ҲАЁТИ СОЛИМ. ҚАБУЛИ СОЗИШНОМАЕ, КИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД
Вакилони Маҷлиси намояндагон 12 апрел дар ҷаласаи навбатӣ Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории силро, ки 20 майи соли 2021 ба имзо расида буд, ба тасвиб расонданд.
– Вусъат ёфтани равандҳои глобалӣ, аз ҷумла муҳоҷират дар ҷаҳон, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, таъсири худро расонда истодааст. Мутаассифона, дар ҳолатҳои гуногуни муҳоҷират, махсусан муҳоҷирати меҳнатӣ ҳодисаҳои бақайдгирии бемориҳои сироятӣ дар ҷойи будубоши муваққатӣ, аз ҷумла бемории сил, ки асосан, бемории хусусияти иҷтимоидошта аст, ба чашм мерасад, – иброз дошт Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни муаррифии Созишнома.
Ба гуфтаи ӯ, ин санад барои давом ва вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмин намудани мувофиқатии тадбирҳои давлатӣ зидди эпидемиологӣ ва санитарию гигиенӣ барои ҳифзи санитарии минтақаҳои давлатҳои тарафҳо мусоидат намуда, дастрасии шаҳрвандони кишварҳоро ба хизматрасонии тиббию санитарӣ фароҳам хоҳад овард.
Тибқи Созишнома, ҷонибҳо имкони ҳамкориро дар пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятӣ байни ду кишвар, ки ба аҳолии давлатҳо хатари калон дорад ва барои рафъи ин мушкилии тандурустии ҷамъиятӣ чораҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд. Ин иқдом барои таҳкими дурнамои соҳаи иҷтимоии аҳолии кишвар аз лиҳози иқтисодию молиявӣ манфиатовар ҳисобида мешавад.
– Имрӯз пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил, барои нигоҳ доштани саломатии ҷомеа аҳамияти хеле муҳимро касб менамояд. Қазоқистон яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар раванди ҷаҳонишавӣ қабули Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза ба бемории сил дар доираи талаботи мавҷуда саривақтӣ азрёбӣ мешавад, – гуфт Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагон.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)