ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮДАКОН.  АЗ ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ ТО ТАҲКИМИ  ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ 

КӮДАКОН.  АЗ ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ ТО ТАҲКИМИ  ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ 

12 феврал 2025, Чоршанбе
22
0


Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаи таҳкими фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва таълими томактабӣ аз ҷумлаи мавзуъҳои калидие буд, ки Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат дар қатори дигар самтҳои асосӣ рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дар руҳияи худшиносӣ ба камол расондани насли наврасро афзал шумурда, чунин таъкид карданд: “То вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Албатта, ин ҳушдори Пешвои миллат дар шароити муосир аҳли ҷомеаро уҳдадор менамояд, ки бояд, пеш аз ҳама, ҳуқуқ ба таҳсили кӯдакону наврасонро таъмин намуда, аз вуқуи ҳодисаҳои нангине, ки бар асари бесаводию тангназарӣ ба амал меоянд, пешгирӣ намоем. 
Қобили зикри хос аст, ки дар замони истиқлоли давлатӣ бо назардошти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва нақши муҳим доштани таҳсилоти томактабӣ барои рушди кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонда шудаанд. Нахуст, дар Конститутсия ҳуқуқи шахс ба таҳсил муайян ва таълими умумии асосӣ ҳатмӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат додааст. Мафҳуми “таълими томактабӣ” дар Конститутсия махсусан қайд нашуда бошад ҳам, муқаррар гардидааст, ки шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад, ки зери он таълими томактабӣ низ фаҳмида мешавад.
Дар маҷмуъ, қонунгузорӣ таъсиси 13 намуд муассисаи таълимии томактабиро пешбинӣ мекунад, ки ширхоргоҳ (барои кӯдакони то 3-сола), ширхоргоҳ-кӯдакистон (барои кӯдакони аз 1 солу шашмоҳа то 7-сола), кӯдакистон (барои кӯдакони аз 3 то 7-сола), кӯдакистон-мактаби ибтидоӣ (барои кӯдакони аз 3 то 10-сола), хонаи кӯдакон (барои кӯдакони аз 2-моҳа то 7-сола) ва маркази инкишофи кӯдакон (барои кӯдакони аз 3 то 7-сола) аз ҷумлаи муҳимтаринҳо мебошанд.
Афзоиши пайвастаи демографӣ боиси зиёдшавии шумораи кӯдакон гардида, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола то соли 2030 ба 1 миллиону 137 ҳазор мерасад, ки нисбат ба соли 2024-ум 100 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд аз 12 дарсад то 40 дарсад зиёд шуда, дар шаҳр ва деҳот мутаносибан 70 ва 30 фоизро ташкил диҳад.
Дар ин робита Пешвои миллат зимни ироаи Паём супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши шумораи кӯдакон ва тақвияти амалисозии самараноки барномаҳои давлатӣ дар самти маориф тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъмин карда шавад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар ин муҳлат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.
Пӯшида нест, ки ҳоло дар самти фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ як қатор мушкилот, аз ҷумла оид ба фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ, фароҳам овардани шароити имтиёзнок, ҷудо кардани қитъаҳои замин ва молу мулк бо тартиби соддакардашуда, тибқи қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, таъсис додани шуроҳои машваратӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо мавҷуданд, ки бо амалисозии самараноки барномаву стратегияҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бояд ҳал карда шаванд.
Дар робита ба аҳамияти таълиму тарбия, аз ҷумла таҳкими ин раванд дар муассисаҳои томактабӣ Пешвои миллат чунин ҳушдор доданд: “Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”. Аз ин матлаб метавон хулоса кард, замоне расидааст, ки мо бояд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи  Пешвои муаззами миллат вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ саъю талош намуда, кӯдакони худро дар руҳияи ватандӯстӣ ва донишу ҳунаромӯзӣ тарбия кунем.
Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, ба инобат гирифтани пешниҳодҳои зерин ҷиҳати рушди соҳаи таҳсилоти мактабӣ ва таълиму тарбияи дурусти кӯдакон аз аҳамият холӣ нахоҳад буд:
– такмили қонунгузорӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ;
– бо назардошти муҳайё гардидани шароит ва имконияти муносиб ҳатмӣ намудани таҳсилоти томактабӣ;
– дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии иқдомҳо ҷиҳати таъсиси муассисаҳои томактабӣ;
– бартараф кардани монеаҳо ва фароҳам овардани шароит барои иштироки бахши хусусӣ дар сохта ба истифода додан ва таъмиру тармими муассисаҳои томактабӣ;
– таҳкими заминаҳои моддӣ ва техникии муассисаҳои томактабӣ;
– омода намудани мутахассисони соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва такмили пайвастаи донишу малакаи онҳо дар самти кор бо кӯдакон;
– баланд бардоштани маърифати волидайн, дигар намояндагони қонунии кӯдак ва ҳавасмандии онҳо ҷиҳати ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон.

Суҳайлӣ ҚОДИРӢ, 
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии 
ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти 
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Санаи нашр: 11.02.2025 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив