КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. АЗ ИМТИЁЗ ТО ФУРСАТИ РУШДУ КАМОЛОТИ ШАХСӢ
Таҳсил намудан, дониш андӯхтан ва маълумоти тахассусӣ гирифтан яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон аст, ки барои рушди шахсият, ҷомеа ва миллат нақши муҳим дорад. Ҳамаи қишрҳои ҷомеа, новобаста ба вазъи иқтисодӣ, ҷинс, маҳалли зист ё дигар омилҳо, бояд ҳуқуқи баробар барои таҳсил дошта бошанд. Занону духтарон низ дар баробари мардон ҳуқуқи таҳсил намуданро доранд. Таҳсили бонувон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошад, ки таваҷҷуҳи хосро талаб мекунад, зеро таҳсил барои бонувон на танҳо имконияте аст, ки барои рушди шахсият мусоидат менамояд, балки барои беҳбудии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа низ таъсир мерасонад. Мусаллам аст, ки занони таҳсилкарда метавонанд дар беҳбуди модиву маънавии оила низ саҳм гузоранд. Занони босавод дар тарбияи фарзандон ва корҳои оилавӣ саҳми бештар дошта метавонанд.
Бо назардошти ҳамин муҳимият, ҳанӯз соли 1997 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таъсис дода шавад. Қабули духтарон ба донишгоҳҳо дар доираи Квотаи президентӣ яке аз ташаббусҳои муҳими давлат барои таъмини баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии духтарони ҷавон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосии ин ташаббус таъмини дастрасии духтарон аз минтақаҳои дурдаст ва деҳот ба таҳсилоти олӣ мебошад.
Квотаи президентӣ на танҳо барои таъмини таҳсилоти олӣ, балки барои рушди шахсӣ ва касбии духтарон аҳамияти вижа дорад. Ин иқдом шароит фароҳам меорад, ки духтарон ба таҳсилоти олӣ дастрасӣ дошта бошанд ва сатҳи саводнокии бонувон дар минтақаҳои дурдаст афзоиш ёбад. Қисми зиёди духтароне, ки таҳсилро тавассути квотаи президенӣ анҷом додаанд, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият мекунанд.
Шоистаи зикр аст, дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), теъдоди Квотаи президентӣ барои соли таҳсили 2023-2024 дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол, квота барои духтарон дар Тоҷикистон на танҳо як ташаббуси давлатӣ, балки омили таъмин намудани баробарии гендерӣ ва рушди ҷомеа мебошад. Ин иқдом ба садҳо духтарон имкони нав мебахшад, ки дар рушди шахсӣ ва касбии худ муваффақ шаванд.
Дилафрӯзи Раҳмонбердӣ, сокини деҳаи Валиғунди Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, аз он хушҳол аст, ки соли 2024 ба гирифтани Квотаи президентӣ ноил гашта, айни ҳол донишҷӯи соли аввали факултети математикаи амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
– Мо дар оила шаш фарзандем, ки аз ин чор нафар духтар ҳастем. Бо Квотаи президентӣ таҳсил намудан, имкон медиҳад, ки орзуи деринаи худро амалӣ созам. Барои таҳсил тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, бо хобгоҳ таъмин ҳастем ва ҳар моҳ ба андозаи 450 сомонӣ стипендия мегирем. Ман аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои давлатӣ ҳамеша қадршиносӣ мекунам ва ин ки тибқи квота таҳсил мекунам сарфарозу сарбаландам, – мегӯяд Дилафрӯзи Раҳмонбердӣ.
Шаҳзода Саидзода, истиқоматкунандаи шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, ҳам аз он ки тариқи квота ба донишгоҳ дохил шуда, ҳоло дар курси якуми факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекунад, хушҳол аст.
– Орзу доштам, баъд аз хатми мактаб таҳсилро дар муассисаи олӣ идома бахшида, соҳибтахассус шавам. Инак, Квотаи президентӣ орзуямро ҷомаи амал пушонд. Акнун ҳадаф ин аст, ки бо истифода аз шароити хуби таҳсил бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда ҳамчун мутахассис ба Ватани хеш содиқона хидмат намоям, – иброз медорад Шаҳзода Саидзода.
– Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаввулотеро дар рӯзгори ҷавондухтарони кишвар ба миён овард. Ҳоло теъдоди онҳое, ки бо Квотаи президентӣ таҳсил ва соҳибтахассус гардиданд, хеле зиёд аст. Воқеан, духтароне, ки соҳибмаълумот мегарданд, дар оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзанд низ муваффақ мешаванд, – мегӯяд Заҳроҷон Ҳайдарова, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом.
Оминахон Анварова, табиби оилавии Маркази саломатии деҳаи Зарбеди шаҳри Конибодом, аз ҷумлаи мутахассисони ҷавоне аст, ки соли 2014 тавассути Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардида, соли 2020 баъди хатм ба деҳаи худ баргашт ва имрӯз дар хидмати мардум мебошад.
– Бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ҷавонони донишманду болаёқат имкони бештар барои таҳсил ва касбомӯзӣ пайдо кардаанд, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст. Ман ҳам чун ҷавони саодатманд аз ин имтиёз баҳра гирифтам ва имрӯз соҳибтахассус мебошам. Замони донишҷӯӣ бо стипендиа ва хобгоҳ таъмин будам ва дастгириҳои зиёдеро барои рушди шахсии хеш эҳсос мекардам. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо имрӯз содиқона ба халқу Ватанам хидмат менамоям, – изҳор дошт табиби ҷавон Оминахон Анварова.
Бедор намудани шавқи духтарон дар интихоби соҳаҳои илм, техника, технология ва математика низ шоистаи таъкид аст. Таҳсилоти босифат дар ин замина барои фароҳам овардани имкониятҳо ва рушди тафаккур нақши калидӣ мебозад. Пешбурди таҳсилоти фосилавӣ, ки ба духтарон аз минтақаҳои дурдаст имконияти дастрасӣ ба таҳсилоти босифатро бештар фароҳам меорад, айни муддаост, зеро бо истифода аз технологияҳои муосир, мисли омӯзиши онлайнӣ, метавон мувафвақияти бештарро дар таълими муосир таъмин кард.
Чунин имтиёзҳо дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонони деҳот бесобиқа буда, аз самараҳои истиқлолу озодии Ватан аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31