидоятҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия низ як барномаи бузурге ба шумор меравад, ки заминаҳои маҳкамро барои расидан ба ҳадафи муҳими давлатдории муосир – бунёди ҳукумати электронӣ фароҳам меоварад. Татбиқи ҳадафҳои бузурги ин барнома дар соҳаи маориф низ судманд ва таъсиргузор хоҳад буд, зеро танҳо тавассути рушд бахшидан ба ихтироъкориву навоварӣ, на фақат соҳаи маориф, балки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба пешрафтҳои назаррас ноил мегарданд. Дар навбати худ, самараҳои фаъолияти навоварӣ метавонад бо таҳаққуқ дар низоми иқтисодиёти миллӣ барои расидан ба ҳадафҳои бузург омил гардад. 
Раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки имрӯз ба сифати яке аз марказҳои бонуфузи тайёр кардани мутахассисони ҷавон шинохта мешавад, дар истиқбол аз ин ташаббусҳо ва мавриди амал қарор додани чунин барномаҳои маърифатафрӯзи Пешвои миллат пайваста иқдом менамояд. Чунончи, баробари эълони расмии солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Донишгоҳ гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи ин ташаббуси созанда аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаҳои иқтисодиёт, технологияҳои итттилоотӣ, навоварону ихтироъкорон ва дигар масъулони самтҳои марбут ба он таъсис ёфта, нақшаи фаъолият ва барномаҳои дигари амалкард аз рӯи ҳадафҳои он таҳия ва ба мавқеи иҷро гузошта шуд.
Ин дар ҳолест, ки раёсати Донишгоҳ ҳамасола дар асоси ҳидоятномаҳои Пешвои миллат дар паёмҳо нақшаҳои махсуси фаъолиятро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои мушаххасро амалӣ месозад. Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки чанд сол пеш дар Донишгоҳ факултети нави муҳандисӣ – омӯзгорӣ (рӯзона ва фосилавӣ) дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва соли таҳсили 2023-2024 кафедраҳои филология ва методикаи таълими он, забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ ва 7 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаи бакалавр таъсис ёфт. 
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯёну магистрантон, устодону кормандон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар китобхонаи илмии Донишгоҳ 2 толори нави “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”-ро таъсис дод, ки ҳадаф аз ин ташаббус тавсеаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти ҷалби бештари ҷомеа ба китобхонӣ ва боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ мебошад. Натиҷаи чунин табдирҳои муҳим буд, ки ҷомеаи Донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 6 ҷойи намоён ва 7 ифтихорӣ, “Илм – фурӯғи маърифат” 4 ҷойи намоён, 3 ҷойи ифтихорӣ, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 ҷойи намоён, Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” 1 ҷойи ифтихорӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 3 ҷойи намоён ва 3 ифтихорӣ ва дар Озмуни ҷумҳуриявии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” 1 ҷойи намоёнро соҳиб гардиданд. 
Ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷрибаҳои таълимӣ дар Донишгоҳ ҳамасола вусъат мегиранд. Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Тошкент ба номи Низомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, донишгоҳҳои Лиадонг, Нафтии Чин, Донишгоҳи Вестлиберти Верҷинаи Ғарбии ИМА, Донишгоҳи металлургии Чин дар шаҳри Чингдао, Донишгоҳи омӯзгории Шанхай, Донишгоҳи омӯзгории Ҷиҷианг 28 нафар донишҷӯи Донишгоҳ дар доираи барномаи “Мубодилаи академии донишҷӯён” дар муҳлати аз 1 ҳафта то 1 сол сафарбар шуданд. Ҳамчунин, табодули академии устодон дар соли 2024 ба 17 нафар расонда шуд, ки нисбат ба солҳои пешин боло рафтааст. Даъвати чунин муассисаҳои бузурги таҳсилоти олӣ ва марокизи омӯзишии хориҷӣ аз устодони Донишгоҳ барои тадрис, пеш аз ҳама, аз эътирофи сатҳу сифати таълим дар ин боргоҳи маърифат ва дараҷаи баланди дониши омӯзгорони мо паём мерасонад.
Бо вуҷуди ин, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ вазифаҳои мушаххас ва барномаҳои бузургеро пешорӯи мо мегузоранд. Боварии комил дорам, ки устодону олимон, омӯзгорону тамоми кормандони Донишгоҳ дар роҳи ба амал пайвастани ҳар як дастуру нишондод, бавижа боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, равнақи навовариву ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ва дигар тадбирҳои муҳим саҳми арзандаи хешро мегузоранд. 

Аюб УСМОНЗОДА,
ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академик Б. Ғафуров", доктори илмҳои таърих, профессор

Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив