ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

10 феврал 2025, Душанбе
42
0
КӮЛОБ
Таъсиси 4 коргоҳу корхонаи нав дар соли 2024
– Дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб 439,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 77,4 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳудуди 124 дарсади нақшаро дар бар мегирад, – гуфт Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб, зимни нишасти хабарӣ. 
Мавсуф иттилоъ дод, ки  айни замон шумораи корхонаҳои саноатӣ  ба 76 расида, дар соли 2024-ум 4 корхонаю коргоҳ бо 40 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ кард. Ҳамзамон, дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии шаҳр ду чоҳи амудӣ баровардем. Ҳолати чоҳи амудие, ки аз он мардум истифода мебаранд, хуб аст. Кишоварзон низ маҳсулоти фаровон рӯёнданд, ки 1 миллиарду 197 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба  соли рафта 125 миллиону 826 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 
Суннати СОДИҚ
ДАНҒАРА
Саноат дар ҳоли рушд
Зуҳро Ҳакимзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, дар нишасти матбуотӣ, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта қисми даромади буҷет 104 дарсад иҷро гардида, 230,5 миллион сомонӣ ба хазинаи ноҳия ворид гардид. Ҳудуди 210  миллион сомонӣ ба соҳаи иҷтимоиёт равона гашт. Музди миёнаи меҳнат ба зиёда аз 1950 сомонӣ расид. Қарздорӣ аз музди меҳнат нест. 
З. Ҳакимзода гуфт, ки ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 2227 шаҳрванди бекор ҷиҳати дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуд. Дар 14 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 259 нафар соҳиби ҷойи кори муносиб шуд.1541 нафар тариқи роҳхат дар ташкилоту муассисаҳо ба кор ҷалб гардид. 
 Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 668 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расид, ки 108,8 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Дурнамои содироти маҳсулоти саноатӣ низ иҷро шуд, ки ба 351 миллиону 827 ҳазор сомонӣ баробар аст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ 714 тонна шуд. 
                     Суннати СОДИҚ
НОРАК 
То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 197 иншоот дар назар аст
– Соли 2024 қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 124 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 107,8 миллион сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 20,7 миллион сомонӣ бештар аст. Қисми хароҷоти буҷет 100 дарсад, яъне ба андозаи 100,1 миллион сомонӣ иҷро шуд, – гуфт Иброҳим Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак зимни нишасти хабарӣ. 
Мавсуф иброз намуд, ки заҳматкашони шаҳр соли гузашта дар майдони 1145 гектар ғалладона, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот, полизӣ ва хӯроки чорво кишт карда, ҳосили фаровон рӯёнданд. 
Саноатикунонӣ дар шаҳри Норак нисбат ба солҳои пешин рушд намуда, соли 2024 корхонаҳои саноатӣ 2 миллиарду 4 миллиону 206 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 119,4 миллион сомонӣ бештар аст. Аз ҷониби соҳибкорон 3 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 50 ҷойи кории нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Умуман, дар шаҳр 23 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, 1 корхона бо сабаби надоштани ашёи хом кор накард.
Иброҳим Мирзозода афзуд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёду навсозии 197 иншоот ба нақша гирифта шуда, то кунун 100 адади он мавриди истифода аст.
Суннати СОДИҚ 
ВОСЕЪ
Авлавият ба соҳаи маориф
Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 заҳматкашон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 225 миллиону 341 ҳазору 700 сомонӣ расонданд, ки 124 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки сол барои кормандони соҳаи маориф соли хуб буд, зеро таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои назаррасро соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 8 нафар ҷойи дуюм, 30 нафар ҷойи сеюм ва дар олимпиадаи байналмилалӣ 16 нафар ҷойи якум, 47 нафар ҷойи дуюм, 68 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 1 нафар соҳиби шоҳҷоиза, 1 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 5 нафар сазовори ҷойи 3-юм, дар Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" бошад, 1 нафар сазовори ҷойи 3-юм гаштанд. 
Суннати СОДИҚ
БА 57 МАМЛАКАТИ ХОРИҶӢ МАҲСУЛОТ СОДИРОТ ШУД
Ба маълумоти Баҳриддин Сироҷиддинзода,  директори Агентии содирот, соли рафта аз ҷумҳурӣ ба хориҷа ба маблағи 1 миллиарду 600 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА маҳсулот, бе назардошти металлҳои қиматбаҳо, содирот шуд, ки дар қиёс ба соли 2023-юм 292,6 миллион доллари ИМА бештар аст. 
Дар давраи ҳисоботӣ номгӯйи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам мамлакатҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот мешаванд, тамоюли рӯ ба афзоиш дошт. 
Чуноне ки иттилоъ гирифтем, аз ҷумҳурӣ ба 57 мамлакати хориҷӣ молу маҳсулот фурӯхта шуд. Соли рафта гардиши савдои хориҷӣ ба таври назаррас рушд ёфта, ба 8 миллиарду 955 миллион доллари ИМА расонда шуд, ки нисбат ба соли пеш  626,1 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо низ 284 миллион доллари ИМА зиёд гардида, ба 1 миллиарду 543,5 миллион доллар расид. Инчунин, ба маблағи 56,7 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки аз нақша зиёд аст. 
Агентии содирот бо хоҷагидорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ватанӣ бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти тару тоза ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваи хушк пайваста кор мебарад. Дар натиҷа содироти хушкмева соли гузашта нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 2,2 миллион доллари ИМА ё 7,3 дарсад афзуд. 
Кароматулло АТО
30 патенти  олимони  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 
– Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришуда 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин, 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст оварданд, – зимни нишасти матбуотӣ чунин иброз намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода.
Мавсуф зикр намуд, ки беш аз 15 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот манзур шудааст. Ҳамчунин, беш аз 25 фармоиши вазорату идораҳои гуногун дар шакли хулосаи ташхис ва мониторинг иҷро гардид. 
- Олимони Академия таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Боиси зикр аст, ки дар ин давра 13 санад оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба имзо расонда шуда, 15 лоиҳаи санади  дигар дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, - гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Гулнисои САЪДОНШО
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ 
14 донишҷӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» соҳиби ҷойи намоён гардид
- Соли 2024-ум 23 нафар донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок намуда, дар даври ҷамъбастӣ  14 нафар зинаҳои намоёнро сазовор гардид. 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 3 нафар ҷойи якум, 6 нафар ҷойи дуюм ва 4 нафар ҷойи сеюмро  гирифтанд, – иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Миралӣ Достизода, ректори Консерватория.
Ҳамчунин, зикр намуд, ки дар Консерватория баргузории консертҳои синфӣ яке аз самти асосии раванди таълим ба ҳисоб рафта, дар арафаи Ҷашни 33-солагии  Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 35 нафар  омӯзгор консертҳои худро бо иштироки васеи тамошобинон баргузор намуд. Боиси ёдоварист, ки соли 2024 омӯзгорону донишҷӯёни Консерватория ба хориҷи ҷумҳурӣ 12 сафари ҳунариву эҷодӣ намуданд. Аз ҷумла,  онҳо дар Озмуни байналмилалии арғунуннавозон ба номи А. Ф. Гедике дар  шаҳри Москваи Федератсияи Русия,  дар 14-умин онлайн-озмуни байналмилалии мусиқии «CA Grazioso», ки дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гашт, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд. 
 Гулнисои САЪДОНШО
Ҳамкории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ
- Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва беш аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузарондани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷойи кор  ҳамкорӣ дорад, - зикр кард зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, ректори Донишкада. 
Танҳо соли 2024 Донишкада бо Донишгоҳи давлатии Иванови Федератсияи Русия, Донишгоҳи миллии тадқиқотии давлатии муҳандисии сохтмонии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи Григори Сковорода дар Переяслави Украина ва  Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. 7-уми июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанги ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ расман кушода гардид, ки дар он намоиши китобҳо ва 13 асари миниатюрии Донишкада  ба намоиш гузошта шуд. 
Гулнисои САЪДОНШО
ДДФСТ
Ҳафт ихтисоси нав ташкил шуд
 
Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дастовардҳои донишҷӯён дар соли 2024 муаррифӣ шуданд. Тибқи иттилои ректор Муҳриддин Низомӣ, соли гузашта дар Озмуни илмию зеҳнии “Маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон” бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон филми донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи филми бадеӣ Раҳматзода Шоҳрух – “Нигоҳи гарм” ва донишҷӯи курси дуюми шуъбаи маҳорати актёрӣ Тоҳирҷон Кенҷаев дар намоиши «Муҳаббати кӯдакона» сазовори ҷойи аввал гардиданд. 
Донишҷӯи курси 3-юм М. Кароматзода дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи «Эҷоди назму наср» ҷойи сеюмро ишғол намуд. Донишҷӯи соли дуюм А. Баракаев дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндаи анъанавӣ ба зинаи сеюм баромад.
Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби бештари довталабон ба таҳсил корҳои тарғиботӣ густариш ёфта, ҳафт ихтисоси нав ташкил шуд. 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив